Бахшҳо
16 фев 2015 19:00Ҳуқуқи инсон

CHARlie hebdO

Ҷасур АБДУЛЛОЕВ

Тундгароии дунявӣ – сари ин масъала ҳам бояд андешид!

Куштори 10 журналист-карикатурист ва 2 корманди полис дар Париж тамоми ҷаҳонро ба ларза овард. Чанд ҷинояткори алҷазоиртабори фаронсавӣ ба идораи ҳафтаномаи ҳаҷвии Charlie Hebdo, ки аслан бо нашри карикатура (расмҳои масхараомез) машғул буд, бо силоҳ ворид шуда, сармуҳаррир ва боз 9 корманди дигари ин ҳафтаномаро ба қатл расониданд. Аз тири ин ҷинояткорон чандин нафари дигар захмӣ шудаанд. Президенти Фаронса Франсуа Олланд ба ҷойи воқеа рафт ва аз рафти тафтишот огоҳ шуд. Фармон дод, ки дар кишвар вазъи шадиди назоратӣ ҷорӣ карда, кофтукоби ҷинояткорон тезонида шавад. Ҳоло мақомоти амниятии Фаронса ба по хеставу ҷинояткоронро мекобад ва гуфта мешавад, ки як нафари онҳо таслим шудааст.
Воқеан амали ноҷавонмардона ва даҳшатнок аст. Махсусан, замоне, ки ҳама аз муколамаву таҳаммулгароӣ сухан мегӯянд, куштори рӯзноманигорон аз ваҳшоният чизе беш нест.

Расонаҳои тамоми ҷаҳон аз ин воқеа мегӯянд ва ҳама болои як калима ишора мекунанд: Ислом!
Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки гӯё ҷинояткорон ин ваҳшониятро ба хотири ситонидани қасди пайғомбари Ислом, ки дар ин ҳафтанома мавриди танз қарор гирифта буд, содир кардаву ҳангоми аз бино хориҷ шудан «Оллоҳу Акбар» мегуфтанд. Бовар дорам, Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) агар зинда мебуд, ин амалро ҳатман маҳкум мекард. Ӯ ба ҳимояи касе мӯҳтоҷ набуду нест ва махсусан, агар ин амал бар ивази куштори касе бошад. Дар замони зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) чи касоне буданд, ки Ӯро таҳқир мекарданд, аммо Ӯ ҳеҷ гоҳ касеро барои ин кор ҳатто сухани бад нагуфта буд, куҷо расад ба куштор. Аз ҳар зовия ба ин воқеаи нангин нигарӣ, наметавон ин амали ҷинояткоронро сафед кард. Аз ду сар онҳо кори нодурустеро анҷом доданд, ки боиси таассуф аст, албатта. Аммо…

Ин воқеа чанд масъалаи дигарро пешорӯи ҳар нафар мегузорад, ки наметавон ба он таваҷҷӯҳ накард. Муҳамтарини он ифротагроии дунявӣ!
Дуруст аст, ки Фаронса кишвари озоду демократӣ аст ва дар ин давлати афсонаҳо озодии сухан таъмин аст. Ҳар касе ҳар масоилеро мехоҳад, баррасӣ мекунад ва ҳар тавре мехоҳад андешаашро баён менамояд. Касе барои баёни андеша нафареро, махсусан журналистонро ҳатто сухани баланд намегӯяд. Ин сутуданист, албатта, аммо наметавон гуфт, ки амали то имрӯз анҷомдодаи кормандони ҳафтаномаи Charlie Hebdo низ дуруст ва ҳирфаӣ аст. Онҳо аз тундгароии динӣ (Ба пиндори онҳо танҳо мусалмонон тундгаро мешаванд. –Ҷ.А.) сухан ронда, худ амалеро анҷом доданд (Ва на як бор! –Ҷ.А.), ки барои ҳар мусалмон таҳқир ба ҳисоб меравад. Ҳазрати Муҳаммад (с) барои ҳар мусалмон (на тундгарову экстримист! –Ҷ.А.) шахси азиз аст, чун пайғомбараш аст ва таҳқири Ӯро таҳқири худ мешуморад. Тавре, ки барои насрониҳо ҳазрати Исо (а) ва барои яҳудиҳо ҳазрати Мӯсо (а)… азизанд.

Инро ҳар нафаре, ки дар мактаб дарс хондааст, медонад. Барои ин нафари фавқуллода донишманд будан шарт нест. Бовар надорам, ки инро ҳамкасбони шаҳиди фаронсавии ман намедонистанд. Ҳатман ки медонистанд ва бар хилофи одоби касбӣ, ки фикр мекунам дар Фаронса ҳам ҳаст, матолиби таҳқиромез дар ҳаққи пайғомбари Ислом нашр карданд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ як расонаи кишварҳои мусалмонтабор дар ҳаққи пайғомбарони ин ҳамкасбонамон сухани баде намегуфт ва намегӯяд. Таҳқир ва танзро ҳоло канор мегузорем. Мусалмонон пайғомбарони дигар динҳоро ҳам эҳтиром мекунанд, аммо табиист, ки вақте чунин ҷавобро бозпас намегиранд, худро таҳқиршуда меҳисобанд. Инро магар дар Фаронса ва умуман Аврупо намедонанд? Албатта, ки медонанд! Аммо чаро ба муқаддасоти мусалмонон эҳтиром қоил намешаванд ва пайғомбари ӯро таҳқир мекунанд? Магар ин ҳам тундгароӣ нест? Тундгароии дунявӣ.

Озодии сухан на таҳқиру масхара, балки эҳтирому муколама аст!
На фақат дар Аврупо, дар кишвари худамон ҳам ин мушкил ҳаст. Чанде пештар, гурӯҳе, ки фикр мекунам аз бист нафар зиёд нестанд, дар мавриди арзишҳои Ислом суханҳои таҳқиромез гуфтаву ҳастии Худоро зери шубҳа бурданд. Дар кишваре, ки 99 дарсади он мусалмон аст ва ба Худову фиристодаи Ӯ бовар дорад. Онҳо хуб медонанд, ки бо ин суханҳои худ ба вокуниши шадид дучор мешаванд, аммо мегӯянд. Агар ба Худо ва ҳастии Ӯ бовар надоранд, ин кори онҳо. Дар Тоҷикистон то имрӯз касе барои ба Худо бовар накардан ва ё намоз нахондан ҷазо дода нашудааст. Аммо бояд фикр кунанд, ки ин ҷомеа ҳассосиятҳои худро дорад, чун исломӣ аст ва Худову пайғомбари Ӯ барояш муқаддас аст. Вақте ба ҷомеае, ки 99 дарсади он мусалмон аст, «Худо нест» мегӯӣ, чӣ гуна вокунишро интизор шудан мумкин аст? Ва ё мегӯи намози ҷумъа наравед. Он 99 дарсад барои ин чанд нафар «ташаккур» гӯянду ҳайкалашон гузоранд? Аз ҷавонҳое, ки ҳоло дар мавриди таҳаммулгароӣ, созиш ва озодии баён огоҳӣ надоранд, андеша бояд кард, ки он ҷавон ҳеҷ гоҳ ин арзишҳои ҷомеаи дунявиро ба хотир намеоранд, вақте Худову пайғомбари худро таҳқиршуда меҳисобанд. Магар ин тундгароии дунявӣ нест? Магар ин таҳрики мусалмонон ба вукуниш нест? Вокунише, ки касе намедонад бо чӣ меанҷомад.

Баргардем ба Аврупо. Бештари гурӯҳҳои тундгарои динӣ (Мутаассифона, ҳамаи ин гурӯҳҳо худро мансуби дини пок ва мубини Ислом муаррифӣ мекунанд, ки комилан хатост! –Ҷ.А.) дар кишварҳои Аврупо роҳбар доранд, ҷонибдор доранд ва озодона фаъолият мекунанд. Дар ҳоле, ки ин гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва тундгаро дар кишварҳои мусалмоннишин таъқиб мешаванд ва фаъолияти онҳо мамнӯъ аст. Салафия ҳам дар Аврупову Ансуруллоҳ ҳам, ҲИӮ ҳам он ҷову Таблиғ ҳам… Бештари онҳо зери чатри «паноҳандаи сиёсӣ» дар Аврупо мустақар шудаву Исломро аврупоиён бештар аз амалу рафтори онҳо мешиносанд. Табиист, ҳар амале, ки ин гурӯҳҳо анҷом медиҳанд, аврупоиён фикр мекунанд ин асли Ислом аст. Бовар дорам, агар як таҳқиқоти воқеӣ анҷом дода шавад, маълум мешавад, ки ҳеҷ як мусалмони воқеӣ интиҳорӣ набудаву ҷомеро натарконидааст ва касеро накуштаву гаравгон нагирифтааст. Он ҳама ҷинояткорон, ки аз номи Ислом сухан меронанду ҷиноят содир мекунанд, парвардаҳои худи фарангиён аст. Пас Исломи ноб чӣ гуноҳ дорад?
Дар Афғонистон як ҷангии НАТО 17 узви як оиларо бе гуноҳ (Онҳо касеро масхара накарда буданд. –Ҷ.А.) ва дар хонаи худаш, бераҳмона кушт, мусалмонон даъво накарданд, ки фарангиён ҳама террористу тундгаро ҳастанд, чун хуб медонанд, ки «оила бе зиштрӯ намешавад». Ҳамин тавр, агар як нафар «Оллоҳу Акбар» гуфта, ҷиноят содир кард, ӯ ҷинояткоре беш нест ва дар симои ӯ набояд ҳама мусалмононро тундгаро пиндошт.
Ва аммо, Худованд рӯҳи он ҳама кушташудагонро шод гардонад ва гуноҳҳшонро биомурзад. Омин!

P.S.: Вақте ин матлаб омода мешуд, хабар расид: Дар Фаронса гумонбарони куштори рӯзноманигорон кушта шуданд. Ҳақ ба ҳақдор расид. Аммо мушкил ҳамоно боқист ва ба назар мерасад, ки таниш акнун оғоз меёбад. Бояд пеши роҳи онро гирифт!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)