Боздошти мудир дар саҳни бемористони руҳии ҷумҳуриявӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Нуралӣ Саидов хабар дод, ки аз моҳи феврали соли 2014 то ҳол вазифаи мудири шӯъбаи 3-юми Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳиро ба уҳда доштааст.
Манбаъ мегӯяд, Саидов аз шаҳрванд Акрамов Р.Э., барои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бемории руҳии як хешаш - Маҳмудов Шарифҷон 800 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст: “Ин санад барои таъини нафақаи маъюбӣ ба Маҳмудов Шарифҷон лозим будааст”.
Оҷонсии зидди фасод таъкид мекунад, ки Саидов 19-уми январ зимни гирифтани 800 доллар пора дар саҳни ҳавлии беморхона дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми порагирӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |