Бахшҳо
02 янв 2015 18:31Ҳуқуқи инсон

Сари сахти Бибигул

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Субҳи содиқ. Ҳанӯз моҳу ситора ҳокими осмон. Шуълаҳои офтоб ба чашм намехӯранд. Бибигул бо эҳтиёт аз ҷойхоб боло шуд, то фарзандонаш бедор нашаванд ва ақаллан соатаке дигар роҳат бихобанд.


Пироҳани кориашро пӯшид, ҷорӯби калони рӯбандагиро ба даст гирифта, ба шаҳр рафт. Ҳамроҳи занҳои ҳамкораш кӯчаю хиёбонҳоро тамиз кард, об зад. Аммо аз хона хавотир буд. Зеро фарзандонаш дар хоби ноз буданду танҳо. Зуд корҳояшро ба субут расонду сӯйи хона шитофт.

Дилаш тинҷ шуд: фарзандон набудани ӯро ҳис накардаанд, ҳанӯз хобанд. Кӯрпаи кушодашударо болои онҳо дубора пӯшид, то гарм бихобанд. Ба ошхона рафта, чой монд. То ҷӯшидани он ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба рӯбучин машғул шуд. Аз ҳоли гову гӯсола дидан кард. Барои наҳории фарзандонаш шир дӯшид. Ба мурғҳо дон дод. Вориди замини наздиҳавлигӣ шуда, ба гулу дарахтон ва кабудии киштааш об дод.

Намози бомдодро адо кард. Дасти дуо бардошта, аз Худо хост, ки шавҳари муҳоҷирашро дар паноҳаш нигоҳ дораду дар таълиму тарбияи фарзандон барояш роҳнамо бошад.

…Чой ҷӯшид. Аммо фарзандонаш ҳанӯз хоб буданд. Худаш танҳо ғизо нахӯрд. Бо оби ҷӯшомада хамир кард. Азбаски фурсат кам буд, аз нӯги хамир фатир пухт, то фарзандонаш пеш аз мактаб рафтан нони гарм хӯранд.

Соат ба 7 наздик мешуд. Ҳар яке аз чаҳор фарзанди мактабхонашро бо навозиш бедор кард. Аҳмад, Умар, Усмон, Ҳафиза яке паси дигар хеста, пас аз дастурӯшӯӣ ба сари дастурхон ҳозир шуданд. Модар нони гарму шир овард. Фарзандонашро насиҳат кард, ки дар мактаб беодобӣ накунанд. Нағз хонанд, намуна бошанд, то ки ӯ ва падарашон ифтихор кунанд. «Падаратон барои хуб таҳсил кардани шумо, барои беҳбудии вазъи оилаамон ба мардикорӣ рафтааст, бояд заҳматашро қадр кунем», - гуфт Бибигул ба фарзандонаш.

Мӯйи сари онҳоро шона зад, пироҳанашонро дод, то пӯшанд. Фарзандонро ба мактаб гусел карду аз пайи корҳои хона шуд. Ҷойгаҳи хоби онҳоро ғундошт, дастурхонро ҷамъ овард, хонаро рӯфт, фаршу тирезаҳоро шуст.

Хамираш расид. Дид, ки ҳезумаш кам. Захираи тапак ҳам кофӣ нест. Ба саҳро рафта, хасу ҳезумпора ҷамъ кард. Омада, дар танӯр нон пухт.

Соат 10 шуд. Боз ҳам либоси кориашро пӯшида, ба шаҳр рафт. Ниҳолҳо ва гули сайронгоҳҳоро нарм кард, ба танаи дарахтон оҳак пошид. Соат ба 13 расид. Хона омад. Усмону Ҳафиза аллакай дар хона буданд. Барояшон ғизо таҳия кард. Намози пешин хонд. Аҳмаду Умар ҳам аз мактаб баргаштанд. Умар гуфт, ки имрӯз маҷлиси волидон мешудаасту модараш бояд бегоҳ ба мактаб равад. «Боз барои ягон чорабинӣ маблағ мепурсидагистанд», - аз дил гузаронд Бибигул. Ин ҳам дар ҳолест, ки вай маошашро барои харидани дафтару қалам, мактабпулӣ, харидани ем барои чорво ва қанду собуну дигар заруратҳои хона сарф кардааст.

Бибигул бо ёрии духтараш дастурхонро ҷамъ овард. Бо оби хунук ҷомашӯӣ кард, чун барқ набуд, ки об гарм кунад. Ҳезум ҳам кам. Дилаш нашуд. Фикр кард, ки бо ҳезум шом бояд барои кӯдакон таом пухта кунад.

Соат ба 4-и бегоҳ наздик шуд. Либос иваз карду бо зани ҳамсоя, ки фарзандонашон ҳамсинфанд, ба мактаб ба маҷлис рафт. Дар маҷлис директори мактаб аз волидон танқид кард, ки дар таълиму тарбияи фарзандон саҳлангорӣ мекунанд. Фалон талаба ба ҳарфи омӯзгор гӯш намедиҳад, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок намекунад. Ва аз волидон даъват шуд, ки барои таъмири бинои мактаб кӯмаки молиявӣ расонанд. Бибигул ҳарчанд шод буд, ки омӯзгорон аз тарбия ва таълими фарзандонаш изҳори қаноатмандӣ намуданд, аммо аз он хиҷил шуд, ки оё маблағи заруриро дастрас карда метавонад ё хайр. Ҳамсараш ҳам чанд моҳ боз пул фиристода наметавонад. Кордиҳандаи рус дар пардохти маоши вай таъхир мекардааст...

Хона омад, аз ҳоли чорво хабар гирифт. Дегу табақро барои таҳияи ғизо омода кард. Фарзандонаш кайҳо боз аз модар самбӯсаи гӯштӣ мехоҳанд, аммо Бибигул пеши виҷдон азоб мекашанд, ки таоми дилхоҳи фарзандонро пухта наметавонад. «Ба наздикӣ зодрӯзи духтараш аст, то он замон шояд маошашро диҳанд. Ба ҳамон баҳона гӯшт харида, самбӯса мепазад», - фикр кард Бибигул.

Вақти намози шом мастоба пухта шуд. Дастурхон орост, ба фарзандон ғизо дод. Бо ҳам тановул карданд. Бибигул ва духтараш дегу табақ шустанд, писарон ба дарс омода мешуданд. Бибигул фарзандонро зиёд ба кори хона банд намекард, то хуб таҳсил кунанд. «Ақаллан онҳо хонда, босавод шаванд. Ҷойи кори хуб пайдо кунанд, мисли падараш ночор ба муҳоҷирати меҳнатӣ нараванд ё мисли мани бемаълумот кӯчарӯбӣ накунанд», - гуфт ӯ.

Намози хуфтанро хонду дуо кард, ки ҳамсару фарзандонаш то рӯзи дигар солиму баофият бирасанд. Азбаски қариб як моҳ боз шавҳараш аз Русия ба вай занг назада буд, хавотир буд. Дилаш сиёҳ буд. Аммо ба фарзандон арзи дил намекард, ки онҳо ҳам зиқ нашаванд.

…Барқ хомӯш шуд. Чароғро фурӯзон карду ҷойгаҳи фарзандонро партофт. Карбосро ба даст гирифта, ба бофтани ҷӯроб идома дод. Аллакай ду ҷуфти ҷӯроби гармро барои писаронаш дӯхта буд. «Сеюму чорумашро ҳам бофта шавам, баъд хоб меравам», - ба худ гуфт Бибигул. Вай мехост, ки субҳи рӯзи дигар ҳама фарзандонаш бо ҷӯроби гарми бофтааш дар пой ба мактаб бираванд.

Нохост садои телефон баланд шуд. Ба соаташ нигарист: 1-и шаб. Хавотир шуд. «Рақамаш дароз, шояд аз Русия бошад?», - аз дил гузаронд. Телефонро бардошт.

- Ҳа, занак, чӣ ҳол дорӣ?
- Хубам, саломат, - овози деринтизори ҳамсарашро шунида, шод шуд Бибигул, - чаро ин қадар вақт бедарак будед, хавотир шудам, ба худ ҷой намеёфтам…
- Э, моне, хай мо-ку одамои серкор, вақт кам, кору борамон бисёр.
- Мефаҳмам, вале хавотир будам...
- Ин қадар, ки мо даркорат будем, ме..-рдӣ, ки як бор занг занӣ? – сарзаниш кард мард.
- О ман рақами телефонатонро намедонистам...
- Рӯзи дароз дар хона бекор шишта, маишат дорӣ, кай парвои мо дорӣ?! Ман агар даркор мебудам, кофта, меёфтӣ. Маро, ки дур дидӣ, аз худ рафтаӣ! Шумо, занакҳо, одат кардед дар бекорӣ! Дар хона мешинед, ҳеҷ коре намекунед, фоидаатон намерасад ба хона...

Пеши чашмони мард ин лаҳзаҳо тамоми кору масъулияти хонадорӣ, пушти шонаҳояш кашондани бори гарони рӯзгор, тарбияву парастории фарзандон, ки Бибигул ин ҳамаро дар танҳоӣ анҷом медиҳад, нонамоён буд...
Садои телефон хомӯш шуд.

Дар чашмони хастаи Бибигул, ки муштоқи шунидани овози ҳамсараш буду ба лутфу як ҳарфи хушу меҳрубонии лафзии ӯ умед дошт, ашк ҳалқа зад...
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)