Бахшҳо

Раҳматилло Зойиров: Байни ҲСДТ ва ҲНИТ ҳам рақобат вуҷуд дорад

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Атохон Ғаниев бо раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров.


Озодагон: Лутфан, ба таври мухтасар дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизбатон маълумот бидиҳед.

Раҳматилло Зойиров: “Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон як барномаи бисёр васеъ дорад. Азбаски он ҳаҷман хеле калон аст (тақрибан 300 саҳифа), мо ба интихобкунандаҳо танҳо як платформаи пешазинтихоботӣ пешниҳод кардем, ки аз 5 қисм иборат аст. Якум, шиори ҲСДТ -- “Хирад, адолат, тараққиёт ба ҳар хонадони Тоҷикистон” мебошад. Дуюм, моҳияти ин платформа, аз нав барқарор кардан ва устувор кардани сиёсати қонунгузорӣ дар Тоҷикистон аст. Мо чиро дар назар дорем? Аввалан, имрӯз сиёсати қонунгузорӣ дар ихтиёри парлумон нест. Зеро барои ташаббуси қонунгузорӣ, ки яке аз қисмҳои сиёсати қонунгузорӣ мебошад, ихтиёри бисёр вакилон маҳдуд шудааст. Вакилон наметавонанд дар бисёр самтҳо, ҳатто лоиҳае пешниҳод кунанд. Мисол, паст кардани андозбандӣ ё буҷаи давлатӣ ё ки авфи умумӣ ва ғайра. Дуюм, бояд дар кадом соҳаҳо самти сиёсати қонунгузориро муайян кунем, инашро ҳам парлумон муайян намекунад. Ин дар асоси паёми Президент меравад. Лекин ин ҷо боз як масъалаи дигар ҳаст. Қонунгузорӣ фақат аз қабул кардани қонунҳо иборат нест. Агар парлумон бевосита назорат аз болои қабули қонунҳо бурда натавонад, он аллакай парлумон ҳам нест.

Бояд парлумон соҳиби қонунгузорӣ бошад ва дар асоси моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими баробарии шохаҳои ҳокимият, бояд ин дар амал ҷорӣ шавад.
Қисми сеюми барномаи мо, авлавиятҳои мост, ки аз чор омил иборат аст:
- демократияи иҷтимоӣ, яъне моҳияти иҷтимоӣ доштани давлат;
- ҳокимияти халқ ё мардумсолорӣ, ки ин характери демократӣ доштани давлатро нишон медиҳад;
- устуворӣ ё волоияти қонуни ҳуқуқӣ ё қонуни адолатпеша мегӯем. Қонун, ки адолатпеша набошад ё ҳуқуқӣ набошад, дар асоси вай таҷовуз ё корҳои дигар ҳам сурат гирифтанаш мумкин. Аз ин рӯ, қонуни адолатпеша нишона ё моҳияти давлати ҳуқуқбунёд аст.
- баробарии ҳама шаҳрвандон дар назди қонун ва суд, ки шоҳсутуни адолати иҷтимоӣ аст. Вақте шаҳрвандон дар назди қонун ва суд баробар нестанд, ҳеч вақт дар ин ҷомеа адолати иҷтимоӣ ба вуҷуд намеояд.
Ин чор авлавияте ки агар дар фаъолияти парламент ҷорӣ карда нашавад, сиёсати қонунгузориро бурдан худаш ғайриимкон аст. Ва ҳамин чизро бояд таъкид кунам, ки барои сиёсати қонунгузориро ба миён овардан, бояд аксари курсии парлумон ба як ҳизб таллуқ дошта бошад. Парламент дар асоси рақобат амал карданаш лозим аст ва бояд якчанд фраксияҳо бошад. Танҳо дар ин ҳолат як муҳити озоду толерантӣ ва таҳаммулпазирӣ амал карданаш мумкин.

Ва ду чизи асосии дигар, ки дар платформаи мо омадааст, ин самтҳои асосии устувор кардани сиёсати қонунгузорӣ. Агар сиёсати қонунгузорӣ, қабули қонунҳо дар асоси асоснок шудани худи ҳуқуқҳо ба миён наояд, самтҳои устувории онро таъмин кардан ғайриимкон аст. Ва ниҳоят қисми панҷуми платформаи пешазинтихоботии мо таъиноти иҷтимоии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Кадом вазифаҳоро ҲСДТ дар назди худ гузоштааст ва барои чӣ ба ҲСДТ дар ин ҳолат овоз додан даркор, ки бе ин ҳизб амалӣ гаштани ин авлавиятҳои Платформа, моҳияти низоми сиёсати қонунугузорӣ амалӣ гаштанаш мушкил аст? Бисёр таъриф карданӣ нестам, лекин ҲСДТ-ро, ки ҳизби ҳуқушиносҳо мегӯянд, агар аз мо якчанд нафар дар парламент бошад, ин бурди парламент аст. Худи ҳамин низоми сиёсати қонунгузориро фикр мекунам, ки бе иштироки мутахассисони ҲСДТ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба амал баровардан хеле душвор аст”.

Озодагон: Дар интихоботи соли 2010 пирӯзӣ ба даст наовардани ҲСДТ-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Раҳматилло Зойиров: Сабабаш бисёр оддӣ аст ва он аллакай инъикоси худро ёфтааст. Якум, ба ҳукумати Тоҷикистон мақбул набуд, ки раиси ҳизб дар рӯйхат аввал бошад ё овоза мекарданд, ки ин одами Тоҷикистон нест ва дар бораи Раҳматилло Зойиров гапҳо зиёд буданд. Аз ин рӯ ҲСДТ-ро нагузаронданашон ин мисоли оддӣ буд. Ҳамин чизро гуфтанам даркор аст, ки дар ҲСДТ шахси аз ҳама номақбул ин раиси ҳизб шудааст. Барои ҳамин ман як сол пеш эълон кардам, ки баъди интихоботи 2015 раисиро месупорам. Ғайр аз ин, агар аҳамият дода бошед, дар рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ номи раисони онҳо дар рақами аввал меравад, ман рақами охирон - 13-ум ҳастам.

Ҳозир барои ҲСДТ як давраи тақдирсоз аст. Ман ҳам дар анҷуман ва ҳам дар Шӯрои сиёсӣ барои бачаҳои худ гуфтам, ки “Капитан киштиро аз ҳама охир тарк мекунад”, агар ягон кас даъво надошта бошад, ман дар рӯйхат аз ҳама охир меистам. Лекин мо рӯйхатро дар асоси алифбо тартиб додем ва як навъ рақобат ташкил кардем, ки касе аз ҳавзаҳо бештар ба ҳизб овоз оварда тавонад, вай рақами аввал ва дар ҳолате ки ҳизб ба парламент гузарад, дигарҳо ариза навишта ба вай имконият медиҳанд, ки вакили Маҷлиси намояндагон шавад.

Дуюм сабабаш он аст, ки ҳизби мо дар соҳаи ҳуқуқӣ бисёр компромис нашаванда аст, яъне ба компромис намеравад. Лекин ман дар якчанд баромадҳои худам ҳамин чизро гуфтам, ки дар ҳақиқат дар соҳаи сиёсат ба муросо рафтанам мумкин аст, лекин мумкин бадбахтии ман ҳамин бошад, ки ҳуқушинос ҳастам. Ман дар соҳаи қонун, ҳуқуқи инсон муросо карда наметавонам, барои он ки агар як бор барои риоя накардани ҳуқуқ ё ин ки қонуншиканӣ муросо мерафта бошам, аллакай ҳуқуқшинос Зойиров барҳам мехӯрад. Ба ман бисёр пешниҳодҳо ҳам буд, ман ин пешниҳодҳоро оид ба муросо кардан қабул надоштам. Аҷоибаш ҳамин ки овозҳое ки ба мо дар соли 2005 доданд, аз овозҳои соли 2010 зиёдтар буд. Соли 2010, вақте мо муаррифӣ шудем ва чандин солҳо амал карда таҷриба ҳосил кардем, ба мо 0,8 % доданд, ки тааҷубовар буд”.

Озодагон: Гоҳе мешунавем, ки ҲСДТ-ро танҳо ба Шумо нисбат медиҳанд ва онро ҳизби Раҳматилло Зойиров мегӯянд. Мехостам, андешаҳои Шуморо дар мавзӯъ бидонам.

Раҳматилло Зойиров: “Албатта дар ҲСДТ шахсиятҳо зиёд ҳастанд. Лекин ҲСДТ дар минтақаҳои Тоҷикистон нобаробар аст. Якчанд минтақаҳо ҳастанд, ки аъзоёни мо зиёданд. Мисол танҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 900 аъзо дорем. Лекин дар се ноҳияҳои дигари шаҳр аллакай аз ин 8-9 баробар кам аъзо дорем. Шояд ин аз он вобаста бошад, ки ман дар ноҳияи Сино истиқомат мекунаму қароргоҳи ҳизб дар онҷо аст. Аслан, ҲСДТ-ро ҳизби се минтақа мегӯянд: шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва Бадахшон. Лекин дар бораи он ки мегӯянд, ҲСДТ ҳизби як одам - Раҳматтилло Зойиров аст, ин ҷо як сабаб ҳаст. Сабаб он ки дар ҲСДТ, аз ҷиҳати молиявӣ пурқувваттараш бевосита ман худам ҳастам. Аз як тараф мо ҳаракат намекардем, ки соҳибкорон ба мо ҷалб шаванд, аз дигар тараф ба ҳамин чиз ҳам имконият набуд. Барои он ки агар ягон соҳибкор аъзои ҲСДТ шавад, банкрот мешуд ва агар корманди давлатӣ аъзо шавад, аз кор сабукдӯш мегардид. Аз дигар тараф, хурсандам, ки аъзои ҲСДТ дар назди қонун дар амал тоза ҳастанд. Лекин камбудии онҳо дар он аст, ки маблағ надоранд. Ҳарчанд иродаи аъзоёни мо бисёр қавӣ аст, аммо бо сабаби ҷои кор наёфтан маҷбуранд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ҳатто беш аз панҷоҳ фоизи роҳбарони созмонҳои маҳаллии ҳизб дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Азбаски барои интихоботҳо ва баргузории анҷуманҳо маблағгузориро бевосита раиси ҳизб мекунад (на аз рӯи буҷети ҳизб), аз ин рӯ овозаҳое пайдо мешавад, ки ин ҳизби Раҳматилло Зойиров аст”.

Озодагон: Дар ВАО оид ба фишору монеасозиҳо нисбати баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ маводҳо ба табъ мерасанд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Оё нисбати ҳизби худ чунин фишорро эҳсос мекунед?

Раҳматилло Зойиров: “Ман пеш аз интихобот якчанд бор бо шикоятҳои хаттӣ муроҷиат кардам, аз ҷумла ба САҲА, ба дигар созмонҳо, ба Кумитаи амният, ба Вазорати корҳои дохилӣ, ба Прокуратураи генералӣ мактубҳо фиристодам. Дар давоми ду соли охир, бевосита манфиату ҳуқуқҳои фаъолони ҳизб зиёда аз 100 маротиба вайрон карда шуд. Танҳо дар моҳи январи ҳамин сол нисбати мо 10- 12 маротиба қонуншиканӣ карданд. Баъди барои бақайдгирӣ пешниҳод кардани рӯйхати аъзоёни мо ҳар гуна фишорҳои конфединсиалӣ бевосита ба худи онҳо ё ба воситаи хешу табори онҳо мушоҳида мешуд”.

Озодагон: Агар интихобот воқеан шаффоф гузарад, ҳизби Шумо ба чанд курсии вакилӣ дар парлумон умед мебандад?

Раҳматилло Зойиров: “Ҷонибдорони ҲСДТ дар ҷомеа аз 15 % кам нестанд. Агар дар ҳақиқат интихоботи озод мешуд, мо то 15 дарсад раъйи мардумро гирифта метавонистем, бе чуну чаро”.

Озодагон: Кадом ҳизбро дар интихобот рақиби асосии худ ҳисоб мекунед?

Раҳматилло Зойиров: “Дар Тоҷикистон рақобати байниҳизбӣ нест. Ҳамаи ҳизбҳоро ба се қисм ҷудо кардан даркор: Ҳизби халқӣ-демократӣ якҷоя бо дастгоҳи давлатӣ дар алоҳидагӣ. Ду ҳизби мухолиф ҳозир муаррифӣ карда мешавад - ин ҲСДТ ва ҲНИТ. Панҷ ҳизби дигар, ҳизбҳое ки дар мобайн мондаанд ва дар асоси созиш амал мекунанд. Ҳамин хел суханҳое ҳам пайдо мешавад, ки касе ки бо ҳукумат созиш намекунад, вай рақиби ҲХДТ ҳисоб мешавад. Аммо ҳис мекунам, ки байни Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам имрӯз рақобат вуҷуд дорад. Мумкин ин аз он сабаб бошад, ки баъди соли 2013 ман эълон кардам, дигар бо ҳизбҳои сиёсӣ эътилоф намекунем ва рӯй ба ҷомеаи шаҳрвандӣ меорем”.

Озодагон: Дар сурати мағлубият дар интихобот роҳбарияти ҳизб чӣ чора хоҳад андешид?

Раҳматилло Зойиров: “Мо дар Шӯрои сиёсӣ ин масъаларо чанд бор баррасӣ кардем ва ба хулоса омадем, ки ҳадафи иштироки мо дар интихоботи соли 2015 фақат курсӣ гирифтан ё ин ки фоиз гирифтан нест. Дар ин интихобот мо бояд ҳизби худро муаррифӣ кунем. Азбаски дар соли 2010 ман аз ҳавзаи якмандатӣ номзад пешниҳод шуда будам, натавонистем дуруст ҳизбро муаррифӣ кунем. Шахсияте дар он давра пайдо нашуд, ки ҳизбро муаррифӣ кунад. Барои ҳамин дар ин интихобот ман номзадии худро ба ҳавзаи якмандатӣ пешниҳод накардам. Дар ҳақиқат потенсиали ҲСДТ хеле калон аст. Мо чанд фоизе ки нагирем, худро дар ин интихобот мағлуб ҳисоб намекунем. Мағлубият дар ин интихобот барои мо вуҷуд надорад. Лекин, агар ҲСДТ дар ин маврид ҳам овоз нагирад, ман чанд маротиба таъкид кардам, ҲСДТ ҳизби сулҳ аст, лекин ҳизби қонуният ҳам ҳаст. Мо дар чорчӯбаи қонун амал мекунем. Ва оид ба ин масъалаҳо бештар аз 100 ҳуқуқшиносро тайёр кардем, ки дар вақти овоздиҳӣ, дар вақти қонуншиканӣ далелҳоро пешниҳод карда, ба ягон чорабинии ҷиддӣ мо бояд омода бошем, на ба он мазмун, ки мо ягон шӯриш мебардорем ё ки митинг мекунем. Лекин дар доираи қонун дигар намуди эътирозро ворид кардан даркор ва акнун вақташ омадааст, ки мо масъалаи интихоботро бевосита дар миқёси байналмиллалӣ баррасӣ кунем”.

Озодагон: Орзуи Шумо ба рақибони сиёсии худ?

Раҳматилло Зойиров: “Орзу мекунам, соҳиби ҳамон фарҳанги сиёсӣ шавем, ки бо рақобати солим ҳар як маъракаи сиёсиро бурда тавонем. Аввалан, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бе бахилӣ кор кунанд, дуюмаш аз ҳукумат хоҳишам ҳамин, ки ҳеч набошад барои аз нигоҳи баробарӣ кор кардан, камтар бошад ҳам омода бошад”.
Мӯҳр
Ман имруз дар мобайни шахри Душанбе сайр доштам ва дар хеч кучо
варакахои таблиготии дигар хизбхоро гайр аз хизби хоким надидам!

МАН НИЗ ВАРАКАХОИ ТАБЛИГОТИИ ХСДТ ВА Е ХНИТ НАДИДАМ, АФСУС КИ БА ИНХО ПОФИШОРИ МЕКУНАНД. БА ФИКРИ МАН БЕХТАРИНАШ ХСДТ МЕБОШАД МАН БО ОИЛААМ БА ИНХО ОВОЗ ХОХЕМ ДОД.

чаноби Зойиров. Инихобот чи хеле ки нагузарад аз 0.01 фоиз овоз бештар намегиред. ин хам фоизи овозхои ононе ки хонда наметавонанд ва иштибохатан ба хизби шумо овоз медиханд. хизби шумо дар сахнаи сиёсии точикистон мисли як туби футболие аст ки як лагад зани аз сахна баромада меравад. бехтар аст ба ягон кори барои худ муфидтар банд шавед ва магзи сари мардумро торик накунед.

Зоиров бисёр сиёсатмадори хуб ва хукукдон мебошад. Аз сухбататон маълум. Мехостам дар Точикистон хаминхел сиёсатшиносони равшанфикр зиёд шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)