Бахшҳо
26 фев 2015 12:48Тоҷикистон / Сиёсат

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми феврал як гуруҳ кадрҳои пешниҳодшуда ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъин ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам Назрулло, муовинони прокурори генералӣ Осимзода Муҳаммад Иброҳим ва Ваҳобов Валӣ Манонович, Муовин - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Манбаъ афзуд, инчунин Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якум Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия, таъин карда шуд: “Ҳамчунин барои таъин ба вазифаи Раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа номзадии Лангариев Файзалӣ Салмонович пешниҳод гардид”. Генерал Файзалӣ Лангариев аз хонаводаи маъруфи Лангариевҳо мебошад, ки дар солҳои даргирии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ҷабҳаи Фронти халқӣ меҷангиданд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки ин тағйирот дар асоси эродҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд, сурат гирифтанд: “Роҳбарони аксари воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия аз вазифа озод гардида, ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибкасб таъин гардиданд. Тағйироти кадрӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ин соҳаҳо идома дорад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи кормандони мақомоти Прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд: “Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул пешниҳодшуда, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои мазкур ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд”.


(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб

(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб
Мӯҳр
Бехтаринхоро интихоб кард Рохбари Давлат,софдилона ба ватан хизмат мекунанд ИншоАллох.

ба озодаГОН! бас аст фронти халки гуфтан, кариб хама фаромуш карданд...

ое инхо медонанд, ки "софдилона" ва "содикона" чи маъни дорад?

медгородок,
то аз дар баромадан,

Ояндаи нек
Саломат боши Чаноб Наими шахси арзанда мебошад фарзанди декон аст

Саломат боши Чаноби Оли Наими шахси арзанда мебошад

хисори аз хисор
Ман аз интихоби кадрхо рози хастам, лекин мехостам кадрхои чавону бо лаёкатро низ дар макомоти прокуратура аз мади назар дур нагиранд на инки барои мехнатхои софдилонаашон чавобгар кунанд.

Ман як сокини нохияи Хисор аз тахин гардидани прокурори нав дар нохия, аз сарвари давлат сипоснузорем ва мехохем дар ин нохия мисли кормандони пештара содикона ба халку давлат хизмат намоянд

ман хамаатонро бо гирифтани ин курсихо табрик мегуям хохони онам,ки бо дили соф кор кунед Чаноби Оли фикри хамаатонро мекунад мисол бинед Наими,ки софдилона кор мекард баъди як сол як курси боло рафт марди софдилу коргар бошед.

сино
хисори аз хисор,

Хандонди

аро кодири косима кай ай вазифа мегирен?

рустам
Кадрхои фронти халки ба пеш ба суи галабахои нав

Атестатсия мекунан кучоида як камбагалай мегиран у тага дорош мемонан. Якбор ку атестатсия кунан ки ягонта бачаи дехкон дар Пракратура ё Агенти кор мекунанд.

ataliksho
Наимиш ки бошад ин кадар таъриф карден аз осмон омадаги бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)