Бахшҳо

"Бренд" ва охирин “шонс”-и Муҳиддин Кабирӣ

Бархе коршиносон роҳ ёфтани ҲНИТ-ро ба парлумон охирин “шонс”-и ин ҳизб барои боқӣ мондан дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон тавҷеҳ мекунанд.


Ҳоло Муҳиддин Кабирӣ чандон ба ин назар бовар надорад ва ин ҳадафро охирин шонс намеҳисобад ва сахт муътақид аст, ҳизби наҳзат ба парлумон роҳ меёбад. Гуруҳи дигар бар ин боваранд, сабри Муҳиддин Кабирӣ, ки ба “бренд”-и ин ҳизб табдил шуд, барномаҳои антинаҳзатиро хунсо кард ва дар муқобили ин ҳама “фитна” ҷойгоҳи ҲНИТ ҳифз шуд. Бо ин далел, ин гуруҳ мегӯяд, хатари баста шудани ин ҳизб чандон ҷиддӣ ба назар намерасад. Аммо барои ин ки чаро андешаҳо сари эҳтимоли баста шудани ҲНИТ мечархад, бояд ба селаи фишорҳое ишора кард, ки чанде пеш домангири наҳзат буд.

Гуфтанист, то интихоботи парлумонӣ муҳлат кам мондааст ва корзори таблиғотӣ низ чанд рӯз ба баъд поён меёбад. Дар ин муддате, ки аҳзоб даст ба таблиғоти сиёсӣ заданд, аз ҳама беш фишор болои ҲНИТ ва суолҳои иғвоангез низ беш аз ҳама ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб дода шуд. Фаротар аз ин дар Исфара ва Ашт мухолифатҳои ошкортар дар қиболи Муҳиддин Кабирӣ “роҳ” андохта шуд.

Оқои Кабирӣ, ба таъкиди коршиносон, бо он сиёсати сабраш тавонист аз ин мавҷи иғво раҳо шавад ва ба суолҳо низ посухе диҳад, ки “на сих сузаду на кабоб”. Аммо ин муқаддимаи фишорҳоест, ки аз қабл, ҳатто аз соли 2010 ба ин сӯ болои ҲНИТ таҳмил шуда буд. Ҳатто ин мавҷ, ки яқинан ҳадафаш руфтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аст, шахсиятҳо ва рушанфикрони ҷомеаро низ ба худ печонида аст ва онон талош мекунанд “зарар” ва “фалокат”-и ҳизби Кабириро ба ҷомеа бинамоянд. Мисоли рушан изҳори назари Бозор Собир, ки гуфта буд, ин ҳизб баста шавад ва охираш номаи Зафар Мирзоён, ки раҳбарони наҳзатро дар дохили нохунак “қобилон”-и ҲНИТ таъбир карда, аз фаъолияти ин ҳизб нигаронӣ ҳам карда буд. Зоҳиран, ин далелҳо гувоҳ бар ин аст, ки як мавҷ, села ва ё ҳарчизе биномем, сари коранд то ҳукуматро мутақоид созанд, аз баҳри як тарафи сулҳ, он ҳам ҲНИТ бигзарад.

Барои Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар ин замон тасмим гирифтан ва дар ин моваро дуруст қадам ниҳодан сахт душвор аст. Зеро, ба таъкиди коршиносон агар дар ин ҳангом аз сиёсати сабр кор гирифта нашавад, як “тавтеа” метавонад ба фаъолияти сиёсии ин ҷараён нуқта гузорад. Ва ба назар мерасад, пирӯзии ҲНИТ дар интихобот, яъне ба маънои гирифтани як ё ду курсӣ - на ба маънои пирӯзии мутлақ, охирин шонси ӯ хоҳад буд. Муҳиддин Кабирӣ агарчи ба ин нуқта ба унвони охирин шонс нигоҳ намекунад, вале роҳ ёфтани ҲНИТ ба парлумон дар натиҷа бурди ин ҳизб хоҳад буд. Ин гумонзаниҳо дар мавриди баста шудани ҲНИТ фақат бо ин масъала тамом намешавад. Ҳоло андешае низ пайдо шудааст, ки агар ин бор ҲНИТ ба парлумон роҳ наёбад, эҳтимолан тағйироти бузург дар садорати он ба амал хоҳад пайваст. Онҳое ки ин эҳтимолро ба унвони пешфарзи баъди интихоботӣ ба миён меоваранд, мегӯянд, агар ҲНИТ пирӯз нашавад, Муҳиддин Кабирӣ аз раисии ҳизб канор меравад. Номзадҳое ҳам ном бурда мешаванд, ки эҳтимолан ҷои ӯро бигиранд. Аммо ин ҳадси яқин нест ва дар дораи коршиносони наздик ба ҳукумат афроде хушбинанд, ки ин ҳизб ба парлумон роҳ меёбад. Ҳатто ин гуруҳ басташавии ҳизби мазкурро хилофи Қонуни асосӣ таъбир мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС аз касоне аст, ки вуҷуди ин ҳизбро натиҷаи сулҳи ду тараф меҳисобад. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтааст, “мувофиқи Қонуни асосӣ ҳеч касе наметавонад баста шудани ин ҳизбро пешниҳод кунад ва сахт талаб кунад. Қонуни асосии мо иҷозат додааст, қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ иҷозат додааст ва мавҷуд будани ин ҳизб натиҷаи сулҳи дутараф буд ва ҳаст”. Дар зимн, ин нуқтаи назар ҳам вуҷуд дорад, ки таъкид мекунанд, ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба манфиат аст. Ба бовари онон ин ҳизб метавонад бар муқобили гуруҳҳои тундрави исломӣ барои суботи ҷомеа нерӯи кумакӣ на фақат барои ҳукумат, балки кулли ҷомеа бошад. Як мисол барои истидлоли ин гуфта он аст, замоне ки салафиҳо мавҷи густурдаи талиғоташон дар Тоҷикистонро ба роҳ монданд, ягона нерӯе, ки дар муқобилашон қад алам кард, ҳамин наҳзат буд. Табъан, аз ҳама пештар ҳамин ҳизб ба хатари салафӣ дар Тоҷикистон пай бурда буд. Нигароние, ки ин ҳизб аз салафӣ дошт, баъдан худи ҳукумат пай бурд ва фаъолияти ин равияи ифротгароро мамнӯъ эълон кард. Аз ин зовия мешавад гуфт, наҳзат дар баробари ифротгароӣ метавонад ҳамчун қаноти ин ҳукумат барои хунсо кардани ифротгароӣ хизмат кунад.

Тавре худи Муҳиддин Кабирӣ дар як нишасти пешазинтибохтӣ гуфта буд, агар ҲХДТ офтоб бошад, онҳо “сарбозон”-и ин ватан хоҳанд буд. Бинобар ин то замони баргузории интихобот ду нукта дар атрофи ҳақиқати фазои сиёсӣ ва тақдири ояндаи ҲНИТ мечархад: аввал инки ҲНИТ чи тавр аз бунбасти пешорӯяш мебарояд, яъне аз хатари басташави эмин мемонад. Дувум, ин ки чи тавр тарафдоронашро ба натоиҷи интихобот, ки аз сӯйи КМИР табъан бо ҳисобҳои “шумурдашуда” эълон мешавад, қонеъ мекунад. Ин ду нукта хатти сурх набошад ҳам, далел аст, ки шонси охирини Муҳиддин Кабириро рақам мезанад. Дар фавқ ишорат кардем, ки як буҳроне, ки дар пешорӯи ҲНИТ қарор дорад, ин қонеъ кардани тарафдоронаш аз натоиҷи интихбот аст. Ва табъан натоиҷи эъломшуда аз сӯйи КМИР хеле аз тарафдорони ин ҳизбро қонеъ намекунад. Агар ҳам дар парлумон роҳ наёбад фазои дохилиҳизбӣ низ ба буҳрон мепечад. Ин ҳама оғози роҳи нав аст. На фақат барои Кабирӣ, балки барои ҳамаи аъзоёни ин ҳизб. Дар ин марҳила сабр “бренд” шуда метавонад ё на вақт нишон медиҳад.

Ораш РУСТАМ
Мӯҳр
,,,,,,,,
Офарин, таҳлили хонданӣ, дастатаон дард накунад

АБДУЛЛО
ИН ВАЪДАИ ХУДОСТ ТАРАФДОРОНИ ХНИТ САЪЮ ХАРАКАТАШОНРО КУНАНДУ НАТИЧАРО АЗ ХУДО БИХОХАНД ЧУН ИСЛОМ ИН ДИНИ ХУДО ХАСТУ ХУДО ВАЪДАИ ПИРУЗИИ ОНРО ДОДААСТ МУХИМ НЕСТ КИ ОНРО БА РОХБАРИ КАБИИ ПИРУЗ КУНАДУ Ё КАСИ ДИГАР МУХИМ ПИРУЗИ ИСЛОМ ДАР КИШАРАМОН МЕБОШАД ДАР ТОЧИКИСТОН ПИРУЗИ ХНИТ ИН ПИРУЗИИ ИСЛОМ АСТ

хайрандеш
Ман аз даврони хукумати шурави то ин дам интихоботхоро мушохида мекунам ва ба ин хулоса расидам ки интихобот не балки интисобот хамеша дар дасти давлатмандон аст ва ба нафъ худ онро насб мекунанд.
Мо як интихоботи озод ва мунсифонаро факат орзу кардаем вале надидаем.Овози мардум хамеша дуздида мешавад.

Худодуст
ИН ВАЪДАИ ХУДОСТ ТАРАФДОРОНИ ХНИТ САЪЮ ХАРАКАТАШОНРО КУНАНДУ НАТИЧАРО АЗ ХУДО БИХОХАНД ЧУН ИСЛОМ ИН ДИНИ ХУДО ХАСТУ ХУДО ВАЪДАИ ПИРУЗИИ ОНРО ДОДААСТ МУХИМ НЕСТ КИ ОНРО БА РОХБАРИ КАБИИ ПИРУЗ КУНАДУ Ё КАСИ ДИГАР МУХИМ ПИРУЗИ ИСЛОМ ДАР КИШАРАМОН МЕБОШАД ДАР ТОЧИКИСТОН ПИРУЗИ ХНИТ ИН ПИРУЗИИ ИСЛОМ АСТ


Ингуна касалхоро ( мисли харфхои болои лоф мезананд) пайдо карда зудтар табобат бояд кард ба тамоми дунё маълум аст ки аз замоне ин гуна тафаккур пайдо шуда хаммааш хамдигарашро ва ё инсонхои бегунохи зиёдеро куштаанд ва кушта истодаанд бо истифода аз номи Худо . бузургтарин хатои башар дар торих чи шиори Худо гуфт! -буда бо ин шиор миллионхо инсони бегунох кушта шуда ва кушта мешавад. Ин ХУДО гуфт ва Гуфта-хо дар асри мо корои надорад амал -амал боз амал ё агар пазирое дорад дар кишвархои чахони сеюм аст ки вазъашон барои хамаи мо рушан аст!!!

бой
иншолох.ъaзойони.хнит.ро.худовaнд.худaш.дaрин
тихобот.пируз.мекунaд.aгaр.дaр.рохш
онсоббиткaдaм.вaхaрaмaле.мекунaнд.холисбошaнд.
вaиншоaлох.умеддорем.aз.хнит.худов
aнд.пирузиро.нaсиб.бкунaд.омин

Бозор Собир ва Зафар Мирзоёнҳо на бо ҳизби Кабирӣ, балки бо ислом мушкил доранд. Ҳукумат шояд ба ин ҳизб эҳтиёҷ надорад, аммо барои як қисми муайяни ҷомеа новобаста аз он, ки онҳо инро дарк мекунанд ё не зарур аст. Ва дигар маълум нест, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ва озод гардидани захира ва имконот аз ин ҷабҳа рушанфикрони ҷомеа аз ҷумла нашрияҳои ба ном озодро чӣ интизор аст.

Муслим Кулоб
786
Салом миллат, кур бод чашми душманони Ислом, ва хидоят бод мухолифони ХниТ.
Тчк, ду хизб дорад ХниТ ва ХхдТ, тамом. Ххдт бе ХниТ буда наметона. Бахусус дар даъвохои охир бо Узбаку Кргиз, ки бозам Хнит накш дошт. Дар мубориза бо ифротгарои ва давлати терористии Диш, бояд бо хам бошанд. Чанобам ки ба гуфтаи С Сафар имзо кардагия дар он когазо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)