Бахшҳо

Ба интихобот меравед? Чаро ҳа, Чаро не?

Якуми март Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ дорад. Пурсиши ин навбати "Озодагон" ин буд, ки "Ба интихобот меравед? Чаро ҳа, Чаро не?"


Зулайхо УСМОНОВА, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон

Бале, ҳатман ба интихобот меравам. Чанд нафарро, ки номзад ҳастанд шахсан мешиносам ва ба онҳо овозамро медиҳам, чун боварӣ дорам, онҳо баҳри Ватан хуб кор хоҳанд кард.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос

Ба интихоботи парлумоние, ки санаи 1-уми март баргузор мегардад, ҳатман меравам, чун ки новобаста аз он ки интихобот шаффоф мегузарад ё на, бояд раъйи худро бидиҳам. Аз он хабарҳое, ки ҳаррӯз аз воситаҳои ахбори омма мешунавем, рости гап интизори шаффофияташ ҳам нестам. Дар ВАО зиёд маводе чоп шуданд ва аз он далолат медиҳанд, ки шаффофият танҳо дар сухан аст. Новоста аз ин раъйи худро медиҳам ва умед мекунам, ки мардум омада раъйи худро медиҳанд, ҳатто шаффоф ҳам нагузарад, онҳе, ки масъули ҳисобу китоб ва ҷамъбастанд, агар имрӯз дар назди қонун ҳам ҷавоб надиҳанд як рӯз дар назди виҷдон ва башар ҳатман бояд ҷавоб хоҳанд дод. Умед мекунам, ки участкаҳои интихоботӣ овози ман ва аз дигаронро ба назар бигиранд, агар не ин ба фоидаи мардум ва давлат намешавад.

Абдуазими АБДУВАҲҲОБ, хабарнигор

Майли ба овоздиҳӣ рафтан надорам. Дар се интихобот (дутоаш миёндаврӣ)-и вакилони Маҷлиси намояндагон нозир будам. Бевосита шоҳиди он ҳастам, ки раванди раъйдиҳӣ пур аз тақаллубу ношаффоф мегузашт. Раванди маъракаи пешазинтихоботии кунунӣ ҳам нишон дода истодааст, ки интихоботи навбатӣ аз маъаракаҳои қаблӣ фарқе надорад, аз ин сабаб майли рафтан надорам. Ин як намоиши аз қабл тарҳрезишуда аст, ки натиҷааш барои ба саҳнагузорандаҳо маълум мебошад.

Хайриддини БОЗОР, сароянда

Аллбата меравам, барои он ки ояндаи ҷумҳурии азизамон гулгулшукуфон бошад. Аҳмият медиҳам вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон нисбати пештара хеле хуб шудаааст ва баъди интихоботи навбатӣ мумкин аз ин ҳам хубтар шавад.

Завқибек САИДАМИНӢ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Албатта, меравам, ман аслан дар ҳамаи интихоботҳо қариб, ки иштирок кардаам. Ҳарчанд, ба баъзеашон бовар ҳам надоштам! Меравам то раъйи худро, ки ҳаққи ман аст, бидиҳам. Чун бовар дорам, ҳар овоз ҳисоб мешавад, агар ҳалкунанда ҳам набошад!

Абдуллоҳ ОҚИЛЗОДА, рӯзноманигор

Рӯзи 1 март ҳатман ба интихобот меравам, чун барои ман болотар аз ин ки маъракаи муҳими сиёсӣ ва то ҳадде тақдири ояндаи миллат ҳал мегардад, масъалаи имонӣ ва эътиқодист. Зеро Қуръони карим дар ояти 283-уми сураи Бақара ба мо мусалмонон дастури расмӣ медиҳад, ки шаҳодати худро пинҳон накунед. Ва ҳатто ҳар касе онро пинҳон кунад, гунаҳкор дониста мешавад (мазмуни ояи боло). Овоздиҳӣ маънои шаҳодатро дорад. Пас набояд онро китмон кунем, ҳатто агар фаразан ҳеҷ касе аз номзадҳо писанди мо набошад ҳам, шахсан рафта назди сандуқи раъйдиҳӣ ҳамин сазовор набуданашонро бо дасти худ шоҳидӣ медиҳам. Аммо ин ки овозҳои мо ҳамчун амонат нигаҳдорӣ мешавад ё хайр, ин дигар кори масъулин аст. Худашон медонанду виҷдону имону рӯзи охираташон.

Исфандиёр АМИНӢ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ба интихобот намеравам! Барои он ки дар давоми 28 соли умрам аз ягон вакил ягон хидмате барои халқу Ватан надидаам.

Мирзобобур МУНТАСИР, сокини шаҳри Душанбе

Ба фикри ман, рафтан ба интихобот зарур аст. Ба далели он ки имрӯз аз интихоби дурусти мо амалишавии барномаҳои ҳизбҳо вобаста аст. Ҳарчанд хостам барномаи таблиғии ҳизбҳои дигарро ҳам пайдо кунам ва бинем чӣ андешаю пешниҳод доранд барои ин давр, аммо фақат аз ҲНИТ дастрас шуд. Вазъияти ҷаҳонӣ ва буҳрону бархурдҳои кишварҳои дӯсту ба мо бегона зарурияте ба вуҷуд овардааст, ки имрӯз аз пайи интихоби барномаи дурусти ҳизбӣ бошем, то масъалаҳои иқтисодии моро ҳал намояд.
Мӯҳр
Ман дар кучаи Чоми 8/10-и нохияи Синои шахри Душанбе истикомат мекунам. Бинои мо аз 9 ошёна ибора буда, дорои 36 хучра мебошад. Вале то имруз хеч яке аз истикоматкунандагони бинои мо даъватнома барои иштирок дар интихобот нагирифтааст. Хеч кас намедонад, ки дар дар кадом хавза бояд у овоздихи кунад ва хеч кас намедонад, ки дар ин хавза ки номзадиашро гузоштааст. Ана ин аст ташвикот. Озодагон мархамат агар бовар накунед, ташриф оред ва тадкик кунед. Ориентир, гардиши политехникум, наздикии коллечи политехники

Интихобкунанда
Бале, ба интихобот рафтан лозим ва овоз хам додан даркор. Он тарафаш ба вичдону имони хисобкунакҳо хавола аст

Чамшед н.Восеъ
Бале! Хатман меравем чун,ки ин маъракаи мухими сиёсй аст.Иштироки хар яки мо хатмй мебошад. Мо бояд ояндаи худамонро худамон созем ва нисбат ба чунин корхо бетараф набошем. Ташшакур!

не ман намеравам чунки хамааш дуруг аст.

vfnf
Меравему лекин ин овози мо ягон рола намебозад. Мегузаштаги соли 2014 аник шудаги.

Аскар
Меравам!!!

Лутфан гуед ки депутатшавандахо аз нохияи Синои Душанбе ки хастанд.

Ali
Чаро ширкат кунам дар интихоботе, ки аз пеш маълум шудааст???
Ин интихобот нест балки интисобот аст ва ҳар ҳизбе, ки бештар ба ҳукумат имтиёз дода бошад он курсии бештар насибаш мешавад.
ба ҲНИТ шояд 3 ё 4 курсӣ диҳанд ва ба дигар ҳизбҳо....
Чаро бо ҳузури дар интихобот мӯҳри таъйид бар ин интихоботи пӯшолӣ бизанам??????

Хакикат кадоми бошад голиб мешавад гапхои бехуда назанед мардум медона ба ки овоз дихад,медонад ки хизмат кардааст худаш маълум аст хизби Рохбари Давлат.

Ман хатман ма интихобот меравам чун дакдирам дар дасти худам аст ВА АЗ МАСУЛОНЕ КИ РАЙИ МАРДУМ РО МЕШУМОРАН ХАМЧУН ВАРЗАНДИ ЕШОН ВА БОРОДАРИ ЕШОН ХОХИШ МЕКУНАМ КИ ДАР ОВОЗИ МАН ВА ХАМ ВАТАНОНАМ ХИТЁНАТ НАКУНАНД
ХИЁНАТ БА ОВОЗХО МИЛЛАТ АСТ (ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ЧОП КУН)

nuri.tj
меравам ба хотири худо то баройи хнит овоз дихам

Ман ба интихобот намеравам! Рафтани хам нестам. Зеро ман аник ва дакик медонам, ки аз овоз додани ман ё овоз надодани ман ягон чиз тагйир нахохад ёфт. Барои хамин ман боре хам ба интихобот нарафтаам, хол он ки ман 43 сол дорам.

Albata meravam vale ba Nahzati islom ovozi xudro medihem

КАЙХОСТ,КИ МАРДУМИ КИШВАР ХУКУКИ ИНТИХОБ КАРДАНРО НАДОРАНД...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)