Бахшҳо
27 фев 2015 13:13Тоҷикистон / Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат як қатор тағйироти кадриро амалӣ кардааст, ки бештари онҳо ба соҳаи маориф дахл доранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амру қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон тағйироти зерин сурат гирифтанд:

Абдулҳаким Розиқзода - раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Лутфия Абдулхолиқ - ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Идигул Қосимзода - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Сайъало Мирзоев - директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
Алидод Расулов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муҳибулло Зувайдуллоев - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе;
Исматулло Шодиев - директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳром Исмоилов - директори Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе;
Ориф Табаров - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;
Ҳабибулло Саъдуллоев - директори муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Фирдавс Усмонов – директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайфиддин Давлатов - сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ба иттилои манбаъ ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии президент муовинони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд таъин шуданд.

Дар баробари ин дар мувофиқа бо президент, Ғуломқодир Бобиев – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Ҳакимхон Валиев - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Осим Каримов - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд таъин гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин Хуршед Муҳаммадзодаро фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ - узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Мадиброн Саидзодаву Озод Юсуповро аъзои ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аксари кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд: “Аз ҷумла, ду нафаре, ки ба вазифаи ректор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъин шуданд, занони ҷавону фаъол ва болаёқатанд”.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия - падидаи нангини ҷомеа, ҳамеша фаъол бошанд.


ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)
Мӯҳр
беном
офарин дар хакатан хамаашон арзандаанд

Идигул Косимова - ректори Донишкадаи Забонхо ?????
Ёёёё товбаааа ёёёёё товбаааа - хангоми дунишчуиям Идигул Тагоевна модо аз фани забони руси дарс мегуфт , хатто номзади илм набуд ; бовар кунед чи гуфтанамро хам намедонам Худованд окибатро бахайр гардонат.
Идигул Косимова ректор ?????

Ачоиб, ин холо рохбарони раёсатхои маорифи вилоятхо хам дар мувофика бо президенти Точикистон таъин мешаванд? Э, неки гузарондед, мухтарамон )))))

Идигул Косимзода куллан арзанда нест. Пас маълум мешавад, ки Вазири маориф одами худашро пешниход кардааст на ин ки арзандаро

далер ман хам дар хамин донишкада аз соли 2005 то 2010 ходаам ба мо низ з-руси дарс медод , барости нисбати духтарони хичоб пуш сахт мубориза мебурд, бо ректори хамон вакта Мархабо Чабборова дугонаи сахт буд шояд Чабборова уро ба ин мансаб расонид .

салим
Бале Барзу сардори Раёсати маориф аз чониби Хукумат таъин намешавад, аммо Чаноби Оли дар таъин намудани Валиев Х кори хато накард, зеро чои у на сардори Раёсати маорифи Хатлон, балка арзанди мудири шуъбаи н. Фархор мебошад, вой бар холи сохаи маорифи Хатлон, ки бо ташаббуси у илм ба урайё неву ба каъри замин медарояд ё ба кавле "заказной барфе буду уро дар санка шинонда аз кафош самти Хатлон телш кардан то рохи пойтахтро фаромуш кунад" садафсус
Аммо аз байни кадрхои нав таъйин гардида Расулов Алидод дар хакикат сазовори мансаби тайин гардида мебошад, зеро у саводи кофи ва ахлоки накуи инсони дорад, хохони онем, ки устоди мухтарам Расулов А. аз ин хам ба куллахои баланди мартаба расанд.
Осими Каримов ва Сайфиддин Далатов олимонии хуб ва инсонхои накуву арзанда мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)