Бахшҳо

Хутба: Вақти интихоб хидматҳои Президентро ба назар гиред!

Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломӣ ва Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват карданд, ба мубаллиғоне, ки мегӯянд, агар ба тарафдории ин ё он номзад овоз надиҳӣ, мусалмон нестӣ ё имонат хатчадор мешавад, аҳамият надиҳанд.

Ҳар дуи ин руҳонии тоҷик, ки имрӯз, 27 феврал дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе баромад мекарданд, таъкид намуданд, чунин иддао ҳеч асосе надорад, чун ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар Тоҷикистон мусалмонанд. Онҳо зикр карданд, ки овоздиҳӣ дар Тоҷикистон озод аст ва ҳар кас ба вакили аз нигоҳи ӯ арзанда овоз медиҳад.

Мавлавӣ Маҳмуд дар идома аз сокинон даъват кард, вақти овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии 1 март хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба назар бигиранд: "Аз ёдатон набароред сарвари Давлат ҷанги хонумонсӯзро аз байн бурд ва то имрӯз чӣ корҳо кардааст?! Ман ки шахсан аз ноҳияи Фархор мебошам, ноҳияи мо як замон 1 масҷиди ҷомеъ ва 11 масҷиди панҷвақта дошт, имрӯз 96 масҷид, аз ҷумла 11 масҷиди ҷомеъ дорад. Аз ин рӯ, хидматҳоро бинед, ки чӣ хидматҳо кардааст."

Ин руҳонии тоҷик мисол овард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид бозсозӣ шуданду имрӯзҳо алҳамдуллилоҳ касе ба Русия намеравад ва ҳама дар сохтмонҳои дохили кишвар кор мекунанд: "Ин қадар пешравӣ ва ин қадар ҷойҳои кор, имрӯз алҳамдулиллоҳ ҳеч кас Русия нарафтааст ва тамоми мардум ҳоло дар иморатҳо дар ҷойи кор ҳастанд."

Ӯ инчунин илова намуд, “ҳар нафаре, ки дар ин ё он кишвар роҳбар ё ҳукмфармо мешавад, ин бо хости Худост, чун Худо мехоҳад, ки ӯ роҳбарӣ кунад. Мавлавӣ Маҳмуд хотиррасон намуд, “фаромӯш накунед, ки ҳамин мардака мо худамон оварда мондем, ки кишварро ободу миллатро сарҷамъ кунад. Ӯ ба нооромиҳо нигоҳ накарда ба Афғонистону дигар кишварҳо рафт, то давлат обод бошад”.

Ин даъватҳо дар ҳоле садо доданд, ки баъди як рӯз, 1 марти соли равон дар кишвар интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Руҳониёни Маркази исломӣ аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намоянд.


Дар акс: Мавлавӣ Маҳмуд
Мӯҳр
Муслим
Ассалому алайкум
Эй мубаллигони ХХДТ охир Шумо фикр намекунед,ки ин суханхо алакай кухна шудаанд,яъне соли 1992 чанг буд,нон набуд, акнун тинчи хаст вахдати милли хаст шукр кунед хомуш бошед ва хоказо.
Хайр дар ин интихобот ин усулро истифода мебаред 5 сол пас боз интихобот хаст, чи? боз бо хамин шева рафтор мекунед о фикр намекунед ,ки дар пас соли баъд тафаккури мардум дигар мешавад шеваи бархурд дигар мешавад насли наврас ба воя мерасад. Ба фикрам ин усул охир моро ба бунбаст мебарад бояд чидди аз паси ислохоти иктисодию сиёси шуд вагарна дер мешавад.

Хатман хама чизро ба назаор хохем гирифт.

Ман вокеан нафахмидам ки аз номи ислом хнит истифода мекунад е ххдт охир дар тамоми масчидхо ххдт мегуянду дар баромадхо зидди хнит пас инчо аз номи ислом ки истифода мекунад?
Дуввум ин ки интихобот интихоботи парлумонист на президенти чаро пас мардумро ташвик мекунед ки хизмати президентро фаромуш накунанд?
Саввум ин ки худи президент гуфтанд ки аз номи ман дар интихобот истифода накунед. Яьне шумо онкадар нофахмед ки амрхои маьмулии президентро хам ичро намекунед ва бар зидди фармони президент амал мекунед
5 дар тамоми кишвархое ки парлумон аз як хизбанд пешрафт надоранд муллочаноб мехохи мо хам пешрафт накунем?
Бигзор демократхо е сотциал демократхо е комунист аксари курсихоро сохиб шаванд чи бади дорад?
Е агар мардум хнитро интихоб карда бошанд пас хаки мардум аст шумо чаро ба хакки мардум хиенат мекунед?
Домулоои азиз рузе ки Забонхо мухрзада шаванд ва дастхо дар сухан дароянд ва пойхо шаходат диханд ба кирдори мо вой бар холи дуруггуйон ва хатокорон чи чавоб хохед дод?

намозхон
Ин интихобот Масҷид ХХДТ шуд ку? магар набояд масҷид аз сиёсат ҷудо бошад? кани прокуратураву амният ки пеши роҳи қонуншиканиро гиранд? муҳри сукут бар лаб ҳама, чун фармон аз боло. Вақте масъалаи вазифаву мансаб меомадааст фаромуш мекардаед ки фақат дод мезанед аз ислом суистифода накунед. Магар ин суистифодаи ошкори шумо аз минбари масҷид нест? ба тарафдории як ҳизб даъват мекунед ки ба он овоз диҳед, мардум дуруягии шуморо ҳам дар сари сандуқҳо фаромӯш намекунанд ҷанобони муллоҳои ХХДТ.

Рахнамун
Домуллохоямон низ бар таргиб шуруъ намудаанд. Хатман баъди соле рекламахои дорувори мисли пардифену Орепчахо ба чои тв-хои кишвар аз баландгуякхои масчидхо шунида мешавад.

Муҳоҷир
Агар ҳамин гапатро "Ин қадар пешравӣ ва ин қадар ҷойҳои кор, имрӯз алҳамдулиллоҳ ҳеч кас Русия нарафтааст ва тамоми мардум ҳоло дар иморатҳо дар ҷойи кор ҳастанд." намегуфтӣ, боварат мекардем, лекин маълум шуд, ки барои чор суми хатибӣ шуда дуруғи калон гуфтӣ. Аз Худо битарс дигар инхел дуруғ нагу. Хатибӣ ҳам аз сари ҳама мемонад, вазифаву мансаб ҳаму вакилии парлумон ҳам, аммо дуруғгуӣ ҷавобгарӣ дорад.

Домуло хак мега бехтарин интихоб хизби Рохбари Давлат аст, ИншоАллох мардум худаш медонад ба ки овоз дихад, Рохбари Давлат бисёр хизмат кардааст ва кардаистодааст,мехнаташро кадр намоед.

боби мУЛЛО! хатман хама хизматро ба назар мегирем. ягон заррае хавотир набоше. хамаш ай худтонай, лекин кай кору бор аз руи гуфтор мешуда боша? 2050?

Домулло дуруст мегуяд. Номзадхо хама мусулмонанд, пропагандахои беасоси ХНИТ, ки гуё факат онхо мусулмон хастанду ба онхо овоз бояд дод, ягон чойба тугри намеояд. Ин нахзатихои куонуни шариатро хам поймол карданд. Чунки мусулмонхоро байни худ чудои андохта истодаанд.

мусулмон
ман як чизро пурсидани хастам аз ин мардуме ки мегун чанг буд бо ташабуси чаноб ороми шуд агар ду кас чанг кунанд барои он ки байни онхо ошти шаад бояд ки миенараве бошад е ин ки хардуи онхо аз хамдигар гузашт кунан ин мешавад сулх ман хайрони онам ки факат як тараф сулх карда бошад ва хама бо як овоз мегуян инро охир бо ки сулх карда бошад модоме ки дуюми вучуд надорад агар дуюми сулх накарда бошад ин муллохои мо назди парвардигор аз дуруги худ ое чи мегуфта бошан

Ассаломуалекум хонандагони гироми. Имруз дар чумхури дар ягон масчид муллое нест ки дар бораи дин шунавем, хама барандахо дар масчидхо хатиб шуданд. мо гуе ба масчид барои намозхони нею ба мачлиси шурои оли мерем.. Дар охири суханам хотиррасон мекунам ,ки гушкардани амри маьруф имони шахсро комил намуда аз хама чиноятхои дини ва давлати даст мекашад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)