Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:46

Даъвати сафир аз донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек

28 феврал 2015, 10:34

Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳр Бишкек мулоқот кардааст.

Ин вохӯрӣ аз 26 то 27 феврали соли равон дар Донишгоҳи Манаси Қирғизистону Туркия ва Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия баргузор шудааст. Дар ин мулоқот ҷаноби Раҳимов ба донишҷӯёни тоҷик аз равобити Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси манофеи мардуми ду кишвар ва ҳамсоядории нек поягузорӣ шудааст, ёдовар шуда, аз донишомӯзон даъват кардааст, ба таҳсили худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, ҳамчун як кадри ҳирфаии соҳиби диплом ба Ватан баргарданд.

Инчунин сафири Тоҷикистон дар Бишкек аз донишҷӯёни муқими ин кишвар хоҳиш кардааст, рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи парлумонии кишвари худ фаъолона иштирок ва раъйи худро дар ҳавзаи ташкилкардаи сафорат ба номзадҳои арзанда бидиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Муллочон

  • 28 феврал 2015 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
786
мо бачахои донишчуи кум ба ки овоз бтем чум
Посух додан
  • талаба

  • 28 феврал 2015 20:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муллочон,
Қум донишҷу ҳам дора?! то ҷое ки мо хабар доштем Қум охунд дошт ва охунд бо донишҷу дар Эрон ду вожаи ба ҳам зид аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!