Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ

Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 1 март, дар нуқтаи овоздиҳии №15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2, воқеъ дар мактаби №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, “овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури нозирони сершумори байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҷараён гирифт”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳузури фаъоли интихобкунандаҳоро дар участкаи рақами 15 қайд карда, таъкид намудааст, “иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо ва ҳамчунин аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои хабарнигори “Озодагон” дар участкаи интихоботии рақами 15 овоздиҳӣ дар фазои шадиди амниятӣ сурат гирифт ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар ин участка ҳузур доштааст: “Раъйдиҳандаҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, пасон иҷозати ба нуқтаи овоздиҳӣ рафтанро мегиранд”.

Хабарнигори “Озодагон” афзуд, намояндаҳои расонаҳои мусатақил ба ҷараёни раъйдиҳии раисиҷумҳур роҳ наёфтанд: “Танҳо намояндаҳои расонаҳои давлатӣ иҷозаи дохил шудан ба нуқтаи раъйдиҳии Эмомалӣ Раҳмонро дарёфт карданд. Ба намояндаҳои дигар расонаҳо гуфтанд, ки бо сабаби дар рӯйхат набудани номатон, наметавонед ворид шавед”.

Дар мавриди он, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нуқтаи овоздиҳӣ чӣ суҳбатҳо дошт, Шоҳназар Бердиев, раиси участкаи интихоботии рақами 15 ба “Озодагон” гуфт, “Президент ба шароити мактабу низоми гармидиҳии он баҳои хуб дод”. Бердиев афзуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо масъулини участка, ки аксарашонро занон ташкил медиҳанд, суҳбат дошт ва шӯхиомез ба шавҳарҳояшон офарин хонд, ки ба онҳо иҷозат додаанд, дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ширкат намоянд.



Аз ин пештар Раҷаббек Сулаймонбеков, раиси комиссияи ҳавзаи мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ҳам дар ин нуқтаи овоздиҳӣ раъйи худро додааст. Ӯ мегӯяд, то ин лаҳза беш аз 30 дарсади интихобкунандаҳо пойи сандуқҳои раъй омадаанд: “Нозирони хориҷӣ раванди интихоботро назорат доранд ва то ҳол шикояте нашудааст”.

ШУРӮИ ИНТИХОБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон соати 6-и субҳ дарҳои худро боз карданд.

ВИДЕО аз ҷараёни раъйдиҳии интихобкунандаҳо дар ҳавзаи №2, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Кафкӯбӣ барои ҷавоне, ки бори аввал раъй медиҳад

Иброҳим Раҷабзода, раиси участкаи интихоботии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, интихобкунандаҳо иштироки фаъол доранд. “То соати 7:30 аллакай 43 нафар омада раъйи худро доданд”.

ВИДЕОИ суҳбати Раҷабзода

ҶАВОНОН БЕТАРАФ НЕСТАНД

Саидаҳмад Баҳриддинов, ноиби раиси комиссияи участкаи интихоботии №1-и ноҳияи Сино, воқеъ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, аллакай беш аз 700 нафар пойи сандуқҳои раъй омадаанд: “Дар ин нуқтаи овоздиҳӣ 2 ҳазору 940 нафари дорои ҳаққи раъй аз маҳаллаҳои Комсомол, Буни Ҳисорак, Лучоб ва дигар сабти ном шудаанд”.

Ӯ ба иштироки фаъоли ҷавонон дар ин маъракаи сиёсӣ ишора карда гуфт, “мебинем, ки ҷавонон бо табъи болидаву чеҳраҳои хандон дар интихобот ширкат доранд. Хурсандиовар аст, ки ҷавонон бетараф нестанд”.

ВИДЕОИ суҳбати Саидаҳмад Баҳриддинов

Дар баробари интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагон, раъйдиҳандаҳо намояндаҳои Шӯроҳои маҳалии шаҳрҳову ноҳияҳои маҳалли зисти худро ҳам интихоб мекунанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар саросари кишвар 3209 ва дар 27 кишвари хориҷӣ 35 қитъаи интихоботӣ мавҷуд аст, ки интихобкунандаҳо имкони раъй доданро доранд. Теъдоди афроди дорои ҳаққи раъйро ин ниҳод беш аз чор миллиону 300 ҳазор гуфтааст.

Гуфта мешавад, раванди овоздиҳӣ аз сӯи ҳудуди 1000 нозири маҳаллӣ ва 528 нозири байналмиллалӣ назорат хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндаҳои Маҷлиси олии Тоҷикистон 63 курсӣ дорад. Ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии сабтиномшудаи кишвар номзадҳои худро пешниҳод кардаанд. Теъдоди номзадҳои худпешбар наздик ба 80 нафар аст.

Овоздиҳӣ то соати 20:00 вақти маҳаллӣ идома меёбад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот рӯзи душанбеи 2 март эълон хоҳад шуд. Тибқи қонун “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” на дертар аз 7 рӯзи баъди интихобот дар матбуот рӯйхати вакилони интихобшуда бояд нашр шавад.


АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ

АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ

АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ

АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ
Мӯҳр
Ахмад Душанбе
Ин гапхо хамааш дуруг.Дар хавзаи интихоботии вокеъ дар донишгохи Тарбияи чисмони такаллуб рух дод .Донишчуёни Хобгохи раками 6 ДМТ мачбуран ба хизби ХАЛКИи демократи овоз додан ва ин ходиса тахти назорати деканхо ва хоссатан декани Хукушиносхо гузашт.Банда ин интихоботро демократи намедонам.Агар озодагон вокеан озод хасти инро чоп кун то хама аз сохтакорихои инхо вокиф шавад.Вокеа афсус мехурам ки ба пои сандукхои раъй бо чи уммед рафтам.

ман овози худро ба хизби нхзати илом медихам

Истиклол
Чавоб ба Мухаммад, бале хамин хел рафтан гиред шояд ба Шумо хам оби тахорати пайгамбари охирзамон "Темур" мерасад.

мы голосовали за ХНИТ и в дальнейшем наперекор всему что их давят мы местные будем поддерживать ХНИТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)