Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:48

(ВИДЕО) Саъдии Юсуфӣ: Дарки нокофии динӣ ҷавононро ба ДИИШ мебарад

2 март 2015, 07:54

Бо суқути “Толибон” дар Афғонистон номи ин гуруҳ ба қадри кофӣ ба ҳошия рафт. Пас аз қатли Усома ибни Лодан ҳузури “Ал-Қоида” дар сархати расонаҳо камранг шуд. Намунаҳои ин ҳаракати террористӣ дар минақа, амсоли “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва чанде дигар гоҳ-гаҳе аз худ дарак медиҳанд, вале ба андозаи қобили таваҷуҳ саркӯб шудаанд. Гуруҳи мавсум ба номи “Давлат исломӣ” ба майдон омад. Ин ҷост ки суол халқ мешавад. Чаро ҳаракатҳои инчунинӣ ҳамеша аз батни ҷомеаҳои исломӣ пайдо мешаванд? Хабарнигори “Озодагон” – Сайф Сафар дар “Баҳси бештар” ин мавзӯъро бо коршиноси масоили динӣ ва сиёсӣ – Саъдии Юсуфӣ ба миён гузошт.


ДАР ДИНҲОИ ДИГАР ҲАМ ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРОЕ, КИ БАРОИ ДИНАШОН МЕҶАНГАНД, ҲАСТАНД...

Озодагон: Чаро ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамеша аз батни ҷомеаҳои исломӣ пайдо мешаванд?

Саъдии Юсуфӣ: “Агар мо саволро ба шакли омм матраҳ кунем, ки ҳамеша ҳаракатҳои террористӣ аз батни ҷомеаҳои исломӣ берун меоянд, ба назарам ин каме ниёз ба ислоҳ кардан дорад, ба ин маъно, ки худи таърифи калимаи “террор” ҳатман дар худ вуҷуди силоҳ ва ҷангро дорад. Пас ҷангҳо корҳое набуданд, ки фақат дар ҷомеаи исломӣ шуда бошанд, мунтаҳо бештар расонаӣ шуданд. Ин аст, ки гумону ҳадсро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Агар ки мо ба зуҳури ин гуна гуруҳҳо ҳамчун гуруҳҳои ҷангҷӯ назар бикунем, фақат инҳо набуданд, ки ҷанг карданд. Пеш аз инҳо ва баъдтар аз инҳо ҳам зиёд буданд. Ҷангҳои ҷаҳонӣ ва хеле дигар ҳаводиси ба ин монанд дар таърих будааст, ҷангҳои салибӣ, юриши муғулҳо ва дигарҳоро таърихи башар дар ёд дорад. Аммо дар ҷаҳони имрӯз ин гуруҳҳое, ки ба номи “гуруҳҳои исломӣ” аз матну батни ҷомеаҳои исломӣ, ки зуҳур карданд, бештар таваҷҷуҳи расонаҳои дунёро ҷалб намуданд ва бештар расонаӣ гардиданд, ки фикру гумонро ба бор оварданд.

Дар масъалаи ин ки чаро чунин гуруҳе дар ҷаҳони Ислом ба вуҷуд омадааст ин як баҳси дуру дарози таърихӣ дорад. Таърихи албатта начандон дур, яъне чанд даҳа пеш. Агар ба шакли кутоҳ арз кунем, ҷаҳон тақрибан дуқутба буд. Як тараф коммунизм дар дунё буд, яъне ҳукумати Иттиҳодия Шӯравии собиқ ва хеле кишварҳои дигаре ба мисли Чин инро ҳампаймонӣ мекарданд. Дар тарафи дигар блоки Ғарб, ба таъбири маъмул капитализм. Инҳо чанд бор бархурд карданд. Яке аз бархурдҳои инҳо дар Ветнам буд, ҷанги бисёр маъруфу машҳур аст, ки дар он ҷо Амрико ё блоки Ғарб шикаст хурд ва Шӯравӣ пирӯз омад. Майдони дигари ҷангиашон, мутаассифона, Афғонистон интихоб шуд ва дар ин ҷо буд, ки аз унсури ҷиҳод ва мафҳумҳои динӣ кор гирифта шуд ва ба номи ҷиҳод сарбозгирӣ шуду ин таҳавули бузург рух дод. Шӯравӣ шикаст хурд ва аз ҳамон ҷо, ман фикр мекунам, қудратҳои муайяне ба ин натиҷа расиданд, ки мешавад бо истифода аз мафҳуми ҷиҳод дар дини Ислом мусулмононро басиҷ кард ва дар ҷангҳои гуногуни минтақаӣ истифода бурд”.

Озодагон: Агар ин ифротгароиву созмон додани гуруҳҳои террористиро кори Амрикову Ғарб бигӯем, чаро инҳо ба ин осонӣ метавонанд мусулмононро бо ҳам бишӯронанд. Чаро ин корро, масалан, миёни мардуми Ҳинд ё Чин намекунанд?

Саъдии Юсуфӣ: “Хеле суоли муҳиму баҷое аст ва ман фикр мекунам, мешавад аз зовияҳои гуногуне ба ин масъала назар андохт. Якеаш ин, ки тасаллути дини Ислом дар зеҳн ва дили пайравонаш бештар аз тасаллути адёни дигар дар зеҳну дили пайравонаш бошад. Ба чӣ хотир? Ба он хотир, ки бештарин қурбониро ба номи дин ва дар зери ливои дин мусулмонҳо ҳозир буданд, ки анҷом бидиҳанд. Яке аз факторҳо шояд ҳамин бошад. Фақр, ақибмондагӣ ва маҷмӯи авомиле аст, ки шароитро барои ин фароҳам мекунад. Ҳамон гуна, ки гуфтам дар таҷрибаи Афғонисон ин чиз санҷида шуд. Дар кишварҳои гуногуни исломӣ фатвоҳо содир шуд, ки дар Афғонистон ҷиҳод дар роҳи Худо аст ва ҳар мусулмоне метавонад дар унҷо иштирок кунад ва шаҳид бишавад. Вақте ин гуна фатвоҳо, ки садо доданд ҷамъи бисёр бузурге аз мусулмонҳо аз кишварҳои мухталиф омаданд ва дар инҷо амалан ҷонбозӣ карданд. Яъне, ин хеле таҷрибаи ҷолибе буд, ки диққати онҳоро ҷалб кард ва онҳо ба ин хулоса расиданд, ки шояд ин тасаллути дин ақлу зеҳну ҷони онҳост, ки ҳамеша бештар аз динҳои дигар ҷонфидоӣ кунанд. Албатта, дар динҳои дигар ҳам гуруҳҳои ифротгарое, ки барои динашон меҷанганд, ҳастанд, вале ҷангҳои онҳо ба андозаи ҷангҳое, ки мусулмонҳо анҷом доданд, шояд, ин қадар қавӣ ва муассир воқеъ нашуданд. Як чизи дигар ҳам аст, ки вақте бархурди манфиатҳову сиёсатҳо иттифоқ меуфтад, бештари инҳо, мутаассфона, дар минтақаҳои мусулмоннишин рух додааст ва инҳо ҳам ба зоти худ тавонистанд, ки мардуро ҷалбу ҷазб кунанд ва қурбонӣ бидиҳанд”.

Озодагон: Ҳоло биёем, рӯи “Давлати исломӣ” ё ҳамон ДИИШ. Гуруҳи “Давлати исломӣ” аз Толибон чӣ фарқ дорад. Ба ин маънӣ, ки ҷавонони мо хеле зиёд ба сафи ДИИШ пайвастанд, ки мо ин таҷрибаро дар замони Толибон надоштем. ДИИШ чи чизе дошт, ки ҷавонони тоҷикро ҷалб кард?

(ВИДЕО) Саъдии Юсуфӣ: Дарки нокофии динӣ ҷавононро ба ДИИШ мебарадСаъдии Юсуфӣ: “Агар мо дар як суҳбати муқоисавӣ “Толибон” ва ДИИШ-ро ба ҳамдигар муқоиса кунем, ҳар кадоми инҳо маҳсули як шароити хосанд. Ҳаракати Толибон ин хусусияти қавмӣ ва забониро дар худаш дорад ва дар як маҳдуда ва замоне барои миссияи муайян пайдо шуд. Агар дақиқтар бигӯем, вақте ки Шӯравӣ дар Афғонистон шикаст хурд ва ҳукумати дастнишондаи Шӯравӣ фурӯ пошид, ҳизбу ҳаракатҳои ҷиҳодӣ ба майдон омаданд. Шиорҳои хеле баланду болое медоданд. Ҳатто мегуфтанд мо ин ҷиҳодро идома медиҳем. Як қудрати низомии бисёр нерӯманде бо шиорҳову умеду орзуҳои калон дар майдон буд ва зоҳиран як пружаи дигаре инҷо сохта шуд, ки ин нерӯро даргир бо он нерӯ бикунад. Баъд “Толибон” пайдо шуд. Ин ҳаракате аст, ки аъзояш аз мардуми паштузабон ҳастанд ва хеле хусусиятҳои қавмӣ ҳам дорад. Инҳо ба майдон омаданд ва хеле аз ҳаракату ҳизбҳои динӣ ва ҷиҳодиро дар Афғонистон аз майдон канор заданду қудратро гирифтанд. Тасуллут бар минтақаҳои бештари Афғонистонро ҳосил карданд. Аммо, зуҳури ДИИШ аз инҳо фарқ мекунад, ки зери номи “давлати исломӣ”, “хилофати исломӣ” ва номҳову шароити дигар. Минтақаи пайдоишаш ҳам ҷойе аст, ки чандто минтақаро ба ҳам мепайвандад. Дар як минтақаи аз лиҳози стратегии бисёр муҳим пайдо шуд ва ҷавонони зиёде аз кишварҳои гуногун ҷалб кард ва ин ранги дигаргуна ба ҳаракати ДИИШ дод. Онро як навъ ҳаракати байналмилалӣ ҷилва дод. Инҷо буд, ки ҷалбу ҷазби ҷавонон дар нуқоти мухталифи ба шумули ҷавонони мо сурат гирифт”.

БО ИНФИҶОРУ ҚАТЛУ КУШТОР БИҲИШТ СОХТАН, КОРИ ВОҚЕЪГАРОЁНА НЕСТ

Озодагон: Пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ ҳаргуна таъбир мешуд. Гуруҳе мегуфтанд фақр аст, ки онҳоро унҷо мебарад. Гуруҳе ҳам мегӯянд, набуди донишҳои динӣ ва дунявӣ мунҷар ба ин кор шуд. Шумо чӣ мегӯед?

Саъдии Юсуфӣ: “Ман фикр мекунам, пайвастани ҷавонони тоҷик ба ДИИШ як ё ду омил надорад. Инҷо маҷмӯе аз авомил ҳастанд, ки боис шуданд ҷавонҳои кишвари мо ба Сурияву Ироқ бираванд ва дар набардҳои дигар иштирок кунанд. Аз мушкилоте, ки шумо гуфтед, муҳимтаринаш дарки нокофии динӣ аст. Агар шинохт шинохти пурраву дақиқ набошад одамҳо ба ин чизҳо гароиш пайдо мекунанд. Вале, танҳо ин нест. Гоҳо мешавад, ки одамҳо огоҳона як қаноате ба як фикр ҳосил мекунанд ва ин боис мешавад, дар чунин ҷангҳо ҳузур пайдо кунанд. Як нуқтаи бисёр ҷолибе, ки ман тақрибан дар ҷойи дигар зикри инро надидам ё камтар дидам, ин эҳсоси гуноҳ кардан аст. Ин шояд аҷиб ба назар расад, вале ман воқеан дар гузоришҳои расида мехондам, ҳис мекардам, ки чунин чизе ҳам аст. Масалан, як кас ба хотири шаҳид шудан меравад. Шаҳид шудан чист? Яъне, ба роҳи осон вориди биҳишт гардидан. Хелеҳо фикр мекунанд, ки онҳо одамони хеле сахт ғӯтавар дар фасоду дар гуноҳҳои зиёде ҳастанд ва беҳтарин роҳи гуноҳшӯӣ ҳамин шаҳодат аст. Ва ин фурсатро таблиғ мекунанд, ки ҷабҳаи ҷиҳод роҳи осонтарин ба биҳишт аст. Дар сафи ин ҷангиён одамҳоеро аз кишварҳои Аврупо мебинем, ки дар собиқ овозхон будааст ва Ислом овардаст, тавба кардааст ва инҷо омадаст ва мехоҳад шаҳид шавад. Ин яке аз омилҳое аст, ки ҷойи худашро дорад”.

Озодагон: Ҷавонҳои Аврупо ба мисли Фаронса, Олмон, Инглис ва дигар кишварҳо ҳам дар ин ҷангҳо иштирок мекунанд. Онҳо он қадар фақир ҳам нестанд, ки ба хотири пул дар сафи ҷангиёни ДИИШ бипайванданд. Пас, онҳоро чӣ ба майдони ҷанг мекашад?

Саъдии Юсуфӣ: “Ман гуфтам, ки як далели аввал агар фақру нодорӣ бошад, яке дигар ҳам қаноат аст. Шумо бубинед, “Ҳизб-ут-таҳрир” дар кишвари мо мамнӯъ аст, вале дар Бритониё озод аст. Таблиғоти зиёд аст ва ҳар фикр дар ниҳояташ якчанд ҷавонро метавонад ба худаш ҷалб кунад. Чанде пеш дар бахши инглисии телевизиони БиБиСӣ бо як ҷавони ҷонибдори хилофат мусоҳиба карданд. Ин шаҳрванди Бритониё ошкоро аз ин гуруҳ ҳимоят кард ва гуфт, “бе мавҷудияти хилофати исломӣ хеле аз аҳкоми динӣ муаллақ мемонанд, татбиқ намешаванд. Пас ба хотири он ки мо татбиқи пурраи дин дошта бошем, ҳатман бояд хилофат бошад”.

Вақте ки аз ин мепурсидан, ин қадар ки шумо дилбастагӣ ба хилофат доред, чаро дар ин ҷо ҳастед, чаро намеравед дар онҷо зиндагӣ кунед, гуфт, маро намегузоранд, агар иҷоза бидиҳанд меравам. Ба ин тартиб, дар мавриди пайвастани ҷавонон дар онҷо фақр камтар нақш дорад, балки қаноат ҳосил кардан ба фикрҳои Ҳизб-ут-таҳрирӣ ё фикрҳои ҷиҳодӣ мусоидат мекунанд. Яъне, умдатарин гапашонро агар таҳлил кунӣ ҳамин аст, ки агар сохтори давлатие бо номи хилофат сохта шавад, тамоми мушкилотро ҳал мекунад ва биҳиште барои мусулмонҳо месозад. Яъне, фикрҳои бисёр содалавҳона ҳастанд. Низоми ҷаҳониро нодида гирифтан ё бо инфиҷору қатлу куштор барои мусулмонҳо дорулислом ё биҳишт сохтан, фикр мекунам, дар шароити имрӯз кори воқеъгароёна нест”.



Озодагон: Фикр намекунед, ки гуруҳҳои ифротӣ мислӣ “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва ДИИШ бо ҳам дар иртибот ҳастанд. Ба ин маънӣ ки нафаре, масалан, аз “Ҳизб-ут-таҳрир” ба сафи ДИИШ бипайвандад ва баръакс?

Саъдии Юсуфӣ: “Ман фикр мекунам, инҳо ҳам робита ва ҳам мушкилоте дар байни худ доранд. Чанде пеш дар хабарҳо зикр мешуд, ки халифаи Бағдодӣ раҳбари “Толибон”-ро эътироф накардааст. Гуфтааст, шумо машрӯъияти раҳбариятро надоред. Аммо, ҳадафи ҳамаи инҳо сохтани як сохтори динӣ ба хотири пиёда кардани аҳкоми ҷиноӣ динӣ аст. Дар инҳо наздикии андеша дида мешавад. Аммо, ин ки то куҷо як ҳастанд, бастагӣ дорад аз хеле дигар манфиату маслиҳатҳои ҳар як ҳизбу гуруҳ, ки онҳоро худашон таъин мекунанд ва бояд мунтазир монду дид, ки чӣ мешавад. Дар хабарҳо омада буд, ки ДИИШ як ҷабҳаи нав боз кардааст. “Толибон” дар сафи ДИИШ алайҳи душмани муштарак меҷангад ва ё ҳар кадом дар алоҳидагӣ амалиёт мекунанд, масъалаҳоеанд, ки эҳтиёҷ ба вақту баррасиву ковиш доранд”.

Озодагон: Дар бораи хатари ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ва бахусус ба Тоҷикистон зиёд гузоришҳо мерасанд. Шумо то куҷо инро воқеъбинона арзёбӣ мекунед?

Саъдии Юсуфӣ: “Агар аз хабарҳо натиҷагирӣ кунем, дар ин бора суҳбатҳо буд, ки Русия дар саъйю талоши имзои як паймони амниятӣ бо Афғонистон аст. Хуб, агар чунин паймоне имзо шавад амалан ба ин маъно аст, ки Русия эҳсос мекунад, инҷо ДИИШ омадааст ва хатаре аст. Албатта, ин хатар фақат таҳдид ба Осиёи Миёна ё Тоҷикистон нест, балки тамом кишварҳои узви Сомони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ин таҳдидро эҳсос мекунанд. Ва ин боз бастагӣ дорад, ки ин ҳодисаҳо то куҷо пеш мераванд ва чӣ гуна ба сӯи оянда ҳаракат мекунанд. Аммо, то ҳол ҳеч амалиёти қавие дар Афғонистон бо номи ДИИШ амалан сурат нагирифтааст ва то ҳол ягон вилоят ё минтақаи калонро нагирифта ва пойгоҳи муайяне надоранд”.

ДАР ҲАР ИДЕОЛОГИЯ ОДАМ БОЯД “МИЁНАИ ЗАРРИН”-РО РИОЯ КУНАД

Озодагон: Дар мавриди ифротгароӣ. Дар Тоҷикистон дар доираи коршиносон дар баробари ифротгароии мазҳабӣ ибораи “ифротгароии дунявӣ” вуҷуд дорад. Манзур аз ин таъбир чӣ бошад?

Саъдии Юсуфӣ: “Агар дар бораи ифрот сухан бикунем, ин метавонад ба ҳамон андозае, ки як ифротгарии динӣ бошад, метавонад ифротгароии дунявӣ ҳам бошад. Ман фикр мекунам, як шеъри Саъдӣ дар фаҳми ин моро кумак мекунад. Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Начандон бихур к -аз даҳонат барояд,
Начандон ки аз заъф ҷонат барояд.

Дақиқан, ҳамин ифроту тафрит дар хурданро шарҳ додааст. Яъне, он қадар бихурӣ ки аз даҳонат барояд ин ифрот дар хурдан аст ва он қадар кам, ки аз гуруснагӣ биғалтӣ ин тафрит дар хурдан аст. Ба ҳамин андозаи дигар дар ҳар масъалаи дигар чи дар дин ва чи дар демократия ва чи дар коммунизм. Дар ҳар идеология одам бояд ҳамин “миёнаи заррин”-ро риоя кунад. Ҳар гоҳ, ки аз ин миёна қадаме ба тарафи ифрот гузошт ё қадаме ба тарфи тафрит гузошт, инҳироф аст. Чи ба номи дин, демократия ва ҳар номи дигар”.

Озодагон: То кадом андоза ифротгароии динӣ дар Тоҷикистон дида мешавад?

Саъдии Юсуфӣ: “Ин чизе ба монанди назариёт аст, аммо мушоҳида мешаванд. Мо тундравҳое дорем дар кишвар, ки бо номи дунявият ҳам хеле сахтгириҳои ноҷо ва мавзеъгирҳои нодуруст мекунанд. Аммо, наметавонем инро ба як ченаки муайян бигӯем”.

ҲАР НАВЪ ИСТЕҲЗОИ МАЗҲАБИРО МАҲКУМ МЕКУНАМ

Озодагон: Назари Шуморо дар мавриди ҳодисаи Фаронса ҷойе надидем. Манзурам, қазияи Шарлӣ Эбдо аст. Дар ин маврид назари Шумо чӣ аст?

Саъдии Юсуфӣ: “Масалан чӣ?”

Озодагон: Замоне ки ин қазия рух дод, мардум дар ду ҷанба қарор гирифт. Бархе мегуфтанд, “мо Шарлӣ ҳастем” ва бархе ҳам бар хилофи онҳо шиор доданд...

(ВИДЕО) Саъдии Юсуфӣ: Дарки нокофии динӣ ҷавононро ба ДИИШ мебарадСаъдии Юсуфӣ: “Вақте ин ҳодиса шуд, яке аз дӯстҳоям дар Австралия, ки ин маҷалларо дидааст гуфт, сурати як одами ришдоре ҳаст, вале ҳеч ҷое навишта нашуда, ки акси кист. Мавзеъгирии ман ҳамчун як фарди мусулмон ин аст, ки ҳар навъ истеҳзо, карикатура ё бадгӯӣ, ки эҳсосоти як касро ҷароҳатдор мекунад, як кори ғалат аст. Ғарбиҳо мегӯянд, дар мо тамасхур ба дин як чизи пазируфта аст. Мо чӣ посухе дар иртибот ба ин дорем? Мо метавонем гуфта, ки дар мо ин чиз пазируфта нест. Онҳо хеле аз баҳонаҳоро ҳам оварданд. Гуфтанд, мо арзишҳои яҳудӣ ва масеҳиро ҳам карикатура кардем. Пас чаро Ислом, ки яке аз динҳои мавҷуд дар Фаронса аст, аз ин қоида истисно бошад? Аммо, фаромӯш мекунанд, ки аксарияти пайравони дини Ислом дар Фаронса нестанд, балки дар муҳитҳои дигаре зиндагӣ мекунанд. Вақте ки дар онҷо тамасхуру истеҳзо ба гуфти онҳо як чизи табиӣ аст, вале дар мо як чизи табиӣ нест. Ва ин кори оқилона нест, ки шумо коре бикунед, беш аз як миллиард аҳолии курраи заминро ба ғазаб биёред. Мавзеъгирии ман ин аст, ки ҳар навъ истеҳзои мазҳабиро маҳкум мекунам. Ҳузури дин дар зеҳнҳо ҳамеша ҳузури муқаддас аст. Фарқ надорад, ки ӯ кадом дин аст. Барои ҳар инсон динаш азиз аст. Набояд одам як чизе, ки барои инсони дигар муқаддаст аст, ба ҳамин шакли бисёр бад онро тамасхур кунад. Дар иртибот ба Ҳазрати Муҳаммад (с) мо медонем, ки дар Ислом ҳеҷ ҷойе аксе аз ӯ ё пайкарае аз ӯ нест. Дар Ислом ин чизҳо ҷоиз дониста намешаванд. Ба ибораи дигар, Ислом хостааст, ҳузури онҳо як ҳузури маънавӣ дар дилу ҷону ишқи инсонҳо бошад. Ба ҳамин хотир, ҳеҷ касе наметавонад, расми ӯро бикашад ва ин коре ҳам, ки дар Фаронса шуд, фикр мекунам, зарараш бештар аз фоидааш буд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рафик

  • 2 март 2015 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саъди Юсуфи хело мавзуъро хуб барррасию тахлил намудааст ташаккур вокеан сабаби шомил шудани чавонони мусулмон ба ин гурурххои ифроти ва мавриди истихдому масхараи Арикову Гарб шуданашон камсаводии дини мебошад.Пас рохи хал ин аст ки хукуматхои кишвархои мусулмоннишин аз чумла Точикистон рохи маърифати диниро барои мардум боз кунад ва набандад. АЗ ЧАХЛУ НОДОНИИ ДИНИИ ЧАВОНОН ВА ФИШОР БОЛОИ ДИНИ ИСЛОМ НАТИЧААШ ЧУНИН АСТ, РОХИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ДИНИ ИСЛОМРО НАБАНДЕД ХУБ НЕЕЕЕЕСТ ХУБ НЕЕЕЕСТ АЗИН БАДТАР МЕШАВАДУ НЕК НЕ,
Посух додан
  • Муслим Кулоб

  • 2 март 2015 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
786
салом миллат, ва С. Юсуф. Хаста набошед тахлили хуб буд ва мешавад бозам аз раъй ва тахлилхои ингуна равшанфикрон ва коршиносони дини истифода намуда, "на гайри дини" ва бо адл ва инсоф ва дур аз ифроту тафрит рохи хали хубу коршиносойи шударо дар Ч.Точикистон бар рох монд. Чор тарафи казияро барраси кунем ва гузинаи асосиро пайдо намуда масаларо хал кунем. Казияи дииш, илату далоили хосе дорад ки мешавад факри иктисоди, ва факри дини, ва авомили асосии он донист. Дар ин миён факри сиёси хам накши мухимеро ифо кардаистодааст, миллат ва чавонони мо аз назари сиёси ва бахсхои сиёси дур мондаанд. Кишвархои монанди амрико ва аврупо ва кишвархои халичнишини араби, ва кишрвари Туркия дар эчод ва кудратмандкардани дииш хело накши асоси доштанд ва онро эчод карданд, чавононро фиреб додаанд. 90% чавонони чахон (точик) аз марзхои Туркия вориди Дииш шудаанд. Ин кишвархо бо сиёсати касифу дуругинашон ин мушкилро ташкил ва тахмили хамсоягони худ кардаанд бо суи истифода аз факри илми, сиёси ва мазхаби иктисоди фарибдоданд ва дини Исломро хатшадор карданду миллатхоро ба масхара гирифтанду ба балохо ва куштору касилихо гирифтор кардаистодаанд, бо сиёсатхои золимона ва палидонаи худашон. Инчост ки чавонони дунё фирефта шуданд, бо расонахои амрико ва аврупо ва Арабию Гарби ва интернет ки хамааш дар зери дасто ва зери афкори худи онхо аст, ин балоро бар сари муъминону мусалмонон ва ба хусус чавононамон оварданд ва меоваранд.
Чанг бар сари кудрати чахони ва бозори аслиха идома дорад...
Инчо касе барои Ислом ва ахкоми исломи ва охирати баъди марг(бихишт ё дузахт) дилаш насухтааст.
Чанги милати бартар болои милати заифтар, гуломгардони ва горати нефту газу тилло аст.
Акли солим, огохии кофи аз дини Ислом ва сиёсати чахони, каспи маълумоти миёна ва оли мо ва шуморо метавонад аз ин махлака ва балохо бирахонад, дуст ва душмани хакикиро бишиносонад.
Посух додан
  • Махмадӣ

  • 2 март 2015 12:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саъдӣ бе мақсад чизе намегуяд. ШОяд нияти ҳаҷи муфтро дорад ё кадом барномаи дигари туристи.
Посух додан
  • Noshinos

  • 2 март 2015 12:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in kas ki boshad maalum nest, o pesh suhbatash nafarro muarifi kuned ohi . KIyay chiyay hudsh chi ilm dora ana bad suhbatro shuru kuned MUhtaraammm
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
С Юсуф!
Дарки нокофии динии чавонон НЕ! балки Шароити пасти зиндаги дар Торикистон чавононро ба ДИИШ мебароад амакы!
биё бонышеее кач биши рост гап за меган!
Посух додан
  • Муслим Кулоб

  • 3 март 2015 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар ма Мухамма аз ш. Кулоб хастам. Дипломи оли риштаи мудирият дорам ва ба басхои сиёси огохи дорам, ба шидда алока дорам ки чавонони точик фирефтаи яго сиёсати касифи чахони куффор нашаванд.
ташакур аз хонандагони мухтарам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухбати бисер чолиби дикат, ки маълумоти зиёде оиди ин мавзуъ ба худ гирифтам..Чунин сухбатхову чунин мавзухо алалхусус бо чунин коршиносони равшанфикру кордон харчи зиедтар шавад, албатта чавонон ба худ як гизои хубу мусбии маънави мегиранд...Мавзуъ бо сифати оли барраси шудааст, ки дарк кардани мавзуъ барои хама табакаи ахоли бисер самимиву замини аст...Зиндаву сарбаланд боши марди сухани хак!
Посух додан
  • 001

  • 3 март 2015 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Noshinos,
Бародар ин гумони бадат нисбати як бародари Исломи нодуруст аст ва ин шахс кушиш дорад то ин ки мо ҷавонон дини Исломро хуб дарк кунем, лекин Шумо бошед як шахсро нашинохта дарҳол гумони бад мекунед "хаминаст сиёсати хирадмандонаи ҷаноби олӣ!!!" камтарак фикр мекардагӣ шавед гуфтаанд ки "аввал андеша баъд гуфтор"

Посух додан
  • Garib

  • 14 апрел 2015 02:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Asalomu alaikum barodaroni musalmon, shumo fireftai inchunin nokason nashved

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!