Бахшҳо

Шокирҷон Ҳакимов: Бояд на кам аз 80% овоз мегирифтам...

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии №19, Конибодом мегӯяд, аз тақаллубҳои интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шикоят мебарад.

Ӯ, рӯзи 2 март ба “Озодагон” раванди интихобот дар ҳавзаи мазкурро ғайришаффоф арзёбӣ карда, аз ҳолатҳои зиёди тақаллуб ва фишор ба нозиронаш ва раъйдиҳандаҳо нигаронӣ кард. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, гӯиё пирӯзии ӯ ба мардум боиси нигаронии президент ва шурӯи ҷанг дар кишвар арзёбӣ шуда, аз интихобкунандаҳо хоста шудааст, ба ҷонибдории номзади ҲХДТ овоз диҳанд: “Раванди интихобот нишондод, ки дар Тоҷикистон ё иродаи сиёсӣ нест ё усули дугона вуҷуд дорад ва ба ғайр аз президент дигар доираҳои мушаххас манфиатҳои худро пиёда мекунанд, ки ҳадафи онҳо муташанниҷ гардонидани вазъ ва беобрӯ кардани раисҷумҳур низ ҳаст”.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси раванди иштирок ва баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандаҳо ва руҳияи сокинон бояд беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст меовард“Агар теъдоди иштирокдорони вохӯриҳо ва руҳияи мардумро ба назар гирем ман бояд беш аз 80 дарсад овоз гирам, аммо инҳо кушиш мекунанд, то овозҳои ба ман додашударо 10 фоиз нишон диҳанд. Доираҳои муайян ин интихоботро низ ба манфиати худ истифода карданд ва мардум аз тарзу усули баргузории интихобот руҳафтода шуданд. Ин гуна баргузории интихоботро дар Конибодом ё умуман мислашро дар Тоҷикистон шояд касе надида буд”.

Рақиби аслии Шокирҷон Ҳакимов дар ин ҳавза Равшан Раҷабов номзади ҲХДТ буд.
Мӯҳр
.
Шокирчон шумо марди содда наменамоед, лекин боз номзадиатонро пешниход карда ба галабаатон бовар доред. Ин интихоботхо дуруг буданашро хатто талабахои мактаб медонанд. Шуморо гуфта будем умуман хизбхои гайрикиссаги бояд интихоборо бойкот кунанд.

Истиклол
ОЁ хамин ШОкирчон Хакимовро дар хамон куче, ки худаш зиндаги мекунад, мешиносанд.Акалан як дарахт дар шахр шинондаги бошад

umed
tu barin kasone ki az istiklol bezor budedu nochor istiklolro kabul karded ba in ustod Hakimov hato dar vakti darakhshinoni ham monea meshaved

равшан рачабовро аз як вазифаи равганин гирифта будаанду мачбуран дар депутати номашро монда будаянд, ин шахс дар мактаби милисаи МВД кор мекарду як руз супориш шуд ки номзадиашро дар конибодом монад. тавре маълум аст, дар харбиён тамоми супоришхо бечунучаро ичро мешаванд ва р. рачабов дар парламент даркор шуда будааст, зеро дар парламенти мо одамони босавод, махсусан юристхо тамоман кам-ку, барои хамин р. рачабов барин конундонхо лозим будааст. шокирчон хакимов бояд аз рузи авал медонист ки р. рачабовро дар парламент заказ кардаги, барои хамин эътирозхо ягон фоида надоранддддд

Истиклол
Чавоб ба umed, ба умеди устоди Шумо мушудем, на сохиби дарахт ва на сохиби истиклол мебудем мо. Мо шукри Ватан, ободии макон ва Вахдати милли мекунем. Ба мисли Шумо барин демократхо солхои 1991 ва 1992 Точикистони ободи моро нотинч карданду кариб, ки пора пора хам мекарданд, худашон бошад дума хода карданду гурехтанд аз Точикистон.

Ман хамчун як сокини шахри Конибодом Шокир Хакмимовро нагз мешиносам...Ин якумин бор нест, ки Шокир дар давраи интихобот ба шахри Конибодои ташриф оварда номзадии худро мегузорад аммо ягон маротиба пируз нагардидааст. Хамин тарик хар вакт баъди муайян гардидани натичахои интихобот ноумед шуда тарики расонахои хабари дили худро тасалох медихад, ки "гуё у овози зиёдросохиб гашта голиб омадааст" харчанд нагз медонад ин хел нест. Умуман аз чи бошад,ки Шокир кушиш менамояд, ки худро як "демократи" хакики ва "олим" нишон дихад. Дар хакикат дар худ таъриф намои хамто надорад..то хатто аз кудагони 3 сола то пирони 80-90 солаи шахри Конибодом медонанд, ки у "олим" аст...Олими бе амал замбури бесал...Хатто аз доногии зиёд худро сояи Президенти Узбекистон Ислом Каримов ва олими бузург ном мебарад ва дар барномахои тагриботиаш дар дехахои наздисархади ба овози баланд элон намуд.

Давлатов А.М.
Пешниход
Ба чавноби Оли Президенти Чумхурии Точикичтон, мухтарам Эмомали Рахмон.
Бо баробари навтани ин матлаб аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба фаъолияти МОМН чумхури хотима дихед, зеро инхи хеч коре накардаанд ва нахоханд кард.

Озодагон
Озодагон нашр намоед Кабириро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)