Бахшҳо

Кабирӣ: Агар субот хоҳанд, бояд бо ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад...(ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вокуниш ба натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки ҳизбаш бо 1,5 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, тамоми тарафдорони ҲНИТ-ро бо пирӯзӣ табрик кардааст. Ӯ дар пайи ҷаласаи паси дарҳои бастаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, тариқи муроҷиатномаи видеоияш ба тарафдорони худ изҳор доштааст, ҳаққи онҳоро ҳифз ва барқарор хоҳад кард.

Кабирӣ афзудааст, тамоми нишонаҳои рӯи даст аз ояндаи душвори Тоҷикистон дарак медиҳанд ва барои субот ва берун баромадан аз буҳронҳо бояд миёни ҳукумат ва тарафдорони ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Кабирӣ дар ин навор тарафдоронашро ба сабру шукргузорӣ даъват намуда, афзудааст, сабр барои субот маънои ҳимоят накардан аз ҳаққи худ нест. Ӯ таъкид намудааст, бо роҳҳои қонунӣ роҳбарияти ҲНИТ ҳаққи тарафдоронашро ҳифз ва барқарор хоҳад кард.

Вай аз ҷумла изҳор доштааст, ки бандаи муъмину мусалмон бояд барои ҳар неъмату мусибат шукр гӯяд ва онро, ки тарафдорони ҳизбаш заҳмат кашидаанду дар назди Ватану миллат ва виҷдони худ эҳсоси қаноатмандӣ доранд, пирӯзӣ хондааст: “Мутмаинам, ки якояки шумо дар кори кардаи худатон ва ҳизбатон дар ин маъракаи интихоботӣ розӣ ҳастед ва нишон додед, исбот кардед, ки ҲНИТ ҳаст, мемонад ва месозад ва ин як воқеияти раднашаванда аст”.

Раиси ҲНИТ бо зикри буҳронҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар минтақа, изҳор доштааст, мумкин дар оянда сафи бекорӣ меафзояд ва қурби пули миллӣ рӯз ба рӯз поён рафта истодааст: “Тамоми омилҳое, ки имрӯз дар кафи даст дорем, мутаассифона барои мо як ояндаи осонро нишон намедиҳанд, балки як ояндаи душворро нишон дода истодаанд”.

Ӯ барои он ки миллату кишвари мо аз ин буҳронҳо берун шавад як суботи дохилиро зарур хондааст: “Суботи дохилӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки байни ҳукумат ва раъият, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта бошад. Имрӯз ба мову шумо 56 ё 58 ҳазор овоз эълон карданд, бигзор мо аз садҳо ҳазор суҳбат намекунем, бигзор ҳамон 56-ро ҳам асос қарор бидиҳем, байни ҳукумат ва 56 ҳазор аъзои ҲНИТ бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, агар мо субот мехоҳем”.

Кабирӣ аз тарафдорони ҲНИТ даъват намудааст, тамоми корҳоро барои суботи дохилӣ анҷом бидиҳанд: “Вале ин ба он маъно нест, ки мову шумо аз ҳаққи худ, аз манфиатҳои худ ҳимоят накунему дифоъ накунем. Сабр, таҳаммул ва талош барои субот бояд бошад ва инчунин дар паҳлӯяш дифоъ аз ҳаққи худ ва талош кардан барои расидан ба адолат бояд бошад. Қонун ин ҳамаро муайян кардааст, роҳро пешбинӣ кардааст ва иншоаллоҳ роҳбарияти ҳизб, масъулони ҳизб қадам ба қадам дар чорчӯби қонун талош кунанд, ки ҳаққи ҳар як аъзои ҲНИТ ва тарафдори ҳизб риояву барқарор шавад”.



Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қабл аз зуҳри имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро эълон кард. Ба иттилои ин ниҳод, ҲХДТ, ҲАТ, ҲИИТ ва ҲСТ ҳадди панҷдарсадиро убур карда ва дар парлумони оянда курсӣ хоҳанд дошт. Ба эълони натиҷаҳои муқадамотӣ раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсӣ ба таври мухталиф вокуниш карданд.

Саидҷаъфар Исмонов: Мо ҷабрдида нестем

Кабирӣ: Агар субот хоҳанд, бояд бо ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад...(ВИДЕО)Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон натиҷаи муқаддамотии овозҳоро, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон шуд, шаффоф арзёбӣ кард. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “1,7 дарсад овоз гирифта бошем ҳам маълум, ки интихобкунанда дорем ва аз ин хотир барои ба даст овардани овози мардум бояд дар оянда бо барномаҳои нав ба нав баромад кунем”.

Ба гуфтаи раиси демократҳои Тоҷикистон, интихоботи имсола нисбат ба интихоботҳои қаблӣ хело шаффоф баргузор шудааст. “Аз ҳама барои мо оромиву субот заруртар аст. Идеяи мо давлатро демократӣ кардан аст, ки алакай давлат худаш демократӣ аст. Мо дар сари қудрат ҳастем, нестем низом худ мемократӣ мебошад. Албатта аҳзобе, ки мехоҳанд низомро исломӣ кунанд ё коммунистӣ кунанд, мумкин ақидаи онҳо дигаргун бошад. Ба ҳамин хотир ин барои мо ягон ҷойи нигаронӣ нест. Дар умум бигирем, мо ҷабрдида нестем, зеро ки ҳамон раванду идеяе, ки Ҳизби демократ дорад, низоми мо демократӣ аст ва албатта агар сохт коммунистӣ мешуду мо овоз намегирифтем барои сохторро демократӣ кардан, мубориза мебурдем. Ин ки ба мо овоз надоданд, маънии онро надорад, ки мо вокуниш нишон диҳем, баръакс ба мо лозим аст, ки боз хубтар бо мардум кор кунем”,-афзуд ӯ.

Зоиров: шикоят ба КМИР ё додгоҳ бефоида аст

Кабирӣ: Агар субот хоҳанд, бояд бо ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад...(ВИДЕО)Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон натиҷаи аввалияи интихоботро, ки ахиран Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ эълон кард, ношаффоф арзёбӣ намуд. Ҷаноби Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон”, 0,5 дарсад раъйи ҲСДТ–ро шикастани раъйи мардум, шикастани мардумсолорӣ дар Тоҷикистон унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ин интихобот аз интихоботҳои пешин ноадолатонатар доир гарид: “Соли 2005 фоизи овозҳоро ба ҳизби аз мо 1,7%, 2010 0,8% ва акунун дар ин интихобот 0,5% кардаанд”.

Раҳматилло Зоиров иброз дошт, аз тақаллубкориҳои интихобот маводҳо дар даст доранд, ки тариқи ВАО ба чоп хоҳанд расонд. Ӯ мегӯяд, аз таҷрибаи интихоботҳои гузашта маълум аст, ки ба КМИР ва ё ба додгоҳ шикоят бурдан ҳеч натиҷае намедиҳад.
Мӯҳр
Боз хам хакикат
Чаноби зоиров Шуморо бо хизбатон танхо худатон ва Оилаатон медонад дигар чои шикоят нест.. Чаноби Шабдолов бошад хакикатро андеша накарда сухан гуфтаистодааст.. Чаноби Шабдолов солхои пешина нисбат ба ин солхо мукоиса кунем сухани Шумо точое хакикат дорад?? Панч дахсол пеш камунсито зиёд будан? лекин сину солашон хело ва хело калон буд асоан Муйсафедо камунист будан Худо рахматашон кунад болои кабрашон сабза яктараф дарахт руидаст. Шумоям хафа нашавед. Солхои янда чонибдори хизби Шумо 0,00 овозро бадаст миёрад... бад боз ХХДТ гунахгор мешумори

албатта ин интихобот шаффоф набуд, инро солимфикр дарк мекунад.

Хакикатчу
ХНИТ баъди панчсол пас даротро кушо хамон даррунда мачлис гузаронида шинед.. Дар асл гирем Шумо дини мубини Исломро догдор мекунед ба сиёсат омехта кардааед. Милати точик он милати солхои 90 нест гуфаи матали халки Моргазид аз банди ало метарсад..

diplomat
МАРДАК БОРИН БОЙ ДОДЕД БАРОДАРОН. КИБЛААТОНРО ТАРАФИ ДИРИЖЕРХОИ ХОРИЧИЯТОН НЕЮ ТАРАФИ ХАЛКИ БУЗУРГУ ЗИРАКИ ТОЧИК ГАРДОНЕД. ХАКИКАТ ДАР ОТАШ НАМЕСУЗАД ВА ДАР ОБ ГАРК НАМЕШАВАД.

ИНА ФАБРИКАИ ЧАВОБ БА КОР ДАРОМАД.

ИНА ФАБРИКАИ ЧАВОБ БА КОР ДАРОМАД.

Хуррам
БА пеш барои химояи НАНГ, НОМУС, МИЛЛАТ ва ДАВЛАТ!!!!

хуррам
Озодагон аз каментарияи аввалаи ман хуб истифода карда хамаашро намонди. Хоин ва курнамак худи ОЗОДАГОН аст!!!!!!!!!!!!!!!!

Муҳаммад аз Кулоб
паноҳ бар худо аз ин фабрикаи ҷавоб. ин интихобот набуд,

Мухочирбача
чавоб ба хурам ту нанга чи медони номуса чи медони милату давлата дар телевизор дидаги тамом милату давлат дар Россия кор кардестай ки ин хизбои шумо хурда хобан

Муҳаммад аз Кулоб
номи сомонаатонро иваз намоед,чун шоистаи ин ном нестед. фикру назарҳоро ба мисли мақомдорони ҲХДТ тақаллуб ва дуздӣ мекунед ва пурра намегузоред.

ХХДТ
Ин интихобот не балки як таъинот буд. интихобот на шаффоф ва на озоду демократи гузашт. бояд аз хама хизбхо дар парлумони кишвар намоянда бошад. намедонам... КМИР бояд кори худро мекард на фармон мегирифт.

Агар Ба ХНИТ 80 000 овоз дода бошад барои чи дар парлумон барои онхо чой нест хаку хукуки ин 80 000 ро ки мухофизат мекунад.Ин 80 000 аз тахти дил ба ХНИТ овоз додаги бояд дар порлумони Точикистон 8 депутати ХНИТ чой дода шавад.

Муҳаммад аз Кулоб
хоҳиш мекунам,ки назари аввалаамро,ки дар бораи интихобот аст пурра гузоред

olimi javon
Muhtaram kabiri voimai bad chi lozim? Chise ki dar deg hast dar kavlez mebaroyad.Malum shed chi kadar tarafdor dowtaed. Moned digaro kor kunand.

Tojik
Man tarafdori hukumati kununi nestam vale Xudo nokarda agar on shikast xurad yagona quvvai siyosiye, ki az hama behtar tashkil shudast va tarafdoroni ziyod dorad in Hisbi Nahzat ast va onho hatman gudratro dar Tojikiston ba dast megirand. Va tadrijan davlatro Islomi xohand kard. Ba fikram yin yak fojia baroi Tojikiston xohad shud.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)