Бахшҳо

ҲХДТ: Рақиби ҷиддие набуд ва интизори овози бештар будем

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шарҳи натиҷаи муқаддамотии интихоботи парлумонии 1-уми март ба “Озодагон” гуфт, интизори касби овозҳои бештар дар ин маърака буд.

Усмон Солеҳ, сухангуи ҲХДТ, ки 65,2 % раъйи интихобкунандагонро гирифтааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, умед доштанд дар интихобот ҳадди ақал 70 дарсади овозҳоро соҳиб хоҳанд шуд: “Лекин он 65,2 дарсаде, ки эълон шуд, натиҷаи муқаддамотӣ буда, ниҳоӣ нест. Баъди ҳисобу китоби ниҳоӣ мумкин ин нишондод боз бештар шавад Дар ҳар сурат барои мо ин як муваффақият аст”.

Усмон Солеҳ дар мавриди роҳ наёфтани коммунисту наҳзатиҳо ба парлумон изҳор дошт, ки ин ба раъйи гирифтаашон дар интихобот вобаста аст: “Ягон хел фишор набуд, аз ҷониби ҳамон наҳзатиҳо низ интихоботу маъракаи пешазинтихоботӣ мусбат арзёбӣ шуда буд. Бисёр мехостем рақиби пурқудрат дошта бошем, лекин муттасифона чунин рақиб пайдо нашуд”.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ, имрӯз, 2-юми март натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумониро эълон карда, гуфт ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ба иттилои аввалия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дарёфти 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсади раъйи мардум муваффақ шудааст. Тибқи иттилои раҳбари КМИР ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз додаанд.

Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби демократ 64 ҳазору 547 кас ё 1,7%, Ҳизби сотсиал-демократ 18 ҳазору 875 ё 0,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5% раъй додаанд.

Ба ин тартиб, ҲХДТ -- 16 мандат, ҲАТ -- 3, ҲИИТ -- 2 ва ҲСТ -- як мандатро соҳиб шуданд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон бошанд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд. Бо ин ҳол, дар парлумони нав танҳо ҲХДТ фраксия хоҳад дошт.
Мӯҳр
adl
Bisyor ba mawrid farmuded ki yagon rakibi muwofik nadored. Aknun az in ba bad rakibi muwofiki shumo hudi shumo hasted

Адолат хох
То ин хад Бе адолатиро интизор набудам худи ХНИТ 40 Хазор азо дарад зиёда аз 3 милён тарафдор чи тавр 1.5 фоиз овоз ин тамасхур ( издиватса) карани мардум аст дар 1 сомонахои ичтимои аз хама райи бисёр мегирифт таачубббббб мекунам

Ракиби чиддиатон ХНИТ ва ХСДТ буд ва онро пеш аз интихобот фишор оварда бюллетеньхоро нест карданд ва ичрокунанлагони ин амал премияхои калон гирифтанд.

USMON
Usmon 1 savolda javob deh!!!! Rohbari Hizbi Khalqi Demokrati ki ast????

ракиби чиддиро бадному фишор оварда овозхои сунъиро дар бюллетень гузоштед, вале дониста бошед ки халк хамаи инро дарк мекунад.

дасти зур
Протоколхо хама сохтааст. Онкадар зур бошед блютенхоро санчиш гузаронед баъд мефахмед натичааш чи хел аст.

мухочир
салом озодагон агар вучуд доштани хнит ба ххдт маъкул набошад бе тамасхур хизбро аз байн баред.

ДУНЁ ХАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ КОБИЛ АСТ. АРБОБ МЕЗАНАД БА ХАР БОБ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)