Бахшҳо
28 фев 2015 17:36Ҳуқуқи инсон

Худкушӣ. Чаро ин “доғ” ҳамеша рӯи Суғд доман мезанад?!

Қамари АҲРОР

Бар тибқи омори мақомотҳои Тоҷикистон шумори бештари ҳодисаҳои худкушӣ ба вилояти Суғд рост меояд. Вале то ба ҳол дар назди ҳеҷ кадом ниҳодҳои расмӣ дар ин вилоят ягон маркази бӯхроншиносӣ амал намекунад, ки рухдоди ҳодисаҳои маргталабии сокинонро таҳқиқ намояд. Иллати даст ба худкушӣ задани занони тоҷик моҷаро дар хонаводаҳо гуфта мешавад. Аммо бояд гуфт дар қатори мардҳо ҳатто ноболиғон низ имрӯз ба ин кор даст мезананд. Воқеаи ахир дар ноҳияи Конибодом ҳангоме, ки як хонандаи мактаб худро бо ҳалқаи ресмон ба дарахт ба дор кашид аксариятро ба тааҷӯб овард.

Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёд модаркалон ва аҳли хонавода духтари худ Ирода Шарипова хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии № 13 дар ноҳияи Конибодом ро дар боғи хона пайдо намудаанд, ки он ҳам бо тани беҷон дар ҳалқаи ресмоне дар шохаи дархт овезон буд. Фиғони пайвандонаш ҳамсоягону наздиконро такон дод. Ин воқеа таърихи 16-уми феврал рух дод ва онро шӯъбаи милисаи вилояти Суғд ҳам ба қайд гирифтааст. Шаҳодат Раҳматова модаркалони Ирода ҳамин қадар мегӯяд, ки ҳеҷ умед надошт, ки набареашро гирифтор ба чунин ҳол дармеёбад. Иллати даст ба худкушӣ бурдани Ирода Шарипова чун аҳли хонавода барои коллективи омӯзгорони мактаб то ҳанӯз муаммост. Саёҳат Алибоева омӯзгор ва роҳбари синф дар мактаби №13 и Конибодом мегӯяд, ки Ирода ба рафтору гуфтори наҷибаш барои ҳамсинфон дар мактаб намуна буд.
«Ирода дар мактаб хониши хуб дошт. Муносибаташ бо ҳамсинофон ва омӯзгорон хуб буд. Бародар ва модараш дар муҳоҷирати Русия ба сар мебаранд. Аз ин лиҳоз ӯ ҳамроҳ бо модаркалон ва хонаводаи тағояш зиндагӣ мекард. Иштирокаш ба дарсҳо мунтазам буд. Ғойиби бисёр надошт. Агар ягон кори муҳими хонаводагӣ дошт ҳатман ҷавоб мепурсид, агар не ҳамеша ба дарсҳо иштирок мекард. Рӯзи душанбеи 16-уми феврал ба мактаб наомад ва ҳамон шаб даст ба худкушӣ задааст. Модаркалонаш ба мо гуфтанд, ки худро ба дарахт ба дор кашидааст. Барои мо ҳам муаммо. Ягон хислати гайриахлоқиаш набуд. Ӯ духтари «шух» набуд, балки ба одоб буд. Намедонем чаро даст ба ин кор зад»



Исфара: худкушии хонандагон

Бино ба гуфтаи сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ин ҳодиса барои сокинони вилоят танҳо набуда ва чанде қабл ҳам ду хонандаи мактаб дар шаҳри Исфара даст ба худкушӣ задаанд. Гулҷаҳон Ашӯрова хонандаи синфи нуҳуми литсейи рақами 1-и Исфара дар рӯзи 28 январ бо нушидани заҳр даст ба худкушӣ задааст. Ва ҳодисаи худкушии Шоҳзодаи Шӯҳратзода, хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби рақами 1 рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ҳоле рух додааст, ки худро бо ҳалқаи ресмон ба дор кашидааст. Бар пояи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тӯли соли 2014 ҳудуди 310 нафар сокинонони вилоят даст ба худкушӣ задаанд.

Қурбонзода Шариф собиқ прокурори вилоят дар як нишасти матбуотӣ бо ширкати рӯзноманигорон гуфта буд, ки ҳарчанд 140 ҳодисаи рухдода дар ниммаи соли 2014 дар муқоиса ба ин давраи 2013 камтар аст, вале ҳамоно вазъ дар ин самт нигаронкунанда аст. «Ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он тамоюли камшавӣ дошта бошад ҳам то ҳол вазият боиси нигаронӣ аст. Дар ниммаи аввали соли 2014-ум 140 нафар аз ҷумла 70 нафар зан, 70 нафар мард даст ба худкушӣ заданд, ки нисбат ба соли муқоисавӣ 5 адад кам мебошад. Мавриди зикр аст, ки худкушии ноболиғон ба 5 ҳодиса зиёд шудааст. Тафтиши ин қабил ҳодисаҳо нишон дод, ки 57 нафар ва ё 40,7 % бинобар касалиҳои рӯҳӣ, 40 нафар ва ё 28, 5 % оид ба масъалаҳои ночизи рӯзмарра, 17 нафар ва ё беш аз 12% дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва ё паст задани шаъну эътибор , 16 нафар ва ё 11,4 % дар ҳолати мастӣ ва 10 нафар 7,1 % бинобар гирифтори касалиҳои вазнин даст ба худкушӣ задаанд. Вобаста ба ин ҳодисаҳо 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва 15 адади он ба судҳо фиристода шудааст».

Адами шароит ҳолати рӯҳии сокинонро шадид мегардонад

Зимни сӯҳбат коршиносон изҳор мекунанд, ки иллатҳои даст ба худкушӣ бурдани сокинон дар ҷомеаи мо якранг нест. Агар иллати худкушии баъзҳо дар паи бемориҳои рӯҳи сурат бигирад, набуди ҷои кор ва адами шароити хонаводагӣ боиси он мегардад, ки баъзеҳо бо ҷурми амалҳое даст ба худсӯзиву худовезӣ барин амалҳои маргталабӣ мезананд, мегӯяд Тилав Расулзода коршиноси маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд. «Ба андешаи ман яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин вазъи бисёр пасти зиндагии мардум аст. Аз ин рӯ бисёр ашхосе пайдо мешаванд, ки бо ин гуна рӯзгор муросо карда наметавонанд ва ҳолатҳое мешавад, ки онҳо ба бӯҳрони равонӣ гирифтор мешаванд. Анна ҳамин як қишре, ки ба бӯҳрони равонӣ гирифтор мешаванд дар ҳадди баланди эҳсосот даст ба худкушӣ мезананд ва шояд дарк накунанд, к ибо ин амал ба зиндагии хеш хотима мегузоранд».

Фақру нодорӣ занонро хушунатза мекунад

Як назарпусие, ки ахиран ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» анҷом додааст, собит намудааст, ки хушунати хонаводагӣ, ниёзмандӣ ва набуди ҷои кор аз омилҳое гуфта мешаванд, ки ҳолати рӯҳии занонро шадид намуда ва боиси даст ба худкушӣ задани онҳо мегардад. Маҳбуба Султонова корманди ташкилоти ҷамъиятии «Насл» ва аз ташаббускорони ин пажуҳиш мегӯяд.
«Мо дар мавриди ҳодисаҳои худкушии занон таҳлилҳо гузаронида будем. Он ҷо маълум шуд, ки дар ҷойи якум ҳодисаҳои зӯроварии оилавӣ боиси маргталабии занон мегардад. Агар фикр кунем шароити вазнини зиндагӣ худ дар ҷои аввал қарор мегирад. Зеро дар он оилае, ки зан муҳтоҷ аст, зан як сум пул надорад, то якто нон харад, вай тоқат мекунад ба ҳаргуна зӯроварӣ. Кӯдакони то 12 сола ва ё ин, ки 14-16 сола, ки даст ба худкушӣ мезананд ин барои давлати даҳшат аст. Дар ин ҷода ман фикр мекунам, ки ин як камбудии тарбия аст. Камбудие, ки на танҳо як оила умуман ҷамъият».



Иддае аз коршиносони мустақил ҳам баронанд, ки ташкили марказҳои тадқиқотӣ нисбати ин вазъ талаби замони феълӣ буда, ки бояд сари ин мавзӯъ кор гирифт. Дар ҳоле, ки то ин вақт ягон маркази бӯҳроншиносии давлатӣ, ки рухдоди ҳолатҳои худкушӣ дар ҳудуди вилояти Суғдро таҳқиқ намояд ва ё бар онҳое, ки дучори бӯҳронҳое шудаанд кор барад вуҷуд надорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)