Бахшҳо
02 мар 2015 19:38Ҳуқуқи инсон

“Ҷанг аз сагон мондааст”, мо-ку инсонем!

Низомиддин ИСОЕВ

Гаравиши ҷавонписарони тоҷикистонӣ ба гурўҳҳои мамнўи ифротӣ ва ба қавле «ҷиҳод» кардани онҳо дар давлатҳои Сурияву Ироқ натанҳо боиси нигаронии Сардори давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидааст, балки ҷавонони хатлониро низ ба ташвиш овардааст.

Майли моҷароҷўӣ, ё шомилшавии баъзе ҷавонони рохгумзада ба гурўҳҳои алоҳидаи силоҳбадасту «ҷиҳод»-бардорро дида, хостем перомуни ин масъала назари ҷавонписарону духтарони хатлониро фаҳмида бошем.
- Қабл аз он, ки «ҷиҳод» гуфта ба Сурияву Ироқ меравем, бояд хуб фикр намоем, чунки онҷо роҳи рафт ҳасту бозгашт не, - мегўяд Меҳроб Эмомов, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар. - Банда пас аз тамошои наворе, ки тариқи шабакаи бонуфузи «РТР»-и Россия намоиш доданд, чунин хулосабарорӣ намудам. Дар барнома дар бораи нафаре, ки гўё «барои ҳуқуқи мусалмонон» «ҷиҳод» бардоштаю оқибат дар дасти полисҳо афтода, маҳбусӣ шудааст, сухан мерафт. Пас аз ду соли озод гаштанаш ин ҷавон бо таассуф мегуфт: «иштибоҳан бо як ташкилот ҳамроҳ шудаму ба ҷанги Сурия рафтам. Фирефта шуданамро дида роҳи гурез меҷустам, аммо чорае намеёфтам. Вақте моро супориш доданд, ки бояд як ҷойро тарконем, зимни амалиёт полисҳо ҳамла оварданд. Ман худро ба онҳо ҳамроҳ кардаму асир афтодам ва ҳамаашро ба онҳо фаҳмонда, пушти панҷара 2 сол нишастам. Ман танҳо ҳаминро метавонам гўям, ки пас аз он ҷо рафтан баргаштан ғайриимкон аст!»

Ин барномаро дида боз як бори дигар фаҳмидам, ки роҳи онҳо хато аст.
Гулшода Абдиева, донишҷўдухтар аз шаҳри Сарбанд, гуфтаҳои Меҳробро ҷонибдорӣ карда, чунин қайд менамояд: «Баъзе ҷавонони мо имрўз шояд аз саводи кофии диниву дунявӣ надоштанашон бошад, ки ба гурўҳҳои махсусе, ки появу решаҳои асосии онҳо дар хориҷ аст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди «фейсбук», «одноклассники», ҷавонони бехабари моро бо таҳрифи арзишҳои исломӣ фирефта намуда, бо баҳонаи «ҷиҳод» ба ҷангҳо мебаранд.
Хатои ҳамсолон ё ҳамватанони худро дида, мо - ҷавонон ғамгинем, аммо инро барои худ дарси ибрат медонем».

Кароматуло Раҳматов, сокини ноҳияи Данғара, мегўяд, дар ҳоли имрўз шумораи ҷавонони гумроҳшудаи хатлонӣ, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудаанд, мутаассифона, кам нест. Мафкураи онҳоро нафарони номаълум бо суханҳои ширину дурўғин гиҷ намуда, «шумо дар байни ҷавонони дигар идеал ҳастед» мегўянду ба моҷароҳои бемаънӣ ҳидоят менамоянд. Баъдан то ҳуш ба сар мезанад, ки аллакай «кор аз кор» гузаштаасту дар миёнаи роҳ ҳайрон монда, мақоли «сафар, ки кардӣ, аз роҳат бознагард»-ро пешорў оварда, ноилоҷ худро қурбони фитнаҳои ашхоси бемаърифату ҷангҷў менамоянд.
- Имрўз «ҷиҳод» гуфта, дар давлатҳои Сурияву Ироқ ду ҷониби силоҳбадаст сўйи ҳам тирандозӣ мекунанду хуни мардуми бегуноҳро мерезанд. Магар ин дуруст аст? Албатта, ки на!, - иддао дорад Ҳоҷимурод Каримов, донишҷўи курси 4-уми ДДҚ ба номи Носири Хусрав. - Ба ҳамагон маълум аст, ки ин нотинҷиҳое, ки тўли 3 соли ахир дар Шому Ироқ ва Сурия идома дорад, гувоҳи мафкураи пасту тарбияи дуруст доштани насли ҷавон аст. Ва ба фикри ман, ин ҷиҳоди исломӣ буда наметавонад. Ин як ҷанги таҳмилшудаест, ки аз ҷониби гурўҳҳои моҷароҷўи байналмилалӣ «спонсорӣ» мешавад. Ин ҷавонони роҳгумзада бозичаи дасти он гурўҳҳои экстремистист.

Бинед, ки як рўз саҳобаҳо аз Пайғамбарамон (с) суол мекунанд, ки «ду бародар бо ҳам ҷангиданд, шахси миранда ба ҷаннат меравад?» Расули Акрам (с) мегўяд: «на, ҳарду ба ҷаҳаннам мераванд! Чунки ҳарду қасди ҷони якдигар доштанду нияти бад»… Пас, чи тавр ҷангҳои имрўзаи Сурияро метавон ҷиҳод номид, ки бародар бародарро қатл менамояд?

Замира Шарифова, ҷавондухтаре аз ноҳияи Панҷ: «Чӣ намерасад ба ҷавонони мо? Ҳамарўза тавассути оинаи нилгун аз Сурия гузоришҳо пахш мешаванд, нолаҳои модаронро мешунавем, вале ҳамоно ҷавонони фирефтаи ваъдаҳои пули истихдомгарон мешаванд. Иддаи дигареро аз бесаводиашон истифода намуда, ба гурўҳҳои ифротгарою тундрав ҷалб менамояд».

Соҳибназари Гулмурод, ҷавоне аз ноҳияи Данғара: «Афсўс, ки баъзе ҷавонони мо барои ҷиҳод шуда, чунин давлати зебои осоиштаро тарк карда, зери тиру туфанг рафтаанд. Вале фаромўш сохтаанд, ки роҳи кўтоҳи бебозгаштро интихоб намудаанд, ки дер намепояд. Охир касеро ба ислом даъват намудан бо сухани ширин мебояд на ин, ки бо хунрезию нотинҷ намудани давлат».

Меҳрангез Комилова, донишҷўи курси якуми ДДҚ ба номи Н. Хусрав, оид ба ин масъала бо таассуф гуфт, ки ҷавонони мо имрўз пинҳонӣ аз аҳли оила гўё ба муҳоҷират мераванду дар асл силоҳ ба даст гирифта фикр менамоянд, ки қарзи мусалмонии худро адо менамоянд. Аммо онҳо иштибоҳ мекунанд. Чун дар урфият мегўянд, ки «ҷанг аз сагон мондааст», вале мо инсонем-ку. Ҳамин тавр не?

Пайдост, ки тамғаи «ҷиҳод» гузоштан ба аъмоли нопоки худ ва бо шиорҳои «озодии ислом», «мубориза барои ҳуқуқи мусалмонон» садо баланд намудани ин қавми ҷоҳилу силоҳбадастони хунрез танҳо ба як мақсад аст. Ин ҳам хато бурдани чашми мардуму ҷалби онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳо ва васеъ намудани доираи ҳаводорону шодихўрдаҳои худ асту бас! Масъалаи ҷалб намудани ҷавонон ба ҷунбишҳои тундраву ҷангӣ мушкили натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон аст. Тибқи мушоҳидаҳо, ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўи диниву ифротгароӣ гаравидани ҷавонписарони тоҷикро сабаб бекорӣ, шароити нохуби иҷтимоӣ, дур мондан аз таҳсил, надоштани саводи кофии динию дунявӣ ва ба ин монанд мушкилот медонанд. Агар чунин аст, пас чаро ҷавонони бисёре аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҳам ба ин гурўҳҳо шомил шудаанд? Бояд асли ин мушкилро жарфтар омўхт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)