Бахшҳо

Ҳукми нави Қудратов: 87 ҳазор ҷаримаю 3 солу 8 моҳи зиндон, Зоиров норозист

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷикро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв карда, ӯро аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов иттилоъ дода, афзуд, ки ҳукм аз рӯи моддаи 320, яъне пешниҳоди пора бетағйир гузошта шуд: “Қаблан аз рӯи моддаи 320 Қудратов ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бо назардошти беш аз 7 моҳи боздошту татбиқи қонуни афв айни ҳол 3 солу 8 моҳи дигари зиндон мондааст”.

Аммо Раҳматилло Зоиров таъкид намуд, ки аз қарори додгоҳ нисбати ҳар ду парвандаи Шуҳрат Қудратов, яъне 87 ҳазор ҷаримаю 3 солу 8 моҳи зиндони ӯ розӣ нест ва аз болои он шикояти назоратӣ хоҳад бурд.

Ин дар ҳолест, ки 13 январи соли равон Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон кард. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.

Ин ҳукм вокиниши шадиде миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷрияро дар он калидӣ хонданд. Ба дунбол, рӯзи 21 январ Раҳматило Зоиров аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)