Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 22:29

Суоли "Озодагон": Натиҷаи интихоботро чигуна қабул кардед?

4 март 2015, 09:29

Рӯзи якуми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои аввалия, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълом кард, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби сотсиалистӣ ҳадди панҷдарсадиро убур карда вобаста ба фоизи гирифта, номзадҳояшон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ меёбанд. Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист, ки дар парлумони гузашта ҳар кадом ду курсиро дар ихтиёр доштанд, ба иттилио КМИР натавонистаанд, то панҷ дарсад раъйи интихобкунандаҳоро бигиранд. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Натиҷаи интихоботро чигуна қабул кардед?

Ато МИРХОҶА, муовини аввали сармуҳаррири “Ҷумҳурият”

Чизеро, ки интизор будам, нихоят ба вуқуъ пайваст. Он чиро, ки аз натиҷаи интихобот дидеду шунидед.

Бобоҷони ШАФЕЪ, коршинос

Натиҷа бароям комилан гайримунтазира буд.

Хуршеди АТОВУЛЛОЕВ, журналист

Ҷои таъаҷҷуб нест, ки ҳизби коммунист аз бозӣ хориҷ шуд. Муддати зиёде мешавад, ки коммунистон дар қаламрави собиқ иттиҳоди давлатҳои Шуравӣ нақши ҷиддӣ надоранд. Асосан ба ин ҳизб афроди болои 65 сола овоз медиҳанд ва ин ҳизб ҳар сол нтихобкунандагонашро аз даст медиҳад. Аммо чизе, ки ба сари Ҳизби наҳзат омад, аз гуноҳи худашон сар зад. ҲНИТ ҳамеша аз 35 фоиз овозҳои худ ҳарф мезанад. Бубинед, ки солҳои ахир ин ҳизб аз афзоиши фишорҳо бар худ мегӯяд, вале ҳамроҳи ин раҳбарияти ин ҳизб аз сабру таҳаммул сухан меронад. Ҳамачи дар як шахс раҳбарияти ин ҳизб ҷаноби Кабирӣ хулоса мешавад. Яъне бадбахтии ҲНИТ ин аст, ки сиёсати онро танҳо раҳбари ин ҳизб муайян мекунад, ки фалсафаи сабрро пеша кардааст. Вақте аъзоёни ҲНИТ сахтӣ мекашанд, Кабирӣ мушкиле надорад. Ӯ ҳамеша дар сафари хориҷ ба сар мебарад. Ҳатто дар рӯзи интихоботи президентӣ ҳам Кабирӣ дар Туркия мебошад. Кабирӣ, Шабдолов ва Ҳусайнӣ дар парлумон ҳастанд ё не, чизеро тағйир дода наметавонанд. Парлумоне, ки аз дасти онҳо халос шуд, вақти худро барои қабули қонун камтар кард.

Саймиддин ДӮСТОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Мисли аксарияти мардуми огоҳ: бидуни эҳсосот ва баҳогузориҳои қатъӣ. Назди сандуқи райъдиҳӣ нарафтам, зеро таҷрибаи чандинсола собит сохт, ки интихобот на, балки саҳнасозӣ мешавад. Магар дидаву дониста аз пушти нафаре,ки шуморо то лаби ҷӯйбор ташна бурда оварданӣ аст, рафтан ягон маънӣ дорад? Не. Ба худферибӣ машғул шудан, ҳатто дар таркиби фиреби калон ҳам, кори оқилона ба назар намерасад, балки шармсорӣ ҳам дорад, назди виҷдон, назди фарзандон ва ҷомеа низ. Таҷрубаи ҲНИТ ва ҲКТ барои огоҳон сабақ аст. Бубинед, бо ду ташаккули сиёсӣ ва сиёсатмадорони ботаҷриба, ки солҳо боз ба қоидаҳои таҳиякардаи ҳукумат дар майдони сиёсат бозӣ мекарданду ба “интихобот” машруъият мебахшиданд, чӣ шуд? Қонуни оинаи коинот ё ҳар чи кардӣ, ҳамон мебинӣ кор кард. Акнун ин азҳоб дар ҳошия қарор гирифтаанду роҳбаронашон ба сахтӣ нороҳату ноосудаанд. Умед мебандем, ки дар чанд моҳи дигар ба худ хоҳанд омад. Бешубҳа, ин маърака оғози таърихи нав хоҳад буд, чун ҳар яке аз актерҳо ё иштирокчиёни ин раванд лоиқ ба сиёсату мавзеъгириҳояш самар гирифт: - мақомоти қудратӣ, ки се сол боз ташаббускорони асосии муҳити сиёсӣ ва ҳатто муҳити расонаиву шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, клерикалҳову мазҳабиёни сиёсиро ба таври бесобиқа шикаст доданд, нуфузи руҳониёни суннативу навро, ки монеъаи рушди миллӣ меҳисобиданд дар ҷомеа ночиз гардониданд. Ин аст, ки гурӯҳе онҳоро табрик мекунаду бархе носазо мегӯянд; - ҳизбҳои “кисагӣ” ва сиёсатмадорони хушомадгӯву, ба истилоҳ “бедандон”, вориди парлумон гаштанд; - ҲНИТ-у ҲКТ “шаттаи ҳушёрӣ” хӯрда, алтернативаи ҷиддӣ набудашонро фош сохтанд; - Президент аксарияти конститутсиониро дар парлумон, ки барои ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Сарқонун ва интиқоли эҳтимолии қудрат заруранд, таъмин сохт; - Нухбагони ҳукмрон то ҷое якгуна ё монолит будани сафҳои худро дар таъмини манфиатҳои умумияшон ба намоиш гузоштанд; - Рӯзи дигар ҷомеа вазъи сиёсиро босуботу кишварро амн дарёфт, ки барояш хеле муҳим аст; -Нозирони байналмилалӣ бо намояндагӣ аз ду ҷаҳонбинӣ: ғарбӣ ва осиёӣ ба раванди интихобот баҳои нисбӣ дода, гӯиё миллионҳо доллар харҷи сафару музди меҳнаташонро ҳалол намуданду аз Тоҷикистон берун шуданд. Кадом ҳизб чӣ қадар райъ гирифт, чанд дарсади мардум дар интихобот ширкат дошт, сифати аъзои парлумони нав кадом ҳоҳад буд, дигар муҳим нест. Муҳим он аст, ки мо шоҳиди ба нуқтаи бебозгашт расидани низому ҷомеа шуда, интизори формати нави муносибатҳои ҷамъиятӣ хоҳем монд. Барои ақлгароён ин воқеиятҳои сиёсӣ ҷои гила надорад ва ё ҳадди аққал набояд дошта бошад. Чун стратегияи бақои ҳукумате мисли ҳукумати феълӣ ҳаминро талаб мекунад: шахсиятҳои сиёсии мустақил дар ин марҳила метавонанд хатарзо бошанд, институтҳое назири интихобот, ки ба интиқоли қудрат халал расонида метавонанд, набояд бе контрол монанд ва ғ.ҳ. Барои Маркази ягонаи қабули қарор ва марказҳои таъсиррасони ҳукумат имитатсияи ҳамин инстутутҳо роҳҳали масъала менамуд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Интихоб воқеъан аз онҳо буд ва гумон мекунам сатҳи маърифати сиёсии мардум имкон намедиҳад, ки дар чанд соли дигар ҳам ҳадди ақал дар мағзҳо ягон алтернатива ҷову мақом пайдо кунад. Тавре мебинед, аз нигоҳи як стротежии миёнамуҳлат тақрибан ҳама бурдкарда менамоянд, пеш аз ҳама ҳукумату ҷомеа. Аммо суоли матраҳ барои ҷонибдорони рушди Тоҷикистон, хоса давлатсолорон ин аст, ки оё давлатдории миллӣ бурд кард, ё на? Инро вақт нишон хоҳад дод. Чи ҳам набошад, маъракаи гузашта рискҳои сиёсии давлатдории моро то ҷое зиёд кард ва чун ҷомеа бениҳоят заъиф асту рефлексия надорад, хуб мешавад, ки худи ҳукумат дар пайи идораи ин рискҳо бошад. Ба як ҷумла мешавад, хулоса кард, ки ҷомеа ба ҳукумати феълӣ ва президент боз як бор карт-бланш дод, ки дар пайи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ бошад. Ин масъулиятро ҳукуматдорони вақт то қуҷо мешиносанд ва дар амалӣ кардани он муваффақ мешаванд, боз ҳам вақт нишон хоҳад дод.

Мирзои САЛИМПУР, коршиноси масоили сиёсӣ

Фикр мекунам, ки натиҷаҳои эълоншуда то ҳадде мантиқист. На аз ин лиҳоз, ки иродаи сиёсии мардумро ифода мекунанд, балки бештар ин инъикоскунандаи иродаи сиёсии доираҳои ҳоким буд. Бозандаи асосӣ дар ин маърака, ба назари ман, ҳизби наҳзат буд, вале ин ҳизб худаш худашро барвақт дар ин чоҳи кандаи ҳукумат андохта буд ва ба таъбири худи наҳзатиҳо, сабурона мунтазир буд, ки кай ин чоҳро ба рӯяш мепӯшанд. Ҳамин фурсат имрӯз расид ва онҳо бояд пеш аз ҳама аз худашон гила кунанд, ки як ҳизби як замони тавоно ва дар сатҳи СММ матраҳро, ки бо ҳукумат рӯбарӯ музокирот мекард, ба як нирӯи маргиналии заиф ва мисли аҳзоби кисагӣ балегӯи ҳукумат табдил доданд. Талх аст албатта, вале воқеъияти ҳоли ҳизби наҳзат ҳамин аст.

Умед ҶАЙҲОНӢ, коршинос

Натиҷа бисёр ҷолиб шуд. Акнун ҲХДТ ягона масъули кишвар шуд ва ҳеч неруе бо онҳо дар ҳукумат шарик нест. Ин ҳизб, ки ҳукуматро қабз карда, акнун посухгӯи ҳамагуна рухдодҳо, чи мусбату чи манфӣ, дар кишвар аст. Дигар неруҳое ки аз Маҷлис бадар карда шудаанд, ё куллан аз саҳнаи сиёсат хориҷ мешаванд, ё ин ки ба гурӯҳҳои тундрав табдил хоҳанд ёфт. Мубориза барои қудрат акнун шадид шуд ва сабру таҳаммул ҳам камтар хоҳанд кард.

Сафват БУРҲОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Худи Интихобот ки набошад, чӣ гуна метавонад натиҷа дошта бошад? Дар Тоҷикистон ҳич гоҳ интихобот набуд, нест ва намешавад. Тоҷикистон мустамликаи Русия аст ва интихоб хоси мустамлика нест. Дигар ҳама гирудорҳо як намоишу худфиребӣ ҳастанд.

Лола ОЛИМОВА, журналист

Натиҷаҳои интихобот маро дар ҳайрат нагузошт. Воқеаҳои соли охир нишон дод ҳокимият намехоҳад, ки ҳизбҳои мухолиф дар канораш бошанд. Ин хуб нест. Чунки ҳукуматдорон дар симои ҳизбҳои мухолиф душманонро мебинанд. Танқиди солим гарави муваффақият аст, на нобарорӣ. То он вақте, ки ҳокимият инро нафаҳмад душманонаш зиёдтар мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сафармад

  • 4 март 2015 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин гапи САфват хеле фахмиши хуб ва чои аст: "Вакте интихобот набошад чигуна метавонад натича дошта бошад?". Интихоботро вакте милисаву амният чамъбаст кардан ва варакахоро худи хаминхо хисоб карданд маълум аст ки натичааш чи мешавад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин интихобот гузашт бахели накунед, бо Худододагон бахс накунед.Рохбари Давлат марди Худодод аст.аз дастатон хеч чиз намеояд.хаааааха.
Посух додан
  • 110

  • 4 март 2015 20:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ФАРОЧОН! ДАР ҲАМА КАМЕНТАРИЯҲО ЯК НАЗАР ДОРИ! ЯК БОР ВОҚЕЪИЯТРО БИБИН ШОЯД НАЗАРТ ТАГЙИР КУНАД.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!