Бахшҳо
05 мар 2015 08:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қазоқистон: Кор бо Барзу Абдураззоқов орзуи ҳар ҳунарманд аст (ВИДЕО)

Расонаҳои Қазоқистон ба намоиши ахири Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик, бо номи “Ревизор” (аз рӯи асари Николай Василевич Гогол), ки дар театри мусиқии ба номи Собит Муканов ба саҳна гузошта шуд, баҳои баланд додаанд.

Барзу Абдураззоқов бо ҳайати театри мазкур тайи ду моҳ кор карда ва намоиши сесоатиеро таҳия кардаанд. Кормандони театр кор бо коргардоне монанди Барзуро орзӯи ҳар ҳунарманд гуфтаанд: “Барзу Абдураззоқов барои гуруҳ на танҳо коргардон, балки мураббӣ ва равоншинос буд”.

Биржан Жалгасбоев, раҳбари театр ба МТРК гуфтааст, “намоишҳои Барзу Абдураззоқов миёни тамоми тамошобинон маъруфият касб мекунад. Барои мо ҳамкорӣ бо ӯ хеле муҳим буд. Шояд дар оянда низ рӯи намоишномае кор мекунем”.



Театри мусиқии ба номи Собит Муканов аввалин театри Қазоқистон нест, ки Барзу Абдураззоқовро барои ҳамкорӣ даъват кардааст. Дар моҳи ноябри соли 2014, вақте намоишномаи ӯ бо номи “Роҳи тӯлонӣ то Макка” дар ҷашнвораи ҷашнвораи байналмилалӣ дар Тарази Қазоқистон соҳиби Гран-прӣ шуд, театри Павлодар ва театри академии ба номи Авезови Алмаато аз ӯ талаби ҳамкорӣ карда буданд.

Барзу Абдураззоқов охирҳои моҳи январи соли сипаришуда Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов таъсис ёфта, авохири моҳи март Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов ҷоиза дод.

Барзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар оилаи ҳунармандони асил - Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Соли 1976 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1980 онро хатм мекунад. Дар давоми солҳои 1980 то 1987 дар факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии Русия маъруф ба ГИТИС таҳсил кардааст. Фаъолияти касбияшро дар Тоҷикистон аз театри давлатии шаҳри Хуҷанд оғоз карда, минбаъд дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, театри драмавии русӣ ба номи Маяковский, театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе идома додааст. Беш аз 50 асарро ба саҳна гузошта, соҳиби чандин ҷоиза ва унвонҳо мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)