Бахшҳо

Шикояти Шокирҷон Ҳакимов ба Комиссияи марказии интихобот

Шокирҷон Ҳакимов, номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии "Конибодом-19", бо ирсоли аризаи шикоятӣ ба Коммисияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, интихобот дар ҳавзаи ӯ, бо авантюраву шантаж, таҳдиду фишор ва дахолати мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ баргузор гаштааст.

Дар матни ин шикоят, ки “Озодагон” як нусхаашро дарёфт кард, Шокирҷон Ҳамиков бо таъкид ба ваъдаи интихоботи шаффоф аз сӯи раисиҷумҳур, аз дахолати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба раванди овоздиҳӣ интиқод кардааст. Шокирҷон Ҳамимов дар ин шикоятнома навиштааст: “Мувофиқи мақсад донистам, ки бо истифода аз ҳаққи худ барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат ҳамчун номзади мустақил дар ҳавзаи интихоботии “Конибодом -19” оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ иштирок намоям. Вале боиси таассуф аст, ки дарҳол аз лаҳзаи аввали пешниҳоди ҳуҷҷатҳоям барои бақайдгирӣ ба Комиссияи ҳавзавӣ эҳсос намудам, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳои маҳаллӣ моҳият ва стратегияи суханрониҳои президенти кишварро воқеан ё дарк накарданд ё аз дигар марказҳои сиёсии алтернативӣ дастурҳо мегирифтанд, ки кирдору рафтори онҳоро танзим менамуд”.

Дар ин нома оқои Ҳакимов мегӯяд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имконияти вохӯрии мардум бо номзади ҲХДТ – Равшан Раҷабовро муҳайё намуда, барои вохӯрии ӯ бо интихобкунандаҳо монеъа эҷод кардаанд. Дар манти муроҷиатномаи Шокирҷон Ҳакимов таъкид шудааст: “Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ронандагон ва соҳибмулкони мағозаю иншоотҳо таҳдид мекарданд, ки аксҳои маро кананд ё дар акси ҳол кору фаъолияти муътадили онҳо халалдор мешавад. Садҳо нафарро барои “маслиҳату сӯҳбати дӯстона” ба идораҳо даъват мекарданд, то ки аз ҳамкорӣ бо ман худдорӣ намоянд. Дар бораи чунин ҳолатҳо чанд маротиба ба раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ гуфтам ва хоҳиш намудам, ки дар доираи ваколатҳояш тадбирҳои зарурӣ андешад. Аммо эҳсос менамудам, ки Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ салоҳияти моҳиятан ҳаллу танзими чунин масъалаҳоро надорад. Дар натива ба ҷойи рақобати солим бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ интихобот таҳти фишору таҳдид ва авантюраю шантаж баргузор гардид, ки боиси ноумедӣ, нигаронӣ ва ғазабу нафрати сокинони шаҳри Конибодом шуда, машруъияти вакили интихобшударо таъмин накард ва кафолат надод”.

Шокирҷон Ҳакимов дар ин номаи шикоятӣ ба КМИР дар 17 банд ба гуфтаи худаш қонуншиканиҳо ва дахолати масъулин дар рафти интихоботро навиштааст, ки муҳимтаринаш инҳоянд: “1.Тибқи ведомости тақсимоти бюллетенҳои овоздиҳӣ ҳавзаи интихоботӣ ба 57 участкаҳои интихоботӣ 98980 (наваду ҳашт ҳазору нӯҳсаду ҳаштод) бюллетен додааст. Аммо дар протоколи № 15 аз 01 марти соли 2015 Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии “Конибодом -19” сабт шудааст, ки участкаҳои интихоботӣ 129933 (яксаду бисту нуҳ ҳазору нуҳсаду сиву се) бюллетенҳо гирифтаанд, ки шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда (ботилшуда) 12625 (дувоздаҳ ҳазору шашсаду бисту панҷ) ва шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетени интихоботӣ гирифтаанд 117308 (як саду ҳабдаҳ ҳазору сесаду ҳашт) нафар будааст. Ҳамин тавр фарқияти ведомости тақсимотии бюллетенҳои овоздиҳӣ ба участкаҳои интихоботӣ аз рақами дар протоколи № 15 аз 01 марти соли 2015 нишон додашуда 30953 интихобкунанда мебошад, ки аз тақаллуби ошкоро гувоҳӣ медиҳад. 2.Баъзе сокинони маҳаллаҳои шаҳр ва деҳоти он умуман ё қисман даъватнома барои иштирок дар интихобот нагирифтанд ва дар баъзе деҳаҳо масъулини участкаҳои интихоботӣ зимни тақсими огоҳнома ба бознишастагон гуфтаанд, ки иштироки онҳо дар интихобот шарт нест. 3.Бюллетенҳои интихоботиро бо маблағи муайян аз интихобкунандагон, бахусус шаҳрвандони камбизоат харида, ба воситаи одамони худӣ ба тарафдории номзад аз ҲХДТ – Раҷабов Равшан овоз медоданд. 4. Шаҳрвандони хориҷӣ маъракаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ– Раҷабов Равшанро маблағгузорӣ мекарданд. 5. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ба интихобкунандагон бюллетенҳои овоздиҳиро медоданд, ки аломати + дар муқобили номи номзад аз ҲХДТ– Раҷабов Равшан қаблан ишора шуда буд...”

Шикояти Шокирҷон Ҳакимов дар ҳолест, ки КМИР рақиби ӯ Равшан Раҷабов, номзад аз ҲХДТ-ро ба унвони барандаи интихобот дар ҳавзаи якмандатии “Конибодом-19” эълон кардааст.
Мӯҳр
Дуст
Шокирҷон ако! Шумо гуё аз сайёраи дигар омадаед. Одам ин қадар содда намешавад.Чаро вакту пули худро бехуда сарф мекунед?Бехтараш ягон пулдори ришвахурро ёбеду дар суд ҳимоя кунед, кордатон болои равған мешавад.Ин қабиларо худо беҳисоб офаридагӣ, бе як даҳон нон намемонед...

конибодом
Шокирчонако номи азизатон шукргузор биеэд аз бари хсдт бороед ба сафи хнит дароед дар оенда бохам мбориза мебарем шумо як сиесатмадори барчаста шуморо мо кадр мекунем ХУДОнигахдорбошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)