Бахшҳо
28 янв 2015 23:55Ҳуқуқи инсон

Раиси ноҳияи Файзобод дасти як занро шикастааст

Амруллоҳи НИЗОМ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба Раиси ноҳияи Файзобод тафтишро оғоз намудааст, ки дар кабинети кориаш дасти бонуи 59-соларо зада шикастааст.


Дар Прокуратураи генералӣ тасдиқ кардаанд, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар асоси шикояти як бону, ки зимни қабул дар ҳузури Имомназар Каримиён, раиси ноҳия дасташ шикастааст, тафтишот оғоз кардаанд. Аммо дар Прокуратура аз тафсилоти бештари қазия худдорӣ кардаанд.

Вале ба гуфтаи наздикони ин зани 59-сола дар деҳаи Гумблоқи Файзобод барои сокинон замин тақсим мекунанд. Тибқи қарори раиси пешинаи ноҳия ба оилаи Қарахоновҳо, ки дар як манзил 4 оила ба сар мебаранд, як қитъаи замин ҷудо мекунанд.

Ба Муқим Қарахонов, яке аз бародарон, ки комбайнчӣ мебошад, қитъаи замин ҷудо мешавад. Аммо масъулини ноҳия ба ҳар баҳона ин заминро ба ӯ то ҳол надодаанд. Барои шикоят бародарон Муқим ва Наҷмиддин Қарахоновҳо ҳамроҳи модарашон ба идораи раиси ноҳия шикоят мераванд.
Бародарон Қарахоновҳо дар як суҳбат бо TojNews тасдиқ карданд, ҳамроҳи модарашон бону Шодигул ба назди раис рафтаанд. Раиси ноҳия фарзандони ин бонуро, ки комбайнчӣ мебошад, қаблан мешинохтааст. Қаблан, раиси нави ноҳия тариқи як мақоми ноҳия аз Муқим Қарахонов талаб мекунад, ки заминҳои гандуми ӯро дар зодгоҳаш-ноҳияи Ёвон дарравад. Қарахонов бо сабабе ин корро намекунад. Раиси ноҳия аз ин қазия дар назди модар ёд карда, нисбат ба фарзандони ӯ носазо мегӯяд. Ҳамчунин раис аз даъвои рғзе пештар кардаи Муқим Қарахонов ёд карда, ба ӯ суханҳои носазо мегӯяд. Миёни Муқим ва раиси ноҳия муноқиша ба миён меояд. Модар хоҳиш мекунад, ки муноқишаро як сӯ гузоранд, аз баҳри замин ҳам мегузарад. Барои раисро аз назди фарзандаш дур кардан, ба миён медарояд ва аз зарби лат ангушти калони дасташ мешиканад.

Муқим Қарахонов, ки аз фишори баланди хун ранҷ мебурдааст, аз ин ҳодиса нотоб мегардад. Ва барои кӯмаки ававлия ёрии таъҷилиро даъват мекунанд. Бародаронро бо ҳамроҳии бону Шодигул иҷозат намедиҳанд, ки аз бинои ҳукумат берун шаванд. Вақте аз идора берун мешаванд, онҳоро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳия пешвоз мегиранд. Сарфи назар аз бад будани вазъи саломатии Муқим ва шикаста шудани дасти модар ба ШКД буда, аз онҳо баёнот мегиранд.Дар бинои ШКД ба онҳо ёрии таъҷилӣ кӯмак мерасонад.

Раис талаб мекунад, ки бародарон аз муоина гузаранд ва маълум карда шавад, ки маст мебошанд, ё не. Бародарон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, ва ҳушёр мебароянд. Дасти бону Шодигулро дар беморхона шикастабандӣ мекунанд, ки дар ин бора ҳуҷҷати тиббӣ вуҷуд дорад.
Бародарон мегӯянд, ки бо маслиҳати модар нисбат ба ин қазия ба ҷое шикоят накардаанд. Аммо раиси ноҳия нисбат ба онҳо шикоят бурдааст. Бо гузашти 8 рӯз аз қазия Шодигул Қарахонова нисбат ба раиси ноҳия ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурдааст.

Дар Ҳукумати ноҳия тасдиқ карданд, ки воқеан аз ҷониби Прокуратураи генералӣ тафтишот оғоз шудааст.
Сафомуддин Насриддинов, раҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Файзобод мегӯяд, ки онҳо нисбат ба раис тӯҳмат доранд, ки гӯё дасти модарашонро шикаста бошад. Вақте онҳо нисбат ба раис ҳарфҳои носазо мегӯянд, раис мегӯяд, ки аз дар берун шавед, в-агарна милисаро даъват мекунам. Шикастани даст, ин ҳама тӯҳмат мебошад, - мегӯяд раҳбари дастгоҳи ноҳия.

Ба гуфтаи Насриддинов, ба бародарон қитъаи замин додаанд, аммо онҳо талаб доранд, ки дар ҷои беҳтар ва бештар ба онҳо замин дода шавад.

Шодигул Қарахонова 8 фарзанд, ҳафт писару як духтар дорад. Падари оила соли 1998 аз олам даргузаштаанд. Модар фарзандҳояш калон карда, оиладор мекунад. 4 писараш дар муҳоҷирати корӣ Русия мебошанд. Ду писараш дар манзили иҷора ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)