Бахшҳо

Боздошти зани муттаҳам дар кӯдакфурӯшӣ дар Рӯзи Модар

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 34-солаи шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар хариду фурӯши ноболиғон муттаҳам мешавад.

Торнамои расмии ин ниҳод мегӯяд, ин занро рӯзи 8 марти соли равон дар пайи анҷоми чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки ӯ тифли навзоди ҷинсаш занро, ки зани 22-сола С. Р., сокини ноҳияи Ёвон моҳи январи соли 2015 таваллуд карда буд, ба шаҳрванд Х.Н., зани 39-сола, сокини ш. Душанбе ба маблағи 6000 рубли ФР ва 800 сомонӣ фурӯхтааст”.

Манбаъ, исми боздоштшударо Д.Р. гуфта ва меафзояд, ин аввалин ҳолати фурӯхтани навзод аз ҷониби ӯ нест: “Инчунин ба боварии шаҳрванд П.Г. соли таваллудаш 1985, сокини ш. Душанбе даромада, тифли навзоди ҷинсаш занро, ки моҳи августи соли 2014 таваллуд намуда буд, барои муваққатан парасторӣ намудан бо худ мегирад. Сипас Д.Р. аз шароити мусоид истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани фоида ин тифли навзодро дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт барои фарзандхонӣ ба зани 53-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ Р.Б. ба маблағи 1500 сомонӣ фурӯхтааст”.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Ин чи гап хаст. Ба тамоми сохторхои кудрати расониданиям ки бе нихояд аз тарафи занхо бенихояд калобибю берахми анчомидемтай . Ман шохиди як кор гаштам ки занхои мошеникхо хонаи шахсиро ба ичора гирифта пасон хони ба ичора гирифтаашро. Фурухтааст.

Вакте,ки як рухониро бо тухматхои гуногун дастгир карданд ,ягон касро на дуздида буд . То 7-пушташро (гунохояшро аник накарда) бо тв мачалахо намоиш додед.
Ин чи маъно дорад чаро дар тв -хо филмхои тасвири видео карда бо намоиш намегузоранд ,кани адолат?
Дар Точикистон чандин хурду бузург бе ному нишон гум шуда рафтанд аз дасти одамдуздхо (П.Г -ву ДР . ПРСТ )-гуфта мегардед ё наздикони авлоданд ё сумма калон медиханд ин дуздхо ду сабаб дорад .
Акалан расмашона инчо гузоред то мардум шиносанд мумкин мохам шиносем ин авбошхоро ва огох шавем эхтиёткор бошем.
Ин як навъи (бизнес)-и макомот ё Вазоратъхо ?

Саид,
саломат боше, бародар! хак ва рост. Нагз мешуд дар оянда пурра бо ному нишону, ва аз кадом нохия омадагиашро, сокинони пойтахт медонистан. о ин хел рафтан гира, Душанбе ба яке аз шахрхои гафлату дуздиву фохишагарии табдил меебад. Пораву дуругу фиребгариш ку хол он ки як тараф.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)