Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёти вижа шаҳрванд Марина Исаеваи 43 сола, сокини кӯчаи М.Турсунзода дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1-адад борхалта, ки дар дохилаш 1007 грамм маводи нашъадори «ҳероин» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд дар нохияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аснои як амалиёти мақомот Хайриддин Азимови 29 сола, сокини ҷамоати Панҷоб, деҳаи Сайроб боздошт шуд. Ин дастгиршуда дар селофани ба ӯ таалуқдошта 300 грамм ҳашишро нигоҳ медошт. Айни замон нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр