Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Холо бо бахонаи чорто фохиша тамоми духтарони сатрдорро ба фхишаги худо панох тияд тухмат намуда сатрро мань мекунанд

ассалому алекум ва рахматуллох бародарон ва хохарони исломи мо бояд як чизро аз хотир набарорем ки хамин ислом аст ки кадре хам бошад байни халки точик мехру шавкат бо хешу табор ва падару модар ва бародарон дорем ва сатр ин як фарзияхои ислом мебошад хар шахсеинро инкор кунад бо далели куръони аз ислом хорич мешавад

Пушидани ҳиҷоб ин яке аз ҳаққи асосии занҳои мусалмон дар як кишвари демократи мебошад. Чyн Тоҷикистон як кишвари демократи мебошад хyб мешyд қонyнҳои демократиро дар амал пиёда кунад ё номе демократиро ба диктатори табдил диҳад. Ман як мусалмонаму дар як кишвари демократи зиндаги дорам. Ҳеҷ кас ҳақ надорад маро барои пушидани либоси хосе маҷбyр созад ҳатто агар либоси ман ҳиҷоби сиёҳ ё ҳар ранге ки набошад. Марҳамат касе мехоҳад либоси милли пушад озод аст ва ман фикр мекунам либоси миллии Тоҷикии мо ки момоҳои мо мепушиданд айни либоси исломист чyн ҳама шартy шароити лозима барои пушондани бадани зан мавҷyд мебошад. Вале, пушидани ин либоси милли ба ҳеҷ ваҷҳ бояд маҷбyри набошад балки бояд либос пуши тавре бошад ки инсон дар интихоби он озод бошад. Фикр мекунам, дар кишвари азизи мо руз то руз мансабдорон ба амалҳое мисли пушидани либоси зан ва амсоли он даст мезананд ки зарари ин амалҳо аз манфиатҳош ба маротиб бештар мебошад. Аз ин амалҳои бемании мансабдорони мо душманони динy оин, миллат ва кишвари азизи мо истифода намyда мехоҳанд вазъи ороми кишварро бори дигар ноором созанд. Мансабдорон огоҳ бошедy ақли солимро ба кор дароредy ба ин амалҳо хотима бахшед то сабабгори ҳараҷy мараҷ дар кишвар нагардедy ҳам кишвар ноором гардадy миллат сарсонy саргардон

Муслим
Инҳое ки ба сатр ҳамчун "фарҳанги бегона" ҳамла мекунанд, аз фаҳшои ҷомеа нохуш нестанд, аз пӯшиши аврат бадашон меояд. Онҳо ба фаҳшо натохтаанд, онҳо ба сатр тохтаанд, то онро бо фаҳшо як чиз ҷилва диҳанд. Магар сатр аз Ислом нест ва магар ҳаминҳо намегӯянд, ки мо мусалмонем? Куҷост мусалмониатон!?

Симои духтари сарлуч куртаи остинкутох, ва юпкапуш магар мероси либоспуши аз ач,додон аст, ки духтаронро аз х,ич,обпуши сатр тарсонда
истодаанд.

Умед
мухтарам Абдуалим Норасов мебахшед. либоси миллиш хамон бошад? Атласро танг карда мепушанд, ки хамаи чои танашонро маълум карда дикати шуморо ба худаш чалб мекунад. Атласро ё дигар бошад кушод пушанд ягон гап нест. Лекин донед. ки хозир хамаш танг мепушанд. Сатр ай мо нест?.. Сатр аз хамаи мусалмонхо аст. Лекин беизор гаштану, Тангпушиву танатови хам ай мо нест. Чи корхое шидаистодааст хамаи ин аломатхо дар Куръони карим гуфтагияй. Окибаташро Худо ба хайр биёрат.

мусалмон
Вой дод вой дод. Ин чи ахвол аст

Чаро як бор либоси духтарони аврупои пушро намегуед.. Бо ин устоди донишгохи исломира гапша бин барои тавакбардориву чи гапхо мегуд...

Дунё ба кайхон расид МО холохам думболи сатр риш гуфта гаштем. Пешгирии фоиша ин либос нест ва пешгирии террорист ин Риш нест хамон фохиша ва террорист амали нопокашро дар кадом холат набошад мекунад. Агар одди Карда гуям дар вакти дехконии сабзавот як намуд растании зараррасон бо номи зардпечак дар мо мегуянд агар як зарра руяд пешгирии онро накунем дар тамоми хосил пахн мешавад агар МО онро чинем хам он Боз пахн мешавад ва МО донем, ки тухми ин аз кадом сабаб пайдо шудааст баъд мефахмем, ки аз пору. Ман агроном нестам факат мисоли одди овардам. МО бояд дар реша кор кунем на дар барг.

doc
Гул бе хор намешад! Вакто, ки нияти вай нопок бошад инчо сатри история чи айб дорад.! Чаро мардони фасодро чизе намегуянд? Агар хамон мард хароми накунад кори ин фохишахо хам пеш намеравад.

бе ном
асалому алаикум ва рахматулло. Банда то жое ки медонам ин хама алаихи арзишхои исломи доран хамла мекунан худи ин норасов чи гуфтанашро намедонад магар сатр худи ва бегонаги мешавад

Ин мансабдорон хамаи проблемахоро яксу гузоштаанду аз паси занону духтарон шуданд.рузхои наздик 1долар ба 10 сомон баробар мешаду инхо чи мегуянд!

Muhammad
Барои чи джинс пушидани занхо ро бегона парасти хисоб намекунан.

Ин хамлае аст ба занхоеи покдомани мо

Сатр
Ислом ба ч,уз одамо айбе надорад, Хама айб дар мусалмонии одамост Ман хам ки сатр хастам хеч айбе надорам аммо айб дар онхоест маро ба тан намекунанд ва дар тани дигарон дидан намехоханд онхое ки маро ба тан мекунанд ва мекунанд гунох хушёр бошанд ки аъмоли хама одамхо хаст назди Худо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)