Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: Бузургтарин мушкили матбуот вобаста будан аст

11 март дар Тоҷикистон аз Иди матбуоти тоҷик ҷашн мегиранд. Ин рӯз ба унвони иди касбии рӯзноманигорон ва дигар кормандони ВАО низ ёд мешавад. “Озодагон” аз журналистони шинохта ва соҳибрасонаҳои кишвар пурсид, ки “БУЗУРГТАРИН МУШКИЛИ МАТБУОТИ ТОҶИК ЧИСТ?”

Умед БОБОХОНОВ, раҳбари медиахолдинги “Asia-Plus”

Фикр мекунам, бузургтарин мушкилот ин танг шудани фазо барои ибрози назар ва буҳрони иқтисодии меомада аст, ки ба ВАО ҳам бетаъсир намемонад.

Ато МИРХОҶА, муовини сармуҳаррири нашрияи “Ҷумҳурият”

Ба назарам, матбуоти имрӯз ҳамқадам ва ҳамнафаси замон аст ва агар мушкиле дошта бошад ҳам, ҷузъиву ҳалшуданист.

Саймиддин ДӮСТОВ, муассиси нашрияи “Нигоҳ”

Фикр мекунам, дар соли гузашта, имрӯз ва шояд чанд соли дигар ҳам бузургтарин мушкили матбуот рақобати носолим дар муҳити расонаии Тоҷикистон аст, ки он аслан ду масъул дорад: Яке Ҳукумати Тоҷикистон ва дигаре Конгреси ИМА. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 15-20 миллион сомонӣ барои расонаҳои чопӣ дар шакли обунаи ихтиёрию маҷбурӣ фароҳам мекунад, ки муҳити расонаҳои чопиро халадор мекунад. Ҳукумат барои онҳо миллионҳо сомонӣ ҷудо мекунад, аммо дар сохтани афкори ҷамъиятӣ муассир нестанд, ба болои ин дар контентофарӣ, ки яке аз вазифаҳои муҳими миллӣ мебошад, нақши боризе надоранд. Вале маблағе, ки барои онҳо дар майдони матбуот рехта мешавад садди роҳи рушди расонаҳо гаштааст. Омили дигар, Конгреси ИМА ҳаст, ки солона ҳудуди як миллиону 600 ё як миллиону 800 ҳазор доллар барои бахши тоҷикиии Родёи Озодӣ буҷа таҳия мекунад ва бар хилофи қонунгузории зидинҳисории ИМА ва бар хилофи қонугузории Тоҷикистон дар ин муҳити расонаҳо маблағеро ворид кардааст, ки барои мисол панҷгонаи расонаҳои миллӣ дар бахши расонаҳои электронӣ, хусусан дар бахши оҷонсиҳои хабарӣ наметавонанд бо он муқовимат кунанд. Буҷаи муштараки 5 расонаи дигар бо шумули “Авесто”, “Ховар“, “Озодагон”, “Тоҷнюс”, “Азия плюс” наметавонад аққалан 60 дар сад ё 70 дар сади буҷаи Родиёи Озодӣ бошад.

Дар ҳамчунин муҳит, ки рақобати бозорӣ вуҷуд надорад, расонаҳо наметавонад рушд кунанд, наметавонад муассир бошанд. Бинобар ин ба ҳайси як соҳибрасона бар онам, ки бузургтарин мушкил дар ҳоли ҳозир ҳамин мебошад. Ё бояд ҳамаи расонаҳо дар доираи қонунгузории Тоҷикистон амал кунанд ва ё бояд ҳукумат эълон кунад, ки ин бозори инҳисоршудаи расонаҳои ҳукуматӣ ва Конгреси ИМА мебошад. Дар ҳар сурати дигар ин расонаҳо наметавонанд рушд кунад ва ин ки ҳоло як гуна рақобат дар пахши ахбор эҳсос мешавад, танҳо қаҳрамониҳои 20-30 журналистонест, ки дар се ё чаҳор расонаи мустақил кор мекунанд. Агар дар 3-4 сол инҳо ҳам аз байн раванд, дар муҳит расонаҳои хориҷӣ ва расонаҳои ҳукуматии феълӣ мемонанд.

Хуршед АТОВУЛЛО, муассиси нашрияи “Фараж”

Бузургтарин мушкили матбуоти тоҷик набудани чопхонаи комилан мустақил дар назди ягон созмони байналхалқӣ, барои мисол САҲА ё СММ ба мисли Бишкек аст. Тамоми чопхонаҳои имрӯза бо занги телефонии як фарроши дастгоҳ ё ягон мақомот тайёранд аз баҳри нашри дилхоҳ нашрия бароянд, чунки метарсанд, то тиҷорати худро аз даст надиҳанд.

Ҳикматулло САЙФУЛЛОҲЗОДА, сармуҳаррири нашрияи “Наҷот”

Матбуоти даврии мустақил, ки аксаран дар воқеъ мустақилияти хешро ҳифзу тақвият мебахшанд, ҳаминро метавон гуфт, ки мушкили ин гуна ВАО пеш аз ҳама имкониятҳои молист, ки ворид шудани шумораи лозими рӯзноманигор ва журналисти хушсалиқаву озодандешро мушкил гардонидааст. Агар дар Тоҷикистон фаъолияти тамоми матбуотро мустақил роҳандозӣ мекарданд ва онҳо бо пуштибонии комил аз қонун мушкилоти ҷомеаро, новобаста аз давлатӣ ва ғайридавлатӣ будани онҳо, мунсифона ва пайгирона ба баҳс мекашиданд ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ думболи баррасии қонунии ин мушкилот мерафтанд, бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ нозарур мегаштанд. Пас мушкили матбуоти мустақил молист, агар дар рақобат бо масъалагузориҳо ҳар кадоме аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешуданд, ҳам ваҳдати журналистӣ ба вуҷуд меомаду ҳам ҷомеъа ба рушди воқеӣ рӯ меовард.

Акбаралӣ САТТОР, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Бузургтарин мушкили матбуоти тоҷик ин нарасидани кадр аст.

Раҷаби МИРЗО, журналист

Бузургтарин мушкили матбуот ин вобаста будан аст. Вобаста будани матбуоти Тоҷикистон пеш аз ҳама аз чанд омил сарчашма мегирад, ки шояд он дар дигар матбуоти ҷаҳон эҳсос нашавад. Аз як ҷониб тарси дохилӣ аст, ки аз раванди ҳодисаҳои чанд соли ахир ба вуҷуд омадааст. Дуюм, паст будани заминаҳои иқтисодии матбуот аст. Ҳатто бархурди рекламадиҳандагон ҳам ба матбуот якхела нест. Аз ҳамин дидгоҳ, як қадар номустақил менамояд. Дар тамоми дунё матбуот кушиш мекунад, ки аз хонандаи худаш вобастагӣ дошта бошад. Барои онки аз хонандаи худаш вобастагӣ дошта бошад, бояд ҳамеша ҷиҳати хонандаи худашро муайян кунад. Аз баски дар Тоҷикистон тавозуни нерӯҳои сиёсӣ дида намешавад, расонаҳои Тоҷикистонро ба сифати як нерӯи дигар мешиносанд, ҳол онки вазифаи матбуот ва расонаҳо ин нест. Балки миёнарави ҳамин нерӯҳо бояд бошад. Аз ҳамин дидгоҳ доимо дар чорроҳа аст ва наметавонад худро аз вобастагӣ барорад.
Мӯҳр
журналист
Назарҳои Дӯстов ва Раҷаби Мирзо мантиқ дорад, дигаҳо бла бла бла....

Бузургтарин мушкилоти матбуот ин набудани матбуот аст.Он чизе. ки ҳаст, мо наметавонем ба маънои томаш матбуот гуем. Шахсихо ба хотири даромад,давлатихо ба хотири таблиги назари хукумат ва амрикоихо барои таблиги манфиатхои глобалии худ амал мекунанд. Аммо матбуоти вокеиро, ки баёнгари вокеии назари мардум бошад, ҳануз дар ин майдон намебинем

Б
Иди матбуот муборак бошад рузноманигорони тамоми ВАО

рузноманигор
Саймуддину Рачаби Мирзо дуруст гуфтаанд, Ид муборак хамкасбони гироми))

Амири Зарафшони
Ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷикро ба аҳли қалами Озодагон, сармуҳаррир Зафари Суфӣ ва устоди гиромӣ, донишманди саршиноси тоҷик Саймуддин Дустов табрику муборакбод гуфта саломатии эшонро аз даргоҳи эзиди мутаол хоҳонам.

Кадр намерасад? Кадр пур, Дар Точикистон чи бисёр филологу журналист. Камакак тачриба гиранд, любой чия менависанд. Дар хусуси камии пул дуруст. Гапхои Р. Мирзо, Дустов, Атовулло хам рост. Валек ягонтои онхо якта газетаи точикие баробари А-П ташкил карда натавонист дар ин солхо. Ин хам мушкил аст: непрофесионализми рохбарон. Одамони хубанд, журналистони оли, лекин менечери бад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)