Бахшҳо

ВИДЕО: Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент

Давлатбӣ Холова, як зани 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои хайриявӣ ва мардуми саховатпеша барои табобаташ кӯмак мехоҳад.

Давлатбӣ мегӯяд, якуми майи соли 2014 дар роҳ ба Варзоб ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд ва сутунмуҳрааш шикаст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди садама 28 рӯз дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буд: “Гарданамро гипс карда ҷавоб доданд. Гуфтанд, аз дасти мо ҳамин қадар мебиёяд. Аз ин зиёд коре карда наметавонем, барои табобат ба ягон давлати хориҷа бояд равед”.

Аммо Давлатбӣ Холова мегӯяд, барои муолиҷа гирифтан дар хориҷа маблағи зиёд лозим аст, ки онҳо надоранд. “Ронандаи мошине, ки дар он ба садама дучор шудам, аз пардохти маблағи табобат дар хориҷа саркашӣ мекунад. Ӯ дар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия кор мекунад. Муфаттишон гуфтанд, ки нисбати ӯ қонуни афв тадбиқ шудааст”.

Ин ҷавонзани тоҷик аз президенти кишвар, вазорати тандурустӣ ва созмонҳои хайриявию мардуми сарватманд барои гирифтани табобат дар берун аз ҷумҳурӣ кумак мехоҳад. Саломат Собирова, модари Давлатбӣ ҳам мегӯяд, зиндагии фақиронае доранду дар 11 моҳи бемории духтараш тамоми маблағҳоро барои табобати ӯ масраф кардааст. Хонуми Собирова афзуд, модари 7 фарзанд буда, шавҳараш бознишаста мебошад. “Ду духтарамро хонадор кардам. Давлатбӣ фарзанди чорум ҳаст. Писари калониям 2 сол аст, ки дар муҳоҷират мебошад. Ӯ ҳам бемор буд, чанд вақт аст ки занг намезанад, пул ҳам намефиристад, намедонам чи ҳол дорад”.

Модари Давлатбӣ Холова афзуд, дарди духтараш рӯз аз рӯз бештар шуда, захмҳои баданаш сӯрох шудаанд ва ба муолиҷаи фаврӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи Саломат Собирова Давлатбӣ соли 2008 хонадор шуда, баъди ду сол талоқ гирифтааст. Ӯ як духтари шашсолае бо номи Аниса доштааст: “Духтаракаш гарданаш каҷ омада ба модараш нигоҳ мекунад. Баъд ба ман мегӯяд, ки очаам сиҳат мешавад”.

Саломат Собирова мегӯяд, афроде, ки мехоҳанд кумак намоянд бо телефони 985-05-41-61 тамос бигиранд.




ВИДЕО: Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент

ВИДЕО: Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент
Мӯҳр
чанд сол пеш ба ном сандуки хайрия ташкил карда буданд, такдири он чи шуд?

Freedom
Shukrona kuned ki chunin davlati obodu zebo dored!!!!!!!! shukronai khoku obi in sarzamin kuned........

max
Кани беморхонаие ки барои бепаратдорон кушода бошад?

Саид
Эй кош ба ин духтар аз чониби президент шавад. Ба ин монанд як падару модари маъюб аз махалаи Гипразем барои табобати гурдаи писараш аз Убайдулоеву президент кумак хост вале афсус... Писар вафот кард аммо ба доди онхо касе нарасид... Худо шифо дихад!

Хаким
Озодагон аз шумо илтимос агар адрес ё ки телефон бошад нависед ман аз Россия камехам бошад ягон сум рои кунам ба ин хохари исломиамон.
Телефони ман +79650368292

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)