Бахшҳо

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

Малика Саидова, овозхони маъруфи тоҷик, ки баъди зиёрати Хонаи Худо тарки саҳна карда, дар маркази савдои “Саодат” ба фурӯши либосворӣ машғул шуд, аз сиёҳкунии номаш тариқи Шабакаи аввали телевизион нигаронӣ кард.

Саидова имрӯз, 12 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз нашри гузориши Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дар бораи фоҳишаҳои сатрпӯш огоҳ аст, ки бархе аз "қаҳрамонҳо" изҳор доштаанд, ки сатру либосҳояшонро аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Ин як сиёҳкунӣ аст. Ман он хел либос умуман надоштам. Баъдан дар пешонии мизоҷон навишта нашудааст, ки ин фоҳиша аст ё на”.

Суҳбати “Озодагон” бо Саидова дар ҳоле сурат гирифт, ки мағозаҳои маркази савдои “Саодат” мавриди санҷиш ё ба истиллоҳ “рейд” қарор доштанд. “Баъди ин гузориши телевизионӣ мағозаи маро низ санҷиданд, аммо ягон камбудие наёфтанд”- изҳор дошт Малика Саидова. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар мағозаи Малика Саидова бештар либосҳои миллии занона ба фурӯш гузошта шудаанд.

Нигина, як тоҷири маркази савдои “Саодат” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо на либосҳои исломӣ, балки бештари молашон аврупоӣ буда, зимни “рейд”-е, ки дар мағозааш гузашт, нозирон ҳеч либоси исломӣ пайдо накардаанд. Номбурда мегӯяд, онҳо тибқи қонунгузории кишвар моли худро ба фурӯш гузоштаанд ва касеро ба роҳи бад ҳидоят намекунанд: “Шунидам, ки касе аз ҳамон либоси сиёҳпӯшҳо, гуфтааст, ки аз мағозаи Малика Саидова мол харидаанд, лекин ҳар як инсон худ бояд ақлу фаросат дошта бошад, мо касеро ба роҳи бад ҳидоят накардаем. Малика ҳеҷ вақт намегуфт, ки аз мағозаи ман хареду баромда танфурӯшӣ кунед”.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.


Аксҳо аз мағозаи Малика Саидова ва нуқтаҳои дигари савдои "Саодат"

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...


Акси аввал аз Интернет
Мӯҳр
Бехабар
шумо дигар кор надоред, курби пули миллиро масъалаша бинед, наход аз румол то эзори занҳоро каравуоли карда гаред,

Сайфиддин Иброхимов
Ман ба чи тавр либос пушидани касе кор надорам, вале эхтиромона хохиш менамоям, обуру ва эътибори Малика Саидоваро паст назанед.. У дар солхои чанги шахрванди бо сурудахои худ дили садхо одамони аламзадаву дардманд ва гурезаро ба зиндаги дилгарм намудааст. Хизматаш ба миллати точик расидааст пас биоед ба кадри хизматаш бирасем...Бехабар,

Сиёсат
Сиёсатмадорон аз паи манъи хичоб неву аз паи боло бардоштани иктисод шавед. Шумо масчиду хичобро манъ мекунед ва ба хамин сабаб Аллох мамлакати моро ба бухрони вазнин дучор кард. Хушер бошед. Ин хама нишонаест.

Чиро твт тобутхои чавони мухочири точикро нишон намедихад?
Факат аз пайи Ислом ситези аст.
Хай бигуед ки хамон чавонхои мухочири точик бо айби сатрпушхо мурдаан шармандахо.

Сухроб
Ин як шармандагист.

Сабр кунед апаи Малика. Худованд Бузург аст ва хамаро чобачо мекунад.

мухлис
Бо сатр ё бе сатр, ин хукуки шахсии хар нафар аст, при чем тут Малика? Рохи дигари айбмониро наёфтаанд дигар! "Душман хеч айб наёфту гуфт, ки думи сагат кач аст"- мегуянд мардум.

diplomat
ЯБЛОКО ОТ ЯБЛОНИ ДАЛЕКО НЕ ПАДАЕТ ЯК МАРОТИБА АЗ ТАРЧУМАИ ХОЛИ МАЛИКА БОХАБАР ШАВЕД ИСЛОМИХОИ МУХТАРАМ!!!


Ба ин суханон бовар накунед. Зеро Малика Саидова чунин шахсият буда наметавонад.Зеро у рохи хаторо интихоб накардааст.

Причем ин ча Малика? Чаро махз Малика Саидовара хотиррасон шудед, на ягон сарояндаи дигарро? Малика тамоми умр хизмат ба санъати миллати Точик кард, пас чар уро "подстава" мекунед?

Ясин
Пеш аз сухан гуфтан якбор фикр кун баьд сухан гуй, Рахбари Маркази "Саодат"! Ман хитов ба ту мекунам, ки эхтиет шав!!!

Ба "diplomat" . Шарм намедоред як шахсеро, ки худи Шумо дар борааш аз занакхои кади куча мумкин шунида бошед, бо ин фохишахо баробар мекунед? Е ин ки чи хеле,ки русхо мегуянд, Шумо "свечку держал" ? Бибихочи, Малика Саидова, шавхру фарзанд доранд, хешу табор доранд. Барои чи ба иззати обруи ин зани ботавфик мерасед? Ба чои аз паси як зани шавхардор кунчкоби кардан, шумо як китоб аз эчодиети Рудаки, Саьди, Хайом ва дигарон хонед, фоидааш бисьертар. Саломат бошед "diplomat"


Zarafshoni
Ин як бадбахти ва масхарабози аст, ки либосу сатрбандиро ба фахшонияти баъзе занон рабт медиханд. Фохиша хох ба сатр бошаду ва бе сатр вай фохиша аст. Ин рейдхо ва намоишхои телевизиони бадномкунии Ислом аст. Аммо Аллох шохид аст ва аз хамаи ин бадномкунихо огах аст. Тавба гуед!!!

Саид
Фоҳишае да либоси исломӣ фоҳишагарӣ кард, причём тут сатру либоси исломӣ, маккору қаллобе бо ришу либоси исломӣ барои дар боварии мардум даромадан кори баде кард, причём тут ислом... ино бо Худованд "даст ба гиребон" шудаанд, Худовандо мардуми мазлуми фақири мусалмони ин кишвара аз балову амрозо да паноҳт нигоҳ дорӣ!

Хакикат
Салом ба мардуми Шарифи Точикистон, имруз дар шабакахо ва расонахо мебинем чунин суханхо мегуянд бар зиди Дини Ислом, ман як чиро гуфтаниям ки вакте мо ба дунё миёем дар гуши мо калимаи Азон мехонанд ва аз дунё мегузарем боз шахсеро мекобем, ки манахи моро бибандадва пеш намозамон кунанд, на инки хофиз ё ягон депутат. Ин бадном кардани Дини Ислом аст. Имруз ин фохишахое, ки бо либоси сатри фохишаги мекунанд хамон фохишахое хастанд, ки пештар бо дигар либос тан фуруши мекард. Ин бадномкуни то вакте буд, ки депутатхо гузаранд, пас озодагон аз паси инхо гарданд ки ин депутатхо чи кор мекунанд ба ваъдахои дуругушон курсиро банд карда ва боз 5- соли дигар мардумро фиреб мекунанд ин дар чашми давлати имруза хок пошида истодаанд. Як бор Озодагон аз ахволи бозор ё ки Сохибкорон бо хабар бошед, баъд хакикатро мебинед. Агар давлат демократи бошад дар Точикистон ДЕМО - аз калимаи точики гирифта маънояш озоди факат барои мансабдорон, яъне коргарони прократура, милиса, корупсия ва макомотхои болои, КРАТИЯ - яъне халк бошад, ин гуломдори номида мешавад. Озоди шумо барои чи дигар камбудихои сохторора намегуед, барои чи курби пули миллиро масъалаша намебинед, барои чи тобутхои чавони мухочири точикро нишон намедихед, барои он ки инхо аз калимаи кратия гирифта шудааст,
боки Худовандо мардуми мазлуми фақири мусалмони ин кишвара аз балову амрозо да паноҳт нигоҳ дорад. Озоди хамавакт хакикатчу бош!

Шодигул
Малика аз ин чиз нохинчор нашав. Магозата рекламаи бепул карданд. Худо клиенота аз ин хам зиёдтар кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)