Бахшҳо
12 мар 2015 15:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Андози ширкатҳои мобилӣ бештару аз техникаи ҳарбӣ лағв шуд

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ахиран тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд.

Тағозода Саидмурод Иброҳим, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи тағйироти Кодекси андоз, ки ахиран ба тасвиб расид, андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди маълумот оид ба минтақаҳои оффшорӣ ва лағви фоизҳои қарзҳои батаъхиргузошташуда дар назар аст.

Инчунин тибқи тағйироти нав минбаъд ҳамаи муомилоти андозбандишавандаи муассисаҳои таълимӣ то 1-уми январи соли 2016 бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри панҷ фоиз андозбандӣ карда мешаванд: “Инчунин минбаъд воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда аз андозбандӣ озод карда мешаванд”.

Саидмурод Тағозода афзуд, ки бо дарназардошти нисбатан баланд будани даромаднокии соҳибкорони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб воридоти умумии андозҳои маҳаллии ин минтақаҳо ду маротиба зиёд карда шудааст.

Ин тағйиротҳо дар ҳолеянд, ки коршиносон дар Тоҷикистон болоравии тамосҳои телефониро пешгӯӣ мекунанд, зеро дар гузашта зимни роҳандозии аксизи сефоизӣ ширкатҳои мобилӣ нархи тамосҳоро боло бурданд. Бисёри таҳлилгарон муътақиданд, ки ин таҷриба боз такрор шуда, зарбаи асосӣ аз навовариҳо ба кисаи мардум хоҳад расид.

Инчунин охири тобистони соли 2014 Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки “дар Тоҷикистон операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра. Яъне пардохтҳои умумӣ бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии хароҷот садди роҳи инкишофи иқлими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардида, иҷрои нишондиҳандаҳои ба нақшагирифтаи соҳаи алоқаи мобилиро дар рушди мамлакат ғайриимкон мегардонад”.
Мӯҳр
Хайрхох
Бубахшед, чаноби рузноманигор, санаи аники гузаштан ба супоридани андоз тибки меъёри 5%-ро муайян карда натавонистед, ки то 01.01.2016 навиштед.

аксиз ин андози гайримустакимест, ки бар болои арзиши махсулот зам карда мешавад. Хар нафаре, ки мегуяд болоравии аксиз ба болоравии нархи зангхои мобили тахсир намерасонад руи рост дуруг мегуяд. Зеро ширкатхо хар нархеро ки бо Хадамоти зиддиинхисори мутобика мекунанд хатман дар он 18 фоиз Арзиши андози иловашуда ва 3 фоиз аксиз (минбаъд 5 фоиз)-ро хатман нишон медиханд ва онро аз муштари меситонанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)