Бахшҳо

Убайдуллоев то ҳол ёвар наёфтааст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли як қатор ҷойҳои холии корӣ дар шаҳрдорӣ ва дарёфти ёвар барои худ озмун эълон кардааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ниҳод аз 12 март то 16 апрели соли равон идома хоҳад дошт. Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Ба иттилои манбаъ, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе; мудири шӯъбаи умумӣ ва протокол; мудири шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ; мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо; сармутахассиси шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ; сармутахассиси шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; сармутахассиси шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ; сармутахассиси шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон; сармутахассиси шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ; мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ; мутахассиси шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ холист.

Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ; мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак; сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниёз дорад.

Қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев барои баргузории озмун ва пайдо кардани ёвар дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ҳанӯз моҳи июли соли 2013 барои ёфтани соҳиби ин курсӣ озмун эълон карда буд. Масъулини шаҳрдорӣ он замон гуфта буданд, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳр холӣ аст ва ба довталабоне, ки донишгоҳро то соли 1992 хатм кардаанд, ё дар хориҷ маълумоти олӣ гирифтаанд, бартарият дода мешавад.
Мӯҳр
мухочир
Шарипов Толибчонро аз Хадамоти мухочират биёред лекин оиди баъзе камбудихо дашномро камтар кунед.
Шахсе ёвар шавад то аз табакаи балои Набошад камбагалтар бошад то аз вазъияти кашокхои шарх бахабар бошад.....

Нигина
бояд хатман маълумоти олии касбии тахсили рузона дошта бошад? Як ба гоибона тахсил кардахо нигаред,

Ин озмунхо ягон маъное надоранд. Айнан чунин озмун мохи октябрь эълон шуда буд. Банда хуччатхояшро супорид. Ба ман гуфтанд, ки то охири мохи ноябрь аз натичааш огох мекунем. Ва то имруз ягон натичае нест. Маълум шуд, ки рохбарон серкоранду вакти гузаронидани озмун надоранд. Хар як озмун мухлати худро дорад, аммо дар мо чунин набудааст. Мебинам боз озмун эълон шудааст, ки ин хам давоми он аст. Дигар бовари надорам ба гузаронидани чунин озмунхо!!!!!!!!!!

Мухтарам мири шахр, як ба тарафхои Гулободу чулхои Серенгети хабари Шуморо расонанд, хар як менечер хаст ки, дар як мох хамаро ободу тенч мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)