Бахшҳо
16 мар 2015 15:00Тоҷикистон / Сиёсат

Фармони Президент дар бораи мансаби нави Р. Эмомалӣ, А.Ғоиб, А.Раҳмон ва ... (Навшуда)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16 март, бо судури як фармон писараш – Рустами Эмомалиро, ки сардори Хадамоти гумрук буд, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин кард.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раисии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори Хадамоти гумруки кишвар таъин шудааст.

Асадулло Раҳмон, ки то ин вақт раҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, бо фармони президент ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масъалаи кадрҳо таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Абдуҷаббор Азизиро иваз намуд, ки аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба ҳайси вакил вориди парлумон шуд. Курсии оқои Раҳмонро дар кумита Маҳмадсаид Пирзода, ки бо қарори ҳукумат аз вазифаи муовини аввали вазири фарҳанг барканор гардид, ишғол намуд.

Бо қарори ҳукумат Ибодулло Машрабов, ки раҳбарии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба уҳда дошт, ба курсии муовини аввали вазири фарҳанг нишастааст.
Мӯҳр
Бале дар хакикат Рустами Эмомали аз мансаби Раиси хадамот барканор шуд. лавозимоти кории у субхи имруз аз хадамоти гумрук бурда шуд.
Асадулло Рахмон ба курсии Абдучаббор Азизов собик ёрдамчии Президент оид ба сиёсати кадрхо нишаст.

ман
номи Махмадсаидро дуруст нависед. Пирзода Махмадсаид Шохиддин!

Хуршед
Аз дигар шудани чои чамшавандахо хосили чамъ тагир намеёбад. Инро дар бозии шохмот мегуянд локоровка

Хаюло
Манобеътон хато накард, аммо расмиашро аз сомонаи Президент гиред агар хубтар аст

Манобеъи бехтарини асри 21 Фейсбук

Истиклол
Чавоб ба Хуршед, локоровка не, балки лакировка. Аник маълум аст, ки шохмотбози дар умрат кардаги нести

Ака ВАЗИФАИ НАВ МУБОРАК!!! МО БО ШУМО ЗИНДАЕМ

Вокеан хам арзандатаринхо ба вазифахои масъули давлати таъин гардиданд.Муборак бошад. Барори кору сарбаланди насибашон бод...

Рустамзода
Ба Рустами Эмомали барои вазифаи нав муборакбод мегуем ва умед бар он мебандем, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ фаъолтар мешавад.

муосир
мухтарам ёрдамчии президент, коре кун ки сохаи кадрихам мисли тв бехтар шавад.

Ҷавоб ба Истиқлоли Доно,

Лакировка нею Рокировка. Яъне қалъабандӣ дар шоҳмот ё ивазкунии ҷойгоҳи шоҳ ё рафти якҷояи шоҳ бо тӯра...

Шохмотбоз
Истиклол, Рокировка, пеш аз касеро айб кардан, тарзи навиштани дурустро аник намое, шарманла, ба хар хол дар шохмот рокировка рафти бозиро метавонад дигаргун намояд!

Хуршед,

шохмотбой
дар лафзи мо шохмотбозон ин рокировка аст

Робен Гуд
Алиш кардани кадрхо аз ин чо ба чои дигар ин худ фиреб куни аст БА АЛИШ КАДАНИ КАДР АЗЧО БАЧОИ ДИГАР ТЧК ПЕШ НАМЕРАВАД агар дарахт хосил надошта бошад дар хар чоики шинони хосил намедихад хуб мешид ин дарахтони бе хосилро дигар нашнонанд Агар каси ин Одамони дарахт сифатро 2боро биншнонад ин нишошаи бесаводи дехкон аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)