Бахшҳо

(САДО) Генерал Назаров: 70%-и ҷавонон дар муҳоҷират ба гуруҳҳои ифротгаро ҷалб шудаанд

Генерал Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, дар ду моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 52 аъзои гуруҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд.

Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки 16 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт. Генерал Назаров афзуд, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тайи солҳои 2010 – 66 нафар, 2011 - 73, 2012 - 5, 2013 - 31, 2014 - 84 ва 2 моҳи сипаришудаи соли 2015 - 52, ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурруҳҳои мухталифи террористиву ифротӣ боздошт кардаанд: "Аз ҷумла 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, 68 узви ҷамоати “Ансороллоҳ”, 31 аъзои ҳизби динӣ-экстремистии “Ҳизб-ут-Тахрир”, 13 узви равияи динии “Салафия”, 12 аъзои ҷамоати “Ҷундуллоҳ”, 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии “Даъват-ут-таблиғ”, ки дар ҳайати 12 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд ва далелҳои шайъии тасдиқкунандаи харакатҳои ҷинояткоронаи онҳо дарёфту мусодира ва нисбат ба аъзои ин гуруҳҳои ҷиноӣ бо дастрасии талаботҳои моддаҳои 187, қисмҳои 1 ва 2, 401 иловаи 1, қисми 1, 347, қисми 2, 307 иловаи 2, 195, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”.



Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.

Номбурда гуфт, 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: “10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд”.
Мӯҳр
Ин чавонон ба Точикистон хатар доранд. Агар онхоро аз ин рох тезтар барнагардонанд, вокеахои солхои 90 такрор хоханд шуд. Худо из ин рузхо нигах дорад.

Сад Офарин ба Генерал чи хел бо ин мардум кор мекардабошад.Сарбаланду хонаобод бошед Шариф Назар барори кор ба шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)