Бахшҳо

Рӯшанфикр ва сарнавишти миллӣ (бо баҳонаи дидори раисҷумҳур бо фарҳангиён)

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Намедонам барои чӣ, вале ҳамеша одамон дар чеҳраи равшанфикрон (дар баробари ҳукумат) наҷотдиҳандаҳои худро суроғ мекунанд. Чехов ҳам гуфта буд, ки “қудрат ва наҷоти мардум дар дасти равшанфикрон аст”. Аммо, ҳоло дар Тоҷикистон, мардум ба ду “сарчашмаи наҷот” -- ҳукумат ва равшанфикрон чандон аз зовияи эътимод наменигаранд. Чаро?

Мо, фаҳмишҳо ва таърифҳои гуногуне аз равшанфикрон дорем. Як қисм ва бештар ҳукуматдорон равшанфикронро гуруҳи дипломдору унвондоре мефаҳманд, ки “бо ду дасти адаб” дар хизмати ҳокимияти иҷроия қарор доранд, ҳатто агар ҳокимияти иҷроия корҳои иштибоҳе ҳам бикунад. Тарафдорони фаҳмиши дувум равшанфикронро гуруҳе аз мухолифони ҳукумат медонанд ва аз назари инҳо равшанфикрон бояд ҳамеша дар мавқеи оппозитсиюн бо ҳукумат қарор дошта бошанд. Қисми дигар равшанфикронро гуруҳе медонанд, ки бояд, комилан аз фаҳмиш ва теуриҳои динӣ озод бошанд ва динро вориди иҷтимоъ, сиёсат ва давлатдорӣ накунанд.

Вале майдони таҷрибаҳое, ки мо ба ҳар ҳадафе истифодааш мекунем, яъне Тоҷикистон аз равшанфикрон чӣ мехоҳад? Суолест, ки посухашро равшанфикрон то кунун ба Тоҷикистону мардумаш надодаанд! Яъне, равшанфикрон дар сарнавишти миллӣ чӣ масъулияте доранд!?
Тоҷикистон дар шароити имрӯз, воқеан ба равшанфикрон ниёз дорад. Равшанфикроне, ки бо дониш, таҷриба, китоб, назария ва пешниҳодоти худ мардумро аз фақр, аз ҳамоқат, аз буҳрон, аз муҳоҷирату дарбадарӣ, аз бебарқӣ, аз беҳуқуқӣ, аз фасоди густарда наҷот бидиҳанд. Мо намегӯем, ки чунин равшанфикрон надорем, ҳарчанд ки бисёр кам дорем. Балки мушкил дар ҷойи дигар аст.

Аз нигоҳи таҷриба ва донишҳои муосир, равшанфикрон аз ҳукуматдорон болотаранд. Зеро мансабдорон маъмуранд, вале равшанфикрон мутахассис. Мутахассис мушкилро дурусттар мешиносад ва роҳи ҳалашро ҳам дурусттар пайдо мекунад. Аз ин ки равшанфикрон мардуми огаҳ мебошанд, бояд мушкилоти ҷомеаро пештар аз ҳар қишри дигар эҳсос кунад ва барои ҳал кардани мушкил садо баланд кунанд. Вале дар Тоҷикистон равшанфикрон ин корро намекунанд. Садо баланд кардан маънои мубориза бо низом, бо ҳукуматро надорад, балки ислоҳи низом аст, тавсеа ва рушди ҳукумат аст. Аз ин ки равшанфикрони мо аз ҷониби мардум васила нашуданду аз ҳукумат масъулияти саодати мардуму миллатро талаб накарданд, ҳоло ба як қишре табдил ёфтаанд, ки дар дасти маъмурини низом чун мум аз онҳо ҳар чизе сохта мешавад. Албатта, дар паҳлӯи ҳукумат будан кори баде нест, аммо огоҳона амалеро пайравӣ кардан ва кори нодурустеро дуруст талаққӣ намудан, кори бад аст.

Мо баҳсро ба ихтироот доштану надоштани равшанфикрону олимон намебарем, ҳарчанд, ки бисёр баҳси зарурист (ва ин ҳам дар замоне, ки ба гуфтаи Билл Гейтс дар ҷаҳони муосир кашфиётҳо он қадар зуд-зуд мешаванд, ки “эътибори моликияти зеҳнӣ ба андозаи муҳлати нигоҳдории банан” мебошад). Зеро дар марҳалаи ҳозир вазифаи аслии равшанфикрони мо пайдо кардани низоми дурусти рушди ҷомеа мебошад. Як низоме, ки зарфиятҳои мавҷудро барои тараққӣ кардани Тоҷикистон истифода бинмояд, на низоме, ки зарфиятҳоро дар инҳисори гуруҳи маҳдуде қарор бидиҳад. Яъне, шароити имрӯзи мо талаб мекунад, ки равшанфикрон, ҷомеаи фикриву донишгоҳӣ ва академикии мо бояд бо ҳукумат дар як муколамаи ҷиддӣ қарор бигирад (на дар мухолифат). Ҷасорат ва ҷуръате кор дорем, ки бояд ба роҳбарон мушкилот ва нуқси ҷомеа ва мудирияти нодурусту нокофияшонро рӯйирост бигӯем, то ҳам мардум аз тангдастӣ халос шаванду ҳам ҳукумат аз аҷзу сархамӣ.

Аз тарафи дигар, ҳукумат ҳам бояд пешниҳод ва фикру назари равшанфикрон ва дигарандешонро ба маънои мухолифат нафаҳмад. Бояд назари онҳоро барои ислоҳи низом, барои мудирияти хубтар ва барои ба даст овардани эътимоди мардум истифода кунад. Дар чунин шароити ҳамкорӣ ва пазириши дусӯя имкони зудтар тараққӣ додани кишвар пайдо мешавад. Вале фазое, ки ҳоло мо дорем фазои чунин ҳамкорӣ нест. Равшанфикрон, манзур ҷомеаи фикрӣ, донишгоҳӣ ва академикӣ аз мушкилоти ҷомеа, аз нуқси ҷиддии мансабдорон, аз нотавонии воқеии ҳукуматдорон камтар суҳбат мекунанд. Ба он хотир, ки агар чунин суҳбат бикунанд, ҳатман мавриди фишори мақомоти гуногун қарор мегиранд. Ин бисёр бад аст, вақте ҳукумат то ҳатто шароитро барои муколама бо равшанфикрону олимон ногувор мекунад. Мо бояд бидонем, ки яке аз нишонаҳои фарсойиш (деградация)-и давлат фишор овардан болои равшанфикрон мебошад. Ва вақте ки чунин шароит эҷод мешавад, равшанфикрон ба ду даста тақсим мешаванд:
1. Дастаи мухолиф бо ҳукумат, ки табдил мешаванд ба мунтақидони ҳукумат ё фаъолони сиёсӣ ва ё ба идеологҳои ҳизбҳои сиёсӣ. Ё саранҷом кишварро тарк мекунанд, ҳамон фирори мағзҳо;
2. Дастае, ки комилан фармонбардори ҳукумати иҷроия мешаванд. Ин даста равшанфикрон ҳар чизеро, ки ҳукумати иҷроия бихоҳад ҳамонро мегӯянд. Барои ин даста аз ҳама муҳим дар чаҳорчуби “озодӣ” ва шароите, ки ҳукумат барояшон фароҳам кардааст зиндагӣ кардан аст. Инҳо аз пеши худ ба ислоҳоти ҷомеа ё барои саодати мардум бо ниҳодҳои калидии низом вориди гуфтугӯ намешаванд.

Айни чунин фазо ҳоло дар мо вуҷуд дорад. Дар натиҷаи чунин як фазо на ҳукумат фоида мебинад, на мардум ва на худи равшанфикрон. Вуҷуди ҳарду даста дар ҳамин формула ба манфиати миллату давлат нест. Мушкил дар ин аст, ки вақте равшанфикрон пойбанди идеологияи номушаххас ва ё манфиатҳои ҳокимияти иҷроия мешаванд ҳаракати равшанфикрӣ шикаст мехӯрад ё ба тарафи нокуҷо самт мегирад. Дар натиҷа мардум зарар мебинад. Ин ҳолат айни вазъиятест, ки равшанфикрони мо дар буҳрони сиёси ва миллии солҳои 90-ум ихтиёр карданд, яъне натавонистанд пештози ҳаракати фикрӣ ва озодихоҳӣ боқӣ бимонанд.

Омберто Оку, файласуф ва нависандаи маъруфи итолиёӣ дар румони “Ованги Фуку” менависад: “Аз он ки прулеторҳоро рӯшанфикр бигардонем, басе осонтар аст, ки рӯшанфикронро ба прулетор табдил диҳем”. Дар ҳақиқат, имрӯз равшанфикрони мо ба як қишри прулетор дар дасти низом табдил шудаанд ва берунтар аз фармудаҳои мақомотро намебинанд. Ё ба гуфти файласуфи тоҷик Меҳмоншоҳ Шарифзода “мардонагии ақлиро аз даст додаанд”.

Ва ба ҷойи охирсухан:

Буҳрони рубли русӣ маълум кард, ки то куҷо пояҳои иқтисоди Тоҷикистон ларзонаканд. Вобастагии моро ба пули муҳоҷирон ифшо кард. Ҳатто ба ин Бонки миллӣ иқрор шуд. Акнун ин буҳрон, ки тоза оғоз шудааст мушоҳида мешавад, ки фарогир мегардад. Тоҷикистон бо ин фазои иқтисодиву муносиботи тиҷорате, ки дорад наметавонад дар муқобили буҳрон ғолиб барояд. Дар ин шароит ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои мардум бисёр муҳим аст, ки оқибатҳои ин буҳрон шиносоӣ ва пешгирӣ шавад. Дар охири ҳафта, ки дар назар аст дидори раисҷумҳур бо равшанфикрон баргузор шавад оё метавонем шоҳиди он бошем, ки равшанфикрон бо раисҷумҳур якҷоя барномаи зиддибуҳронии ҳукуматро ба баҳс бикашанд ва таҳия кунанд? Ё метавонанд пешниҳод кунанд, ки бояд баъзе намудҳои бизнес аз инҳисороти гуруҳию хонаводагӣ раҳо карда шавад? Оё метавонанд омилҳои воқеии боздоранда (стагнатсия)-и тараққии Тоҷикистонро ба забон биоваранд.

Бо вуҷуди он ки умедвори баҳси инчунинӣ нестем, вале бисёр мехостем, ки ин гуна баҳси муфовиқ ба манфиатҳои миллату давлат сурат бигирад!

P.S. Дар буҳрони соли 2008 яке аз чораҳо дар баробари буҳрон ин буд: Коғази А4-е, ки то ин замон як бараш истифода мешуд, аз ин ба баъд (то замони рафъи буҳрон) бояд ҳарду бараш истифода шавад. Ин чораро як донишгоҳ бо сеюним ҳазор академику, профессору номзади илму кормандони дигараш кашф карда буд!
Мӯҳр
.
Зиеини хакики доимо аз хукумат дури мечуянд ва ба ин гуна вохурихои калбаки бо расичумхур харгиз намеравнд.

Анаксимандр
Хар матлабе ки далел надорад дар журналистикаи муосир хичу пуч меноманд. Мавзуи акабмондагии мо ба кавли русхо -простая арифметмика аст. Яъни ин ки иштибоххои хазор соли каблро гашта гашта такрор кардан. Бояд дигарандешон, файласуфон ва идеологхоро ичозати баёни афкору нашри осорашонро фарохам кард ва дар зимн аз иштибохоти яккакитобхо мардумро огох намуд. Яккакитобхо ононе хастанд ки дар тули торих хамеша харфи дуруст танхо хамин китоб хаст ва дунё гамкадаву чои нишот нест ва хар чизе ки гайри ин китоб аст галату иштибох аст ва мамнуъ мебошад, мегуфтанду мегуянд. Интикод ва ё накди ин афкори яккакитобхоро намояндагонашон бо шамшер чавоб медоданду имруз бо автомату сар буридани инсон посух медиханд албатта агар дар кишвари мо хам кудрат ёбанд. Дар шарк бузургоне мисли Закариёи Рози Ибни Рованди Сино, Беруни Хоразми ва Хайёмхо амеша аз тарси шамшери инхо бо ишорахо сухбат кардаанд агар чое ошкора гуфтаанд ба шакли фавқулодда ва ачибу гарибе дар амон мондаанд. Дар Урупо инсонхои заковатманду хирадпеша мисли Галилей, Коперник Эмануэл Канту ахиран Рассел ин афкори хичу пучро ошкор карданд. Албатта пешрафти бемислу монандеро хам ноил омаданд. Собит карданд ки ин яккакитобхо дар давоми торихи 400 миллионсолаи инсоният хеч коре накардаанд ва хатто як чархи ароба насохтаанд ва албатта бо ин афкори яхбаста намешавад хам. Зеро инон хамеша илмро бо бовар дархам омехтанд ва гумрох шуданд. Чизе ки исбот надорад илм буда наметавонад. Илм ки шуд исбот дорад агар исбот нашуд эхтимолот аст ки барои инсони асри чадид кобили пазириш нест. (Албатта яккакитобхоро ба холи худ рахо карду харфи онхоро набояд чидди гирифт бигзор аз хукумат дур бо хаёлу тарсу мубхамоти худ бимонанд аммо ичозати таблиг надод то кувваи вахмияи дигаронро низ набарангезанду гумрохашон насозанд) Бинобарин бародари ман ки бошед, шаф шаф нагуфта гуед ки хукумат холо решаи махкаме надорад ва тарс дорад ки гуногунандешиву дигарандешихо метавонад боиси нобасомони дар чомеа гардад ва тару хушкро бисузад. Ба чои охирсухан:
Барои пешрафти чомеаи Точикистон факат ба мутахассисон ва файласуфони вокеи такя бояд зад ки онхо чи мегуянд ва дар назди давлат шуъбаи махсуси баррасии афкору осори идеологхо ва мутахассисони сохахои гуногун ва андешахои файласуфон таъсис бояд кард ки ба чуз аз хайати мушовараи дастгохи давлати андешахои солимро барраси ва дар чомеа пиёда кунанд.

154
доллар хама чиро чо ба чо мекунад гам махур

пешниход
омилҳош маълумай: ҳиҷоб ва риш боиси буҳрони иқтисоди, коҳиши арзиши пул ва муҳоҷирату ифротгарои шудааст. Барои ҳамин равшанфикрони моро зарур аст, ки чораҳои зарури: аз ҷумла беҳиҷоб кардани занҳо, амалиёти риштарошон, манъ кардан аз масҷид, хотима одан ба сиёсати исломгароии наҳзат пурзур намоянд ва ҳамчунин ба ҷои корхонаву фабрикҳое ки аз бебарқи аз фаъолият мондаанд. бояд баландтарин парчам, зеботарин театру амфитетру кохи фарханг ва ошхонаву чойхонаву мехмонхонаро бунёд кунанд ва хамаро ба раксу бозиву актёри даъват намоянд то хама саргарми кору хушхоли шаванду аз бухрони дар пеш истода наҷот ёбанд. Барои ҳамаи ин корро амали кардан равшанфикрон бояд дар як руз 4 маколаву 5 маърузаву 6 бахсу 7 чорабинии фахмондадихии паёми раисҷумҳурро бо мардум ба рох монанд ....Дигар ҳамаш садай, парво накунед....

саенгот
атохон одами кгб ки хасти гапхоиморо чоп намекуни

888
Равшанфикрони тоҷик имрӯзҳо дар ғарибӣ дар Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо, дар ҶТ ду се фартути лагандбардор мондаги, кор нест,

Мавзуи хуб не.... Равшанфикрон дар торики афтодаанд. Онхо рохи худро намеёбанд, чи расад ба рохи кашоку бенавою бабарку мухочир.

хонанда
Як замон гуфта буданд, ки зиеиени точик мисли чарогхо каммасраф шудаанд....ба фикрам таъбири дуруст хамин аст)))

Ягона равшанфикр ин зиндаёд устод Тохири Абдучаббор буд, дар 20 соли охир!!!

Асилзода
Дуруст гуфтед Некруз. Лекин шукри Худо имруз хам онхо хастанд:
Муъмин Каноат, Акбар Турсун, Гулрухсор, Барзу Абдуразоков, Толиб Шахиди. Ангушуморанд, лекин хастанд Мутаасифона имсол мо яке аз зиёиёни саршиносро аз даст додем Сухроб Ибронович Шарифов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)