Бахшҳо
15 мар 2015 17:22Ҳуқуқи инсон

Туркҳо дар Кӯлоб террорист тайёр мекунанд?

Барнои БЕГМАДЗОДА

Тайи чор моҳи охир дар маркази забономӯзии «Баҳор», ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ аст,сару садоҳои зиёд ба вуқуъ пайваст. Бояд гуфт,ки ин марказ аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад, ки хусусӣ буда, хонандагони зиёд инҷо забономӯзӣ мекунанд. Дар марказ забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва капютер низ омӯзонида мешавад ва муҳассилин баъди омӯзиш соҳиби шаҳодатномаи марказ мегарданд.


Дар суҳбат бо «Пайк» Алихонов Шодмон, дириктори ин марказ аз мушкилоти чор моҳи охир, ки баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст чунин гуфт: «Тули ду сол мешавад ба ҳайси директор дар ин ҷо кор ва фаъолият менамоям. Таъсисдиҳандагони ин марказ Мусоев Аҳмадхон, Ҳусейнов Абдусамад, Фахриддинов Теша, Азимов Абдулҳафиз ва банда Алихонов Шодмон ҳастем. Ростӣ дар аввал ба ҳайси муовин фаъолият доштам ва тули ду сол аст, ки сардори ин марказ шудам. Вақте аз ин мо огоҳ шудем, ки муассисони мо корҳои таблиғоти ғайриқонунии динӣ дар байни хурдсолон ва наврасон мегузаронидаанд, зуд ба амният хабар додем. Сарпарасти асосии маркази мо Туркҳо Гемир Чингиз буд, ки номи он шахс дар ягон ҳуҷҷати расмии мо нест. Муовини ман Ҳисайнов таълимоти диниро дар Туркия гирифта буд ва мо дар марказ гурӯҳҳои шабона доштем, ки дар соли аввал 10 нафар, дар соли дуюм 16-20 нафар ва соли гузашта 50-60 нафарро ташкил доданд. Миқдори зиёди ин гурӯҳи шабонаро наврасон аз навоҳии дурдаст ташкил медоданд, ки бисёрашон аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Қумсангир, Вахш, Рашт ва шаҳри Душанбе буданд, ки ҳуҷҷатҳояшон умуман дар дасти мо набуд. Вақте ки мо ин ҳолро фаҳмидем ман ба назди сарпараст рафтам ва бо роҳи фаҳмондадиҳӣӣ пешниҳод намудам, ки ин кор хато аст ва дар Тоҷикистон будани чунин гурӯҳҳо қатъиян манъ аст. Сарпараст иддао кард, ки модоме, ки ман сарпараст бошам, бояд ин талоботро шумо қабул намоед. Ман пешниҳоди сарпарастро қабул накардам ва рост ба Кӯлоб омадам.

Баъди омадани ман дигар муассисон аз қабили Фахриддинов Теша, Азимов Абдулҳафиз назди сарпараст барои маҷлиси навбатӣ рафтанд ва баъди маҷлис бо қарори худашон маро аз кор озод карданд ва ба ҳар кадомашон роҳкиро ва хайрияҳои пулӣ аз ҷониби сарпараст дода шуд ва барои маро аз кор ба тамом ронданашон боз 200 долари амрикоӣ ба ҳар яки онҳо ваъда шуда буд. Моҳи сентябри ҳамин сол Шамолов Набӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб асту шуғли доимиаш дорухоначӣ буда, гуё ба ҷойи ман интихоб шуда буду худро полковники дохилӣ муррифӣ кард ва бо як мағрурии бо ман хархашаро оғоз кард ва дид, ки намешавад, суиқасд ба ҷонам ташкил намуданд. Ронандае, ки фақат рақами мошинаш дар хотирам ҳаст ба ман суиқасд кард, шукр ки осеб надидам. Худи ҳамин моҳи сентябр майёри милисаи шаҳри Кӯлоб Шамолов Қурбон худро муррифӣ карда ба марказ омад ва тарафи Шамолов Набиро гирифта, маро таҳдид намуд. Баъди таҳдидҳои пайдарпай ман ба муассисони ин марказ дар алоҳидагӣ ва тариқи телефон низ суҳбат намудам ва таклиф кардам, ки биёед ин ҳарому ҳараҷро аз Кӯлоб тоза кунем ва дар якҷоягӣ кор намуда, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳем. Фахриддинов Теша бошад, таҳдид карда чунин гуфт: «ин Давлат динро маҳдуд кардай, барои ҳами фарзандои мо Сурия мераванд, худат аз гӯшаи намозхонӣ нагузаштаӣ…».

Дидам, ки бо Фахридинов сухан гуфта намешавад Азимов Абдулҳафизро ба марказ даъват намудам ва пешниҳод кардам, ки биё дар якҷоягӣ ин гурӯҳи шабонаро барҳам диҳем ман ба амният хабар додам ва онҳо дар ин кор ба мо кумак мерасонанд. Азимов бошад, «аз дасти амнияти ту хок намеояд», гуфта аз дарвоза берун шуд дар ин вақт амният, Шуъбаи Корҳои Дохилӣ ва прокуратураи шаҳр ҳамаҷониба заҳмат кашиданд ва ин гурӯҳи шабонаро ки ба онҳо таблиғоти динӣ дода мешуд, дар як муддати кутоҳ аз байн бурданд…»

Бино бар иттилои як корманди ШКД-и шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, алайҳи 4 нафар (2 турку 2 тоҷик) кормандони ин марказ барои вайрон кардани қонуни «Танзим…» парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ахиран хабар расид, ки баъди куш9ода шудани парванда 2 турки муҷрим ба Туркия фирор карданд.

Ҳамин буд мушкиле,ки дар ин маркази забономӯзӣ тайи чор моҳи охир давом дошт ва дигар дар марказ гурӯҳи шабона фаъолият надорад ва шаҳрвандон метавонанд бе ягон мушкилӣ омада забономӯзӣ намоянд, зеро донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботҳои замони муосир аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)