Бахшҳо

Боздошти як масъули Кумитаи дин бо иттиҳоми гирифтани пора

Як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ду ҳазор доллар дастгир шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо пахши як гузориш дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз боздоштшуда Изатулло Азизов (соли таваллудаш 1966) ном бурда гуфт, ӯ дар кумита вазифаи сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои диниро бар уҳда доштааст.

Ба иттилои манбаъ, Азизов дар пайи шикояти як шаҳрванд боздошт гардидааст: "17 марти соли 2015 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шаҳрванд А. бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбат ба корманди кумитаи дин бо номи Изатулло чораи қонунӣ андешанд. Чунки ӯ барои ба сафари ҳаҷ фиристодан ба ғайр аз боҷи давлатӣ, ки 3700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, боз иловагӣ ду ҳазор доллар амрикоӣ ба сифати пора талаб карда истодааст".

Манбаъ мегӯяд, 18 марти соли равон зимни анҷоми як амалиёт Изатулло Азизов баъди гирифтани ду ҳазор доллар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир ва далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.

Дар ин гузориш Азизов ба гуноҳи худ иқрор карда гуфт, бо вуҷуди он ки ба ҳаҷ фиристодани одамон ба масъулияти ӯ дохил намешавад, аз як шаҳрванд барои мусоидат ба фиристодан ба Хонаи Худо маблағ гирифт.

Агентӣ мегӯяд, ҳоло нисбати дастгиршуда бо моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1- Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад
.
Мӯҳр
Ахроров
Худ казоват кунед?

Сино
Лахзахои гуворо давом дорад

Салом ба миллати пуршарафи точки. Иштибохкори аз дасти хама Сар мезанад, аммо набояд ивази як иштибох Бо хает бошад. Дар холе Ки ин нафар шахсияти бузурги Точикистон аст, Ки хизмати яксолаи у, Ки хангоми адои вазифа ба ватану миллат мекунад, даххо,хатто садхо баробар аз ин микдор пуле, Ки ба у додаанд, бошад. Он нафароне, Ки ин корро таьсис намуданд, Ман Бо боварии том гуфта метавтнам, Ки то лахзаи охири умрашон хизматчии давлати бошанд, наметавонанд, Ки нисфи хизмати Амоновичро кунанд. Чсноби Оли чандруз пеш Бо хиси нафрат ба коркунони корупсия гуфт, ки шартаст, макомотатонро аз байн барем, барои 100суму 200сум кадрхоро паси панчара накунед!!!

ПАХЛАВОН
Чаноби Давлатов С.кадре хастанд ки дасту калби пок дорад. Бо у касе кор карда метавонад, ки дасту дили пок дошта бошад.

Пас аз таъин гардидани Рустам ба мансаби рохбарии ин маком чунин "лахзахои гуворо"ро дар Телевизион бештар мекунанд. Анкариб харруз метавонед инро дар ТВ тамошо кунед. Ба пеш ба суи коммунизм.

Асилзода
Коррупция харомтарин падида мебошад. Уро бояд нест кард.

Асилзода
Барои хонандаи заки. Агар фахмед, ки чи тавр мубориза бо коррупция метавонад, давлатро кави ва пешрафта намояд, таърихи давлати Сингапурро хонед.

Иктисодчи
Рустами Эмомали аз Шумо хохишмандам хамаи порахурхоро новобаста ба дину мазхабу вазифаашон дастгир намоед.Зеро мутахассисони боэътимод аз дасти ин порахурхо хор ва бекор гардидаанд.Хар сол аз тамоми минтакахои ватанамон чанд хазор нафар ба хонаи Худо мераванд ва аз дасти ин порахурхо хачи мардум кабул намешавад.Чунки хач, ки бо пора шуд ба даргохи илохи кабул шуданаш Алох худ доност - дар гумон аст.Аз хукумати Чумхури хохишмандем маблаги умумии хач аз тарики ТВ эълон карда шавад ва назорат бурда шавад. Хаминро кайд менамоям ,ки дар хакикат Рустами Эмомали нисбат ба 90%-и рохбарони ЧТ чидди мебошад.Ба кадри чавон дар рохи хак бурдборихо хохонем.

Асилзода
Ба фикри банда имруз Рустами Эмомали шонс дорад, то худро хамчун сиёсатмадори кавиирода барои оянда нишон дихад. Яъне бо дастгир намудани "порахурхо" хусусан "порахурхои калони сохибмансаб" ва чидди мубориза намудан бо онхо.

Аввалан ман инро гуфтаниям ки чаро факат як нафарро доштанд.

аптекчи
Пеши рохи ришвагирони хадамоти фармасевтиро бо ном гнсел гирифтан даркор . Аз ин идора мо сохибкорон ба дод омадаем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)