Бахшҳо

Президенти фирорӣ гуфт, мехоҳад охирин нафасашро дар Ватан берун кунад

Аскар Акаев, раисҷумҳури собиқ ва фирории Қирғизистон, ки 10 сол мешавад, дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, гуфтааст, мехоҳад охирин нафаси худро дар Ватанаш берун кунад. Ӯ ин суханро дар суҳбат бо бахши қирғизии хабаргузории “Sputnik” иброз доштааст.

Аскар Акаев гуфтааст, даҳ сол аст, берун аз Қирғизистон зиндагӣ мекунад, вале дилаш мехоҳад, дубора ба Ватан баргардад: “Рагу пайванди ман ҳама қирғизанд, чаро имрӯз ман наметавонам, дар Ватан зиндагӣ кунам? Мехоҳам боқии умрро дар Ватан сипарӣ кунаму охирин нафасро дар Қирғизистон аз тан берун кунам”.

Ба гуфтаи раисҷумҳури пешини Қирғизистон, ӯ ҳатман рӯзе ба ин кишвар бархоҳад гашт: “Албатта, рӯзе ба Қирғизистон бармегардам. Чун ҳоло маро ҳукумати бо роҳи инқилоб ба қудрат омада намегузорад, ба Ватан оям”.

Аскар Акаеви 71-сола аз соли 1990 то 2005 зимоми қудратро дар даст дошт. Ӯ моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ кишварашро тарк кард. Ӯву хонаводааш ҳоло дар Маскав машғули кору зиндагиянд. Интизор мерафт, Акаев рӯзи 5 августи соли 2014 барои иштирок дар азои бародари бузургаш, ки 2 август дар синни 82 даргузашт, ба Қирғизистон ояд, вале баъдан бо тавсияи мақомоти Кремл аз ин сафар худдорӣ кард.
Мӯҳр
Асилзода
Хамаи он гапхое, ки нисбати Киргизистон мегуянд, яъне "кишвари демократи дар Осиёи Маркази" махз бо номи у вобаста аст. Албатта баъзе масъалахое хастанд, ки мавриди бахс аст. Яъне хангоми дар сари кудрат будан, Акаев хам ба хатогихо рох дод. Ба мисли он, ки у худро ба кавли точикхо "ба кураки" зад хангоме, ки як кисми бизнесро дар кишвараш, хусусан дар Бишкек духтаронаш ва чиянхояш "ругулировать" мекарданд.

саид
Дар солхои чанги шахрвади точиконро хеле дастгири намуд.

Аскар Акаев яке аз бузургтарин сиёсатмадорони давраи хозира ба шумор меравад. Вай бунёди демократияи Омиёи Миёнаро омода кард, ки дар оянда тараки хочад кард. Ин бузургии Аскар Акаев буд, ки курсии худро бе ягон катраи хуни халки хешро тарк кард. Рохбарони дигар давлатхо бояд аз вай дарси ибрат гиранд. Вай марде буд, ки дар замони шурави ба унвони академики илмхои дакик ноил шуд. У фарде буд, ки кавмияти точику киргизро аз минбари баланд овоз дод. Дар солхое ки чанги шарванди дар Точикистон дар авч буд, ба мушкилихои иктисодии давлати худ нигох накарда ба Точикистон дасти ёри дароз кард. Хусусан мадуми манотики кухистони - Рашт ва Бадахшони Кухи хизмати бегаразонаи ин мардро фаромуш намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)