Бахшҳо
19 мар 2015 10:45Ҳуқуқи инсон

Дидаҳои интизор ба роҳи фарзанд

Хуршед ФОЗИЛОВ

Хушунати оилавиро агар замоне дар зӯрии шавҳар нисбати фарзанд медонистанд, имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин дард ба он оварда расонидааст, ки ҳатто фарзандон нисбати волидони хеш хушунат мекунанд.


Бобои Шаҳоби 87 сола, ки бошандаи хонаинтернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент аст, аз он нафароне мебошад, ки гирифтори ҷабру ситами фарзанди хеш гардидааст. Фарзанде, ки замоне кӯчак буду дар оғӯши гарми ҳамин падари хеш ба воя расида буд.
Бобои Шаҳоб Нозиров бо ҳасрат мегӯяд, баъди марги ҳамсараш ва хира гардидани чашмонаш фарзанди ягонаи ӯ, яъне духтараш, падарро аз манзили хеш меронад. Ӯ мегӯяд маҷбур шудааст, пас аз ин амали ҷигарбандаш хонаинтарнати пиросолон ва маъюбони шаҳри Панҷакентро хонаи дуюм ва умеди хеш қарор диҳад.

Дар хона-интернати мазкур ҳамтақдирони бобои Шаҳоб кам нестанд. Тавре Моҳира Амонқулова сарвари хонаинтернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент ба мо иттилоъ дод, дар байни бошандагони хонаинтернат, 6-7 нафари дигар ҳастанд, ки бо ин ё он баҳона наздиконашон онҳоро партофтаанд.
Имрӯз ин даргоҳ яъне хонаинтернат барои ин гуна ашхос хонаи умед гардидааст.

Рӯзноманигор ва коршиноси маҳаллӣ Шоҳин Облоқулзода, сабаби зиёд гардидани хушунатро махсусанд дар замони имрӯз ба якчанд паҳлӯ рабт медонад. Ба қавли оғои Облоқулзода ҳисси беэҳтиромӣ ва ноҳурмати ба наздикони хеш охир ба хушунат оварда мерасонад.
Ӯ мегӯяд, ки агар фарзанд дар муҳите ба воя расида бошад, ки дар он муҳит ноҳурмати нисбати волидони хеш аст, пас ин фарзанд низ аз волидони худ ибрат гирифта ҳисси бадбинӣ дар замираш пайдо мегардад.

Ҳамчунин омили дигаре ки сабаби бадбинии пайвандону наздикон ва фарзандон нисбати волидон гардидааст, ин солҳои сол кӯдакони ҳатто ширхораи худро партофта ба муҳоҷират рафтани падару модарон мебошад.
Турдибой Солеҳзода, коршиноси дигари маҳаллӣ бар он бовар аст, ки замони пеш партофтани падару модар барои халқи мо ор буд. Вале, мегӯяд ӯ, имрӯз бурдани падару модар ба хонаи пиронсолон як чизи маъмулӣ шудааст.
- Ман сабаби асосии пайдо гардидани хушунати оилавиро дар табрияи нодурусти фарзандон мебинам. Зеро як мисоли одди он аст, ки мо дигар ба фарзанди худ афсона намехонем, ба ӯ ростиву роспарастӣ ва ҳурмату эҳтирмро талқин намесозем. Гумон мекунем, ки танҳо тамошои 1-2 намоиши телевизион фарзанди мо бамаърифат мешавад.

Дар мо мегуфтанд, ки: «Агар падарат хук бошад, хукбонӣ кун». Яъне волидонат чи гунае набошанд бояд ту ба онҳо этиром гузорӣ, хизматашонро ба ҷо орӣ, ба каломашон гӯш диҳӣ. Аммо мутаасифона дида мешавад, ки ин анъанаи хуби мо аз байн рафтан дорад – мегӯяд ҷаноби Турдибой Солеҳзода.
Шояд бобои Шаҳоб, ягона нафаре набошад, ки ҷигарбандаш ӯро паси дар сохтаву дигар суроғаш намекунад…
Шояд бо ин ҳама азоб, бо ҳам бобои Шаҳоб ба ёфди фарзандаш аст…
Шояд ин амалҳои нангин дигар такрор намешаванд…
Шояд… шояд…шояд…..
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)