Бахшҳо
19 мар 2015 16:45Ҳуқуқи инсон

Чаро занон мардикор мешаванд?

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Бар асоси омори расмӣ, феълан беш аз 10 ҳазор нафар занону духтарони хатлонӣ дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Ҳамзамон синни занони муҳоҷир низ ҷавонтар мешавад, ки ин барои ҷомеа метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад. Мебояд мавзӯи ҳимояи ҳуқуқ, касбомӯзӣ ва бокортаъминкунии онҳо мавриди баррасии ҷиддии мақомоти давлатӣ қарор бигирад.

Надонистани забони русӣ, қурбони фиреби афрод ё гурӯҳҳои моилкунандаи занон ба умури ғайриахлоқӣ шудан, даст кашидан аз тифлони тавлидшудаю нохоста аз масоили мубрами муҳоҷирати кории занон унвон мешавад.

Ба қавли Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, аксари ҷавонзанон азбаски дар дохили Тоҷикистон ҷойи кори мувофиқ бо ҳақмузди кофӣ пайдо намекунанд, ба муҳоҷирати корӣ рӯ меоранд. Вай афзуд, ҳамакнун мушоҳида мешавад, ки занони муҳоҷир ҳамроҳ бо шавҳару фарзандонашон ба кишвари муҳоҷират раҳсипор мешаванд. Ба гуфтаи М. Хоркашев, ҳадафи ягонаи ҳама муҳоҷирзанони тоҷик ҳалли мушкилоти ҳаёти шахсӣ мебошад. Баъзе ҷавондухтарон ҳамчунин муваффақ мешаванд, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия оила барпо кунанд.

Аммо дар шарҳи сабаби ба муҳоҷирати корӣ рӯ овардани занон мегӯянд, ки афзоиши мизони азҳампошии оилаҳо, тангдастии молӣ, надоштани даромади собит ва масъулияти таъмини фарзандони бепарастормонда иллати аслии ҳиҷрати онон ба хориҷ аз кишвар аст. Фирӯза Шарифӣ, раҳбари шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо вуҷуди буҳрони молиявӣ дар Русия ва бархе кишварҳои дигар, ҳамоно тамоюли муҳоҷирати кории бонувон ба чашм мерасад. Ба иддаои ӯ, асосан занони зери синни 40 ба қасди муҳоҷират ба Русия мерафтаанд.

Чаро занон мардикор мешаванд?- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари ба даст овардани маблағ, муҳоҷирати меҳнатӣ ҷанбаҳои зиёди манфӣ ҳам дорад, - идома дод Ф. Шарифӣ. - Бепарастор мондани кӯдакон, оилаҳои носолим, ҳатто ҷудошавии оилаҳо, ба сардӣ гароидани муносибатҳои оилавӣ ва робитаи волидону фарзандон, косташавии ахлоқ ва тарбияи заифи насли наврас ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ аз "минус"-ҳои муҳоҷирати кории бонувон мебошад. Бисёр аст чунин мисолҳое, ки зани ҷавон фарзандашро дар хонаи волидон монда, худ ба муҳоҷират меравад. Аз ин рӯ, тадбирҳои ҷиддитаре барои бо кор таъмин намудани занону ҷавонон бояд андешида шавад. Худи бонувон ҳам аз сарнавишти фарзандон бояд биандешанд.

Аммо коршиносони масоили муҳоҷирати корӣ бар ин андеша ҳастанд, ки ҷавонзанони «мардикор» ба сабаби бедонишию содагӣ ва ноомодагӣ ба муҳоҷирати корӣ дар Русия дучори мушкилоти фаровон мешаванд, ки дар баъзе маврид мушкилашон аслан роҳҳал пайдо намекунад.

Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барнома оид ба муҳоҷирати меҳнатии Маркази ҳуқуқи башар, бо такя ба таҳқиқоте, ки анҷом додааст, гуфт, ки нисбат ба мардон ҳангоми муҳоҷират ҳуқуқу имконияти занон маҳдудтар мебошад.

Чаро занон мардикор мешаванд?- Пурсиши мо исбот намуд, ки занон бештар табъиз мешаванд. - афзуд Н. Абдуллоева. - Агар барои мард танҳо тасмим гирифтану ба муҳоҷират рӯ овардан бошад, барои зан ин чанд зинаи кор аст. Онҳо бояд аз шавҳар, аз хонавода иҷозат бигиранд. Андешаи фарзандонашонро бикунанд, ки дар вақти набуданашон онҳо дар куҷо меистанд. Аслан барои зани тоҷик ин мушкил аст, чунки дар баъзе маврид баъди бозгашт ҷомеа ба занони муҳоҷир манфӣ назар мекунад.

Моҳираи 18-сола аз ҷумлаи қариб 10 ҳазор зани хатлонист, ки ба хотири таъмини рӯзгор ва пайсағундорӣ барои идомаи таҳсилаш дар донишгоҳ, рӯ ба мардикорӣ дар Русия овардааст. Вай бо даъвати хоҳарбузургаш, ки дар чанд соли ахир дар муҳоҷирати корист, вориди Русия гардида, бо мушкилоти фаровони иҷтимоӣ ва корӣ мувоҷеҳ шудааст. Ба гуфтаи Моҳира, дар як соли муҳоҷирати кории пурмашаққаташ дар шаҳри Оденсовои Русия чанд дафъа ҷойи корашро тағйир дода, гоҳе дар ошхонае зарфшӯӣ мекарду гоҳе ба тамизкории биноҳо машғул мешуд. Вале вай афзуд, миқёси мушкилоте, ки рӯзгори ӯро дар кишвари муҳоҷират фаро гирифта буд, бо ҳамин маҳдуд нашудааст.

Бо тасдиқи иддаои Моҳира дар мавриди шароити бади кору будубош дар кишвари муҳоҷират, коршиносон мегӯянд, ки вазъи муҳоҷирати кории занон дар Русия дар қиёс бо муҳоҷирати кории мардон бадтар аст ва занони муҳоҷир бо мушкилоти бештар рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин муҳоҷирдухтари 18-сола дар кишвари муҳоҷират занону духтарони зиёдеро вохӯрдааст, ки ба сабаби надоштани манзили муваққатии зист, сарсону саргардон мондаанд. Вале сарфи назар аз ин, занон ба хотири таъмини рӯзгори худ ва фарзадонашон «лаб зери дандон» ин ҳама мушкилро таҳаммул мекунанд. Моҳира афзуд, ки худи ӯ ва бештари занони тоҷикро маҳз ҳамин ночорӣ ва зиндагӣ дар шароити фақру нодорӣ дар Тоҷикистон таҳрик додааст, то роҳи Русияро пеш бигиранд.

Дар баробари Моҳира ҳамчунин ҳазорҳо зани дигар аз вилояти Хатлон ягона роҳи беҳсозии рӯзгори худро дар мардикорӣ дар хориҷ аз кишвар медонанд.
Ситора яке аз чунин ҷавонзанони хатлонист, ки пас аз талоқ гирифтан аз шавҳараш фарзандаш дар тарбияи ӯ мондааст ва азбаски вай дар зодгоҳаш ҷойи кори муносиб пайдо накардааст, мехоҳад ба мардикорӣ Русия биравад.

- Шавҳарам маро миёнаи раҳ кард, - дарди дил мекунад Ситора. - Як кӯдакро талбидам, устухонашро шах кардам. Дар хонаи модарам зиндагӣ кардан азоб аст. Янгаҳоям таънаю маломат мекунанд, кӯдакамро қабул надоранд. Сарамро ба куҷо бизанам, намедонам. Аз ин рӯ, озими Русия шудам. Розиям, ки он ҷо ҳар коре пеш ояд, анҷом диҳам, ҳатто сохтмон ҳам аз дастам меояд. Орзу дорам, ки кор кунаму пул ҷамъ карда, барои худаму кӯдакам хона бихарам...

Ба иддаои коршиносон, феълан дар вилояти Хатлон садҳо духтарону занон аз таълим дар мактабҳои олӣ канор монда, соҳиби касбу ҳунар ҳам нестанд. Биноан, бисёре аз занону духтарон роҳи ягонаи таъмини рӯзгорро дар муҳоҷират меҷӯянд. Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯяд, ки агар ҳам солҳои пеш занону духтарон ба Русия ҳамчун узви оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ сафар карда, гоҳ-гаҳе бо кори музднок машғул мешуданд, ҳамакнун тамоюли ҷалби худи занон ба муҳоҷирати корӣ ва афзоиши шумораи занони мардикор ба мушоҳида мерасад.

Умдатан, сатҳи камбизоатӣ ва ҳамзамон аз муҳоҷират барнагаштану издивоҷи мардон бо занони рус яке аз сабабҳои аслии рӯ ба муҳоҷират овардани занони тоҷик будааст. Афзоиши мизони талоқу азҳампошии хонаводаҳо, бекорӣ, надоштани манбаъҳои даромад, масъулияти таъмини фарзандони бепарастормонда низ иллатҳои аслии муҳоҷирати занон ба хориҷ аз кишвар хонда мешавад.

Мушкили дигаре, ки коршиносон ба он ишора мекунанд, ҳамзамон пардохт накардани алименти фарзандон аз тарафи мардон мебошад. Ба қавли коршинос Нодира Абдуллоева, аксари занон аз ин мушкили худ наметавонанд ба судҳо муроҷиат бикунанд, чун шавҳарҳояшон дар Русия ё издивоҷ карда ва ё ҷойи иқомати ҳамешагии худро пинҳон нигоҳ медоранд.

Чаро занон мардикор мешаванд?Ба иддаои коршинос Муҳаббат Мирзораҳимова, ки таҷрибаи ғании кор бо муҳоҷирони меҳнатиро дорад, занони ҷавоне, ки феълан ҳамсарони муҳоҷири худро дар хона, дар ватан мунтазир нишастаанд, низ рӯзгори осудаву таъмин надоштаанд. Агар дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар то як миллион нафар мардони тоҷик ба сар мебаранд, табиист, ки дар Тоҷикистон миллионҳо зани тоҷик чашминтизори роҳи бозгашти онҳоянд. Модарон, хоҳарон, ҳамсарон, духтарон, хуллас бонувони интизори мардони муҳоҷир чӣ ҳолу рӯзгоре доранд? То куҷо бори гарони рӯзгордориро рӯйи шонаҳои худ мекашанд? Аслан агар муҳоҷирати меҳнатӣ манбаи аслии даромади хонаводагӣ барои садҳо ҳазор оила дар Тоҷикистон бошад, мушкилоти дигари иҷтимоие дар пайи маҳз ҳамин муҳоҷирати корӣ ба миён меоянд, ки мояи нигаронӣ мебошад. Аз тарбияи фарзандон дур мондани падарони муҳоҷир, ба сардӣ гароидани муносиботи аҳли хонавода, вайроншавии оилаҳо ва мисли ин.

Бархе аз хонаводаҳои тоҷик, бахусус оилаҳое, ки саробонашон дар ғурбат ба сар мебарад, ба тарсу таҳлука афтодаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба болоравии нарху навои бозор, хизматрасонии маишӣ, иҷорапулии манзил ва дигар мушкилот чӣ гуна рӯзгори худро пеш мебаранд.

Теъдоди занону кӯдаконеро, ки моҳҳову солҳо интизори бозгашти шавҳарону падарони муҳоҷирашон аз Русия ҳастанд, коршиносон ғайри қобили шумориш меҳисобанд. Гулҷаҳон, зани 35-сола аз ноҳияи Бохтар модари ду фарзанд аст, ки мегӯяд, фарзандонаш солҳо боз орзуи расидан ба дидори падарро доранд. Аммо шавҳараш дар чаҳор соли охир аз онҳо суроғ намекунад ва барояшон кӯмак намерасонад.

- Дар шаҳрҳои урус шавҳарам чаҳор сол пеш рафта, зани рус гирифтааст, - алам мекунад Гулҷаҳон. - Моро суроғ намекунад. Ба меҳнати худ нон мехӯрем. Хеле азоб дорем, рӯзгордорӣ мушкил аст, шароит нест. Кори мактаб мекунам, маошаш кам аст. Боз кори кишоварзӣ ҳам мекунам, то фарзандон гурусна намонанд. На телефон мекунад, на ягон маблағ мефиристад барои фарзандонаш. Намедонам чаро якбора аз мо дилсард шудааст. Доим дар намозам дуо мекунам, замоне расад, ки шавҳари ман ва ҳамаи шавҳарону падарону писарону бародарон ба назди пайвандони худ баргарданд. На худашон дар мулки бегона хор шаванду на ақрабояшон дар ин ҷо…

Гулҷаҳон ҳоло ҳеҷ иртиботе бо ҳамсараш надорад. Азбаски дер боз бо ӯ ҳатто телефонӣ суҳбат надоштааст, шумораи телефонашро ҳам гум кардааст. Аммо вай хабар дорад, ки падари фарзандонаш дар Русия соҳиби оилаи нав шуда, аз зани русаш ҳам ду фарзанд дорад. Гулҷаҳон ҳоло розӣ аст, ки ба хотири фарзандонаш оилаи дувуми ҳамсарашро қабул кунад, зеро ширкати ӯро дар раванди тарбия ва парастории фарзандони худ муҳим мехонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорҳо зану кӯдаки хатлонӣ имрӯзҳо ба мисли Гулҷаҳону фарзандонаш дар интизории шавҳарону падарони муҳоҷири худ рӯзу моҳу солҳоро пушти сар мекунанд ва бори гарони рӯзгорро дар танҳоӣ мекашанд.

Маҳмуд Хоркашев, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ки шикоятҳои занонро дар мавриди аз парастории хонаводаи худ даст кашидани иддае аз муҳоҷирони корӣ зиёд мешунавад. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дарди рӯз аст ва роҳи ҳал мехоҳад. М. Хоркашев аз як зани хатлонӣ мисол овард, ки ба хадамоти муҳоҷират пиромуни бенишонии шавҳари муҳоҷираш шикояти расмӣ бурдааст.

Чаро занон мардикор мешаванд?- Аз зани маҳаллие ариза гирифта будем, - идома дод ӯ. - Ҷустуҷӯ карда, шавҳари ӯро аз Русия пайдо кардем. Бо ӯ телефонӣ суҳбат доштам. Вай ба хонаводааш дар ҳақиқат маблағ равон мекардааст, аммо камтар ва нокифоя. Рости гап, ба он мард гуфтам, ки агар бори дигар аз зану фарзандонаш оид ба ҳамин масъала шикоят расад, ба ниҳодҳои танзимкунандаи муҳоҷирати Русия мактуб менависем ва таъкид мекунем, ки шумо ғамхори оилаи худ нестед ва пешниҳод мекунем, ки иҷборан ба Тоҷикистон фиристода шавед. Ростӣ, ин суханро танҳо ба хотири бедор кардани масъулияти хонадории он мард гуфтам. Шояд ба худ омад, ки гуфт, минбаъд ҳар моҳ ба андозаи кофӣ барои фарзандонаш маблағ хоҳад фиристод. Аммо, медонед, гап сари танҳо интиқоли маблағ нест, балки муҳоҷирони корӣ бояд ҳамзамон донанд, ки пеши ҳамсар ва фарзандони худ масъулиятҳои дигар ҳам доранд. Занон ҳам пеши худ шавҳарашонро дидан мехоҳанд, фарзандон муштоқи дидору оғӯши падар ҳастанд…

Ба иддаои Муҳаббат Мирзораҳимова, таҳлилгари созмони иҷтимоии «Муҳоҷират»-и вилояти Хатлон, гоҳе занон аз ҳамсарони муҳоҷири худ талаби таваҷҷуҳ ва ироаи маблағ барои рӯзгору таъмини фарзандон мекунанду мавриди хушунати лафзию равонӣ қарор мегиранд.

- Хушунати телефонӣ ҳам зиёд шудааст, - ибрози андеша кард М. Мирзораҳимова. - Гоҳе мардон ба занҳояшон аз Русия занг зада, ҷангҷол мебардоранд, ки чаро маблағи фиристодаашонро зиёд сарф мекунанд. Ба кори зан эрод мегиранд, дашном медиҳанд. Бехабар аз он ки ҳама кори вазнини хонаро маҳз ҳамин занони бечора анҷом медиҳанд. Зан ҳам ба меҳрубонӣ, сухани хуши шавҳараш ниёз дорад. Аслан зарур аст, ки қонуни махсусе оид ба ҳимояи хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ қабул карда шавад.

Аммо завҷаҳои муҳоҷирони корӣ роҳи бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоии худро танҳо дар сабру таҳаммули вазъ мебинанд. Аксаран, ба хотири фарзандонашон аз хонаи шавҳар берун намераванд ва солҳо мунтазири бозгашти падари фарзандон менишинанд. Ин занҳои муштипар бори гарони рӯзгор, таълиму тарбия ва таъмину саробонии фарзандони худро танҳо бар дӯши худ доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)