Бахшҳо

Вокуниши Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират ба матлаби “Озодагон”

Хабаргузории “Озодагон” роҷеъ ба сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон -- Сайёра Муҳаммадова ва ҳамроҳонаш, ки барои гузаштан аз марзи Русияву дубора баргаштан ба ҳудуди ин кишвар барои соҳиб шудани варақаи муҳоҷират дар вилояти Брянск, дар марзи Русияву Украина боздошт шуданд, ду матлаб нашр намуд (Боздошти даҳҳо тоҷик дар роҳи бозгашт аз Украина дар санаи 03.02.2015 ва Кумакхоҳии такрории духтарони боздоштшудаи тоҷик аз сафорат дар санаи 18.03.2015). Дар матолиби “Озодагон” ин шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят мекарданд, ки баъди боздошт барои вайрон кардани шартҳои буду боши муҳоҷирон аз ҳудуди кишвари Русия ихроҷ мешаванд, вале бидуни асос ҳудуди ду моҳ аст, дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мегарданд ва ба Ватан фиристода намешаванд. Ин шаҳрвандон аз мақомоти Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Русия дархост карданд, ки барои рафъи мушкилашон ба онҳо кумак намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба ин матолиби “Озодагон” вокуниш карда, қазияро ба таври зайл тавзеҳ додааст:

“Дар посух ба маводи хабаргузории “Озодагон” дар робита ба муроҷиати шаҳрванд ҶТ, Муҳаммадиева Сайёра.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират изҳор медорад, ки шаҳрванд Мухаммадиева Сайёра с.т. 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 29 январи соли 2015 бинобар вайрон кардани талаботи иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ дар ФР аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия боздошт шуда, баъд аз судури қарори мақомоти судӣ оид ба ихроҷ ба Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Брянск оварда шудааст ва то ҳол дар он ҷо қарор дорад.

Сабаби тӯл кашидани мӯҳлати нигоҳдории шаҳрванд С.Мухаммадиеваро дар сӯҳбат бо Намояндагӣ масъулини Марказ шарҳ дода, изҳор намуданд, ки шаҳрванд С.Муҳаммадиева бинобар норозӣ буданаш аз қарори суд ба зинаи болоӣ шикоят ирсол кардааст. Мувофиқи тартибот баррасии чунин шикоятҳо на камтар аз як моҳро дар бар мегирад. Бинобар суханони масъулини Марказ шикояти шаҳрванд аз ҷониби суди болоӣ низ бетағйир мондааст, аммо аз ҷониби суд дар ин бора ҳоло мактуби расмӣ ба унвони марказ нарасидааст. Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузорӣ ихроҷи шаҳрванд бидуни қарори марбутаи мақомоти судӣ амалӣ карда намешавад.

Ин ҳолатро дар сӯҳбати телефонӣ бо корманди Намояндагӣ худи С.Муҳаммадиева низ тасдиқ кард. Ба қавли С.Муҳаммадиева вай дар давоми будубоши охираш дар ФР ягон асноди иҷозатдиҳандаи фаъолияти корӣ (яъне патент ё ки иҷозатномаи кор) ба расмият надароварда будааст ва маҳз ҳамин ҳолат боиси боздошташ аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия гаштааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Брянск ду маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, яке дар ноҳияи Жуковски ва дигаре дар худи шаҳри Брянск фаъолият мекунад. То санаи 19 март дар ин муассисаҳо 3 муҳоҷирзани тоҷик, бино бар сабабҳои риоя накардани қонунгузории федералӣ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар ФР нигоҳ дошта мешаванд.

Дар маркази нигоҳдории шаҳри Брянск ҳамроҳи С.Муҳаммадиева шаҳрванди ҶТ, зодаи ш.Душанбе Ашурова Насима низ бо ҷурми қоидавайронкунии маъмурӣ мунтазири ихроҷ ба ватан аст.

Сайёра Лаълбекова, муҳоҷирзани дигари тоҷик, ки дар мавод аз ӯ низ сухан рафтааст, санаи 19 феврал ба Тоҷикистон равон карда шудааст.

Дар маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар ноҳияи Жуковски шаҳрванди Тоҷикистон Ғафурова Шарофат нигоҳ дошта мешавад. Сабаби тӯл кашидаи мӯҳлати боздошташ он аст, ки ӯ қаблан худро ба масъулини марказ ҳамчун Гадойбоева Лайло муаррифӣ карда, ному насаби аслии хешро пинҳон доштааст.

Бояд гуфт, ки баъзан ҳамватанони мо бо сабабҳои гуногун ному насаб ва суроғаи аслии иқомати худро пинҳон дошта, маълумоти ғайр пешниҳод мекунанд ва ин боиси тамдиди муҳлати боздошташон мегардад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР дар ҳамкории зич бо консулгариҳои Тоҷикистон дар ФР дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик пайваста кӯшиш мекунад. Аммо дар баъзе маврид, аз ҷониби шаҳрвандони мо риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда ба мушкилот рӯбарӯ гаштани онҳо боис мешавад.

Бо истифода аз фурсат бори дигар Намояндагӣ ба ҳамватанон муроҷиат намуда, даъват мекунад, ки талаботи қонунгузории федералиро, қабл аз ҳама дар бобати меъёрҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ қатъиян риоя намоянд. Он гоҳ метавонанд худро аз чунин мушкилот нигоҳ доранд.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)