Бахшҳо
20 мар 2015 15:42Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон дар бораи ҳамла ба осорхонаи “Бардо”-и Тунис

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми март бо ирсоли барқияи тасаллият ба раисиҷумҳури Тунис, Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси амали террористии мудҳишро дар осорхонаи “Бардо”-и ин кишвар маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “бо андуҳи бузург хабари таассуфангези амали террористии мудҳишро дар осорхонаи «Бардо»-и кишвар, ки боиси шаҳодати зиёда аз бист нафар сайёҳони хориҷию шаҳрвандони Тунис ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам. Ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташшакилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Тунис, аз раисиҷумҳури ин кишвар хоҳиш кардааст, ки “ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзу намудааст.

Ҳамла ба осорхонаи “Бардо”-и Тунис, рӯзи 18-уми март сурат гирифт, ки дар пайи он беш аз 20 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷруҳ гардиданд. Расонаҳои Ғарб мегӯянд, масъулияти ҳамла ба осорхонаро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифтааст. Миёни ҳалокшудагон сайёҳон аз Испания, Австралия, Итолиё, Лаҳистон, Фаронса, Колумбия ва Ҷопон низ ҳастанд.
Мӯҳр
Шаш нафаре ки дар русия дар натичаи сухтор халок шуданд чи гунох доштанд ки барои онхо хатто тасаллият баен накардед

Саидчон аз Ёкутистон
Рост гуфтед бародари точик. Хар руз аз Россия чандин чавонони нозанинро дар тобут меоранд касе аз давлатдорони мо пинакашро вайрон намекунанд, гуё ин як ходисаи мукарари хаст. .................

рудаки
Хатто дар бораи шаш нафари хамватанонамон ки дар татаристон ба халокат расиданд дар ягон расонахои хабари телевизонии точикистон хабар надоданд.Акалан барои тасалият ба хонаводаашон хамдарди баён накарданд хукматдорон.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ин Рохбари Точикистон факат ба хоричихо хамдарди баён мекунад.Дар Рашт чи кадар чавонони нав ба балогатрасидаро ба катл расонданд, боре ба онхо хамдарди баён накард. гуё дар мо ягон мушкилот вучуд надорад.

як гапе
О бо, кори нохуб шудааст, рафикон! Ин омилхои мудхишу нангин ба пешрафти ичтимои ва иктисодии Точикистон халали чидди ворид мекунад.

сино
Чаро аз ҳамлаи скинхедҳои рус ба мардуми муҳоҷири тоҷик андуҳигин намешавед ??? О буҷаи давлати роҳбари мекардаи шуморо онҳо пур мекунанд ку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)