Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.
Номбурда гуфт, 153 тан аз дастгиршудагон ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70%-и онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: "10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд".
Ин генерали тоҷик гуфт, амалинамоии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотии гузаронидашуда барои пешгиринамоии 350 ҷинояти вобаста ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, 7 ҷинояти раванди террористӣ – таркишҳо дар иншоотҳои муҳими давлатӣ ва актҳои террористӣ нисбат ба ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, мусоидат намуданд: “109 нафар гумонбар ба узвият дар созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ҳамчунин 94 нафари онҳо дар ҷустуҷӯи фаврӣ, 18 узви оилаи онҳо бо 34 нафар фарзандонашон дар урдугоҳҳои махсуси гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, 72 нафар бо ном мегузаранд, ки шахсияташон номаълум боқӣ мондаанд, ки сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғданд”.
Генерал Назарзода Шариф Раҳмон пешниҳод кард, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ берун аз марзи кишвар фаъолияти дастаҷамъона буда, бояд ба танзим дароварда шавад.
Бино ба иттилои расмӣ, то 1 млн. ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 млн. шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзиашон дар Русия қарор доранд ва ин ҳолат бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик барои ифротӣ шудани сокинони кишвар ангушти иттиҳомашонро сӯйи Маскав мекунанд.
Қаблан, Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик ҷойи кории худро на дар Русия, балки ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз намудаанд.
БО МУҲОҶИРОНИ БАРГАШТА БОЯД РАВОНШИНОСОН КОР КУНАНД
Дар ҳамин ҳол, Ислом Раҳимов – коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, бо муҳоҷирони корие, ки бо далели бӯҳрони иқтисодии Русия аз он кишвар бармегарданду дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, дар Ватан корҳои равоншиносӣ гузаронида намешавад: “Будан ва набудани пул ҳам боиси харобии асаб мегардад ва касро ба ҳолати изтироб ва риққат меоварад, ки метавонад, ба зиёд шудани ҳар гуна ҷиноятҳо гардад”.
Аммо ҷаноби Қурбонзода гуфт, на ҳамаи ин афрод аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд, “зеро қонунгузорӣ шарт гузоштааст, ки агар дар фаъолият ва кирдори содиркардаи ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар набошад”.