Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 17 август 2022, 00:55

БТР-ҳои нави Русия ба пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон баъди насби “ПСО-Р”

25 март 2015, 10:07

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар соли равон соҳиби ҳудуди 100 мошини зиреҳпӯши навъи БТР-82А хоҳад шуд.

Ярослав Рошупкин, масъули Ҳавзаи низомии марказии Русия гуфтааст, дар соли ҷорӣ ба пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон ҳудуди 100 зиреҳпӯши БТР-82 А, ки чанде қабл дар ихтиёри артиши Русия қарор гирифтаанд, дода мешавад ва онҳо ҷойгузини навъҳои кӯҳнаи зиреҳпӯшҳои низомӣ хоҳанд шуд.

Аз ин пеш, мақомоти рус ин пойгоҳи худро, ки дар феҳристи 20 пойгоҳи бузурги низомӣ дар ҷаҳон қарор дорад, бо таҷҳизоти “ПСО-Р” муҷаҳҳаз карда буданд. Ин таҷҳизот маҷмааи мутаҳаррики тирандозӣ, (ПСО-Р) ҳастанд, ки тариқи мавҷҳои радиоӣ идора мешавад.

Муҷаҳҳазсозии пойгоҳи 201 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон сурат мегирад, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон боиси афзоиши таҳдидҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ мешавад.

Пойгоҳи низомии Русия бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷ маҳсуб мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустаққар аст. Мувофиқи қарордоди моҳи октябри соли 2012-ум муҳлати будубоши ин пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042-ум тамдид шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!