Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:06

"Вой аз ин мусалмонӣ…"

27 март 2015, 09:48

Ҷасур АБДУЛЛОЕВ

Аз қабл мегӯям, ки ба ҳеҷ ваҷҳ таҳқир ва тамасхури арзишҳои эътиқодии ҳеҷ як миллату халқият ва намояндаҳои дину мазҳабро қабул надорам ва ҳамеша онро маҳкум кардаам. Аммо дар баробари ин, ҳаёти инсон ва ҳуқуқи ӯ низ бароям муқаддасанд.


Куштори духтари 27-сола аз ҷониби ҷавонони мутаассиб дар Кобулро ҷуз тундгароии динӣ чизе беш наметавон гуфт. Бовар дорам, Худо нафароне, ки ИНСОНро ба қатл мерасонанд, новобаста ба ҷурму далелашон ҷазо хоҳад дод, зеро ғайр аз худи Ӯ касе ҳуқуқи аз ҳаёт маҳрум кардани ИНСОНро надорад. Ҳамон тавре, ки фармудаст, ҷон амонат аст ва танҳо худи Ӯ метавонад онро аз ҷисми инсон гирад. Махсусан, барои худи Ӯ ваҳшиёна куштани инсон назди Худо бепосух нахоҳад монд.

Дар Кобули Афғонистон як духтараки 27-соларо ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Омили аслии қатли ваҳшиёна оташ задани китоби муқаддаси «Қуръон» будааст. Ин духтарак китоби муқаддаси мусалмононро оташ задааст ва барои ин мардуми даҳшатзада ӯро бо ваҳшонитарин шева ба қатл расонидаанд. Чанд лаҳза пас аз оташ задани китоби муқаддас, мардум ӯро сангсор ва лагадборон карда куштанд.

Вақте кормандони мақомоти интизомӣ ба ҷойи ҳодиса меоянд, духтар аллакай мурда буд, аммо мардуми ба шӯромада ва даҳшатзада латукӯбро идома медоданд. Кормандони полис ҳам коре карда натавонистаанд ва иқрор шудаанд, ки коре аз дасташон намеомад ва мардумро боз дошта намешуд.

Пас аз қатли духтар қонеъ нашуда, ҷасади мурдаро дар назди як дарёе дар Кобул оташ задаанд ва мардуми зиёди Кобул сӯхтори ИНСОНро тамошо кардаанд.

Ин амали ҷавонони кобулӣ боз номи Исломро дар сархати хабарҳое ҷой кард, ки мутаассифона, аммо мисли ҳамеша, тобиши манфӣ доранд. Боз тамоми ҷаҳон ангушти ишорат ба сӯйи Исломи пок ва Мусалмони боимон мекунанд ва таъкид доранд, «ин шумоед, ангезандаи тамоми ваҳшониятҳои ҷаҳон». Дуруст, хато аст ин андеша. Мусалмонон барои ин кор гунаҳкор нестанд, Исломи ноб умуман. Аммо… наметавон гуфт, ки ин амал даҳшат нест. «Қуръон» воқеан муқаддас аст, барои ҳар мусалмон ва дифоъ аз дин ҳам воҷиб аст. Ҳар мусалмон инро медонад ва ғайримусалмон ҳам медонад, аммо дифоъ аз дин ва китоби муқаддаси он, куштори даҳшатноки ИНСОН нест ва инро ҳам бояд ҳар нафар донад. Мухсусан, ҳар нафаре, ки худро мусалмон медонад ва Ислому «Қуръон» барояш азиз аст, набояд ИНСОН бикушад ва он ҳам бо даҳшатноктарин шева. Натанҳо набояд бикушад, ҳатто барои ин қодир набояд бошад, ки занеро ба таври даҳшатнок бикушад ва пасон оташ занад.

Боз ҳам даҳшатноктар аст, вақте ҳеҷ як қуваи қазоӣ дар мавриди амали он духтарак ҳукме содир накарда бошад.

Ангушти ҳайрат мегазӣ, хонандаи азиз? Ҳайратзада нашав, ин воқеият аст. Рафтори он духтаракро муҳокима накардаанд, ба қавли мо, суд накардаанд. Ҳамту, дидаанд, ки дар маркази шаҳр китобро оташ мезанад, қапидаанду куштаанд ва сӯхтаанд.

Ростӣ, намедонам, ки аслан ҳукми шариат (Дар Афғонистон қонунҳои шариат ҷорист. –Ҷ.А.) дар ин маврид чист, аммо дақиқ медонам, ки Ислом бе муҳокима маҳкум карданро иҷоза намедиҳад. Яъне, аввал он духтарак бояд муҳокима мешуд, баъд мувофиқи ҷазояш додгоҳ ӯро ҳукм мекард ва баъд ҷазо мегирифт. Аммо дар Кобул ин корро накардаву даҳшатеро аз худ гузоштаанд.

Шояд Ислом содиркунандаи ин амалро ба марг маҳкум карда бошад, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ ба даҳшатафканӣ не!

Махсусан, дар ҳоле, ки он духтарак гирифтори бемории рӯҳӣ будааст…

Ӯ бояд аввал муҳокима мешуд, баъд ҷазо мегирифт…

Ӯ набояд ба таври ваҳшатнок кушта мегардид…

Ин қатл нест, ин даҳшат аст, ки наметавон онро дуруст шуморид.

Онҳое, ки ин корро кардаанд, шахсан ман, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонам мусалмон гӯям ва кори кардаашонро дуруст шуморам. Ҳадди ақал наметавонам хомӯш бошам. Чун, дур нест, замоне, ки дар кишвари ман ҳам инро дуруст шуморанд ва пайравӣ кунанд. Як маротиба ба шабакаҳои иҷтимоӣ дароед ва мушоҳида кунед.

Инсон ин амалкарди ваҳшониятро бар муқобили як қалби пажмурдаи гирифтори бемории рӯҳӣ мебахшад, таърих фаромӯш мекунад, аммо назди Худо ҳеҷ як бадие фаромӯш намешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!