Бахшҳо

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.

Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.

Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.

Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.

Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.

Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.


АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Мӯҳр
Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон!!!! Сад дар сад ба ин гуфтахои хакимонаи Президенти мамлакат тарфдорам!!! Офарин Чаноби Оли!!! Мо хамеша бо шумоем!! Онгуна, ки Исмоли Сомони "дарвозаи Бухоро" буданд, Шумо "дарвозаи Точикистон", такягохи Миллат ва кафили суботу осудагии мардуми Точикед!!! ХАЛОЛАТОН БОД!!!!

ана ин гапи дигар... Бояд бархам дода шавад!!!

Мавлонов! Агар ту ба хизби исломи Зарурат надошта боши, мардуми мусалмони точикистон Зарурат.

Хурик
Бехтарин! Чй даркор ба мо хами хизби исломй? Як групировка чамъ шидиян мардума мутила карда мегардан ки мусалмонй хами нахзатай. Дуругай. Дини Ислома догдор кардан даркор нест. Политикатон мефора брен дига хизбхода аъзо шавен.

Сафар
харкасе рузи набаша аломати + зеркунад

Рустам
Чомеаи шахрвандй ин пешниходро тарафдорй мекунад. Вокеан хам ХНИТ барои чомеаи имрузаи Точикистон лозим нест. Мо дидем, ки дар интихобот хамагй 0,5 фоиз овоз гирифтанд. Мисли коммунистхо инхо хам миссияи худро аечом доданд. Агар бо воситаи партия вазифа гирифтанй бошанд, аз хукумат хохиш мекунем, ки ба Кабирй ва ду-се нафари дигари онхо ягон вазифа дихаду ХНИТ-ро бархам диханд, ки манбаи асосии нооромихо хамин ахзоби исломй мебошад. Дар хар кишвари мусулмонй хаминхо нооромй ва куштор меоранд. Инхо демократй нестанд, балки ба зулмоту торикй мебаранд. Хохишмандем раъйпурсй гузаронда шавад, то ки боз нагуянд ошкорбаёниро махдуд карданд...

Коршинос
Ин хутба не, балки даъват ба табодулоти давлатӣ аст.
Аввалан, ҳизби наҳзат бар асоси конститутсия ва қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд ва фаъолият дорад.
Дувуман, Тоҷикистон Ҷумҳурӣ аст, дар сохтори ҷумҳурӣ ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад пешво ва раҳбар шавад, инчунин президент бошад. Бо як сарвар доштан ва пешво доштан гуфтанаш муаллиф сохтори ҷумҳуриявии ин давлатро зери суол бурдааст.
Севум, Кумитаи дин ва анъанаҳо бояд ба кори худаш машғул бошад. Яъне сиёсати динии давлатро пеш барад, на балки дар байни мардум иғво андозад. Худатон фикр кунед, чӣ гуна ҳуқуқи дигаронро, ки конститутсия ба онҳо барои дигарандешӣ додааст, зери по мекунед? Инро ба забони ҳозира табъиз ё ҳамон дискриминатсия аз рӯи эътиқод ва боварӣ меноманд. Тоҷикистон тибқи қонунҳои байналмилалии ба уҳда гирифтааш вазифадор аст, гуногунандеширо ташвиқ ва ҳифз кунад.
ҲНИТ 200% ҳақ дорад ба суди олӣ шикоят барад. Агар адолатро он ҷо пайдо накард, ба суди байналмилал муроҷиат метавонад кунад.

Дар поён ба онҳое, ки таҳаммули дигарандешиву озодандеширо надоранд, гуфтаниам, ки рафта шаҳрвандии Узбакистон ва Туркманистонро талаб кунед. Ин ҷо Тоҷикистон аст!

Ватандуст
Бо умеди хушхолии Шумо дустоди Азиз
Касе ин хутбаро омода кардаст инро хуб бифахмад ки вакте ки соли 1997 бо нахзат сулх кардед хуб бидонед ки Шумоён дар пеши пои миллат(нахзат) афтода сулх сулх гуфтед на миллат ва Шумоён бо он ришу хичобу яроки нахзат сулх кардед ва нахзатхам ба шумо бовар карда ярокашро супорид ба хотири ояндаи нек

"Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.
Бо чунин магзхо мо дур намеравем.

Ассалому алейкум рузи Ҷумъа муборак.
Тассавур кунед ки қабл аз намози ҷумъа хатиб дар бораи ҳаққи Аллоҳ болои бандагон, фазилатҳо ва сирати Паёмбар (сав) ё таърихи Хулафои рошид ва ҳалолу ҳаромҳои Ислом бидуни ягон супориш холисона сухан гуяд ва ҳиқиқати Исломро ба мардум фаҳмонад. Мутмаинам ки баъди чунин мавъиза намозгузорон бо як руҳияи хуб ва бо хушуъу нармдили намоз адо мекунанд!!!
Аммо мутаасифона воқеият ин аст ки имруз аксарият баъди шунидани ин суханҳо фикрҳояшон машғул шуд ва дар чунин ҳолат намозе ки дар боло зикраш кардам ба даст наомад.
Бадтар аз он инаст ки ҳамеша як гуруҳе аз ҳамватанонро ҳамчун душман ҷилва медиҳанд ва дар дили мардум нисбати ҳамдигар гумонҳои бад пайдо мешавад. Хулоса мардумро ба гуруҳҳо ҷудо мекунанд ва душманиро зиёд.
Магар будани ҲНИТ дар ҷомеъа ё аъзои Наҳзат будан қонунро поймол кардан аст???
Агар 99% мардуми кишвар мусалмон бошанду ниёз ба ҳизби Исломӣ набошад, пас 100% -и Тоҷикистонро халқ ташкил мекунад, дар ин сурат ниёзе ба Ҳизби халқӣ демократӣ намемонад.
Ман аъзои ҳеҷ ҳизбе нестам ва ният ҳам надорам!!!!!!!!
АЛЛОҲ аз оқибатҳои бад мардуми Тоҷикистонро нигаҳ дорад!!!

Комил
Дар Укроин Хизби нахзати исломии Укроин мардумро ба низоъ андохт. Яценюк ва Янукович раиси хизби НУ ва муовини он буданд, мансабро ба якдигар таксим карда натавонистанд. Ина дидем, Янукович Кримро аз Укроин дуздида ба РУсия доду, худаш пагох фардо раиси он шахр мешавад. Агар мо хам ин Хизби нахзатро нест накунем, ба мисли амон бародарони укроини мекунанд. Онхо Гармро аз Точикистон дуздида ба Амрико медиханду баъд худашону фарзандошон ба мисли баъзехо хукмрони карда мегарданд. Эхтиёт шавед, мардум!

ХНИТ Точикистон сохиб дорад,бе сохиб
нест,ки хар гуна муру,малах,тагдир халкунандаи
Хизбе ,ки 40-сол пеш ташкил шуда будет
Хал кунанд.Чи тавре,ки Саид Абдуллои Нури
Худо рахмату махфираташ кунад.гуфта будет.
Мо ба хамон Рох меравем.Мардуми Точик
Хуб медонанд.Кадом Хизб арзанда
АСТ ,дар Ватан.М.Кабири ояндаи Точикичтон
Бо Шумо зебанда АСТ.

Хамин Хизб Умуман ба Точикистон, Умуман ба мусалмонони ТОчикистон зарурат надорад... Хакки Коносититусионии мегуед... Хакки Шумо барои Аз давлатхои Исломи грант гирифтану хурдан аст...? Кабири шахси донишманд аст мегуед Хуб... Дониши У факат барои Худашу оилааш... барои Точикистон чи кор кард ин дониши У? Факат риша тоза тарошидаги Аз Малазия Ба Америка Аз Америка ба Япония рафту омад карда гаштас парвои Аъзоёнашро надорад ...Баъд аъзоёни ин "хЕЗб" хамаш бесавод....рост мегун чи даркорай

Али
Ходисахое, ки имрузхо мо дар кишвархои олам махсусан мамлакатхои исломи мушохида мекунем, бори дигар моро водор месозад, ки чунин хизбу харакатхоро бархам дихем. Феълан мо дар фазои сулху ороми зиндаги мекунем ва бояд кушиш кунем, ки касе ин рушании моро ба торикистон мубадал накунад. Ман тарафдори бастани ХНИТ хастам

Мусофир
Ачабо коммунистон бисёрии ахолиро ишгол намекунанд,аммо дорои хизбанд,демократхову(коммунистхои собик)аграарихо хам инчунин,аммо 90%ахолии мамлакат,ки даъвои мусалмони доран аз чумла рохбарону чанобон аз хизби Исломи ор мекунанд,окибаташ ба хайр бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)