Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 22:29

5 намояндаи Душанбе дар Маҷлиси Миллӣ интихоб шуданд

27 март 2015, 15:17

Вакилони маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии Душанбе имрӯз, 27-уми март зимни овоздиҳии пӯшида аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанберо интихоб карданд.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ аз 219 вакили Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар интихобот 210 нафар ширкат варзида, Худоёрзода Бахтиёр Тавар – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмонова Наргис Шарифовна – котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Шоев Нуралӣ Наботович- ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев – Раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки аз номи аъзои тозаинтихоби Маҷлиси Миллӣ аз шаҳри Душанбе Убайдуллоев баромад карда, барои боварӣ ва изҳори ирода ба интихобкунандагон сипосгузорӣ намуд: “Убайдуллоев таъкид сохт, ки фиристодагони шаҳр дар Маҷлиси миллӣ потенсиали мавҷудаашонро дар роҳи таҳкими фазои қонунгузории кишвар баҳри эъмори ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёди дар асоси конститутсионӣ асолати дунявидошта бо истифода аз таҷрибаи дастовардҳои ҷаҳони мутамаддин раҳнамун месозанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!