Бахшҳо
27 мар 2015 15:34Ҳуқуқи инсон

Се роҳи сарнавишти Гулрӯ: Муҳаббат, сабр ё танфурӯшӣ...

Амонҷон МАҲКАМОВ

Гулрӯ (номи мустаор), ҷавонзани 25 сола аз ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон, як соли охир дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба танфурӯшӣ машғул аст. Ӯ иддао дорад, ки ба ин шуғли манфур на бо хоҳиши худ рӯ овардааст ва дар ин амали нангин падарашро айбдор медонад. Гулрӯ мегӯяд, ки дар гузашта падараш ӯро иҷборан ба писари рафиқи наздикаш ба шавҳар дод, аммо зиндагии муштараки онҳо дер напоиду аз ҳам ҷудо шуданд. Падар дигар омода набуд, ки Гулрӯро дар хонааш ҷой диҳад гӯё аз шарм ӯро пеш кард.

- Ҳарчанд волидайнам хуб медонистанд, ки ману Шаҳзод, ҷавони ҳамсояқишлоқамон, якдигарро хеле хуш дорем ва дар оянда қасди издивоҷ карданро доштем, дидаю дониста маро маҷбуран ба писари дӯсти падарам тӯй карданд, - бо алам нақл мекунад Гулрӯ. - Чунки вазъи иҷтимоии оилаи Шаҳзод на он қадар хуб буд ва онҳо ҳамон вақт имкони барпо кардани тӯйро надоштанд. Бечора Шаҳзод барои пулкоркунӣ ба Русия рафту ду сол онҷо монд. Ман омода будам, ӯро интизор шавам. Аммо рафиқи падарам барои писараш ба хонаи мо хосгор шуда омаду ҳамон лаҳза падару модарам дар фикри оиладоршавии ман шуданд. Падарам хеле марди сахтгиру пурғазаб ҳастанду хеҷ кас дар хона ба ӯ ҷуръати муқобилият карданро надорад. Модарам низ аз тарс норозигӣ нишон надод. Ғайри хоҳиши ман тӯй барпо шуд.

Гулрӯ дар идома гуфт, ки бо ҳамсараш як сол бо сад ҷангу ҷидол ва нофаҳмӣ зиндагӣ кард. Азбаски «ситора»-и ӯву ҳамсараш ба ҳамдигар «рост наомад», оқибат бо хоҳишу исрори Гулрӯ аз ҳам ҷудо шуданд. Гулрӯ бо бору бандаш ба хонаи волидон баргашт, аммо падар ӯро зада аз хона пеш кард. Ӯ чанд муддат дар хонаи пайвандонаш зист. Сипас, бо даъвати дугонаи қӯрғонтеппагиаш, ки ӯ низ аз шавҳар ҷудо шудаасту дар манзили якҳуҷрагӣ танҳо ба сар мебарад, ба хонаи вай рафт. «Беш аз як моҳ бо дугонаам зистам. Ҳар рӯз ҷавонписарон ба наздаш меомаданду мерафтанд. Баъдан, пай бурдам, ки ӯ танфурӯшӣ карда, бо ҳамон пул зиндагиашро пеш мебурдааст. Дар аввал хостам аз назди ӯ дур шавам, аммо ҷойи дигари мерафтагӣ надоштам. Пайвандонам ҳам аз ман суроғ намекарданд. Танҳо модарам аз аҳволам телефонӣ мепурсиду халос», - ёдовар шуд Гулрӯ.

Беҳуда намегӯянд, ки «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ». Гулрӯ низ зери таъсир ва ташвиқи дугонааш ба роҳи бад рафт…
Муҳаббат Абдунабиева, зани солманде аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бо шунидаи саргузашти Гулрӯ, худи ӯро айбдор медонад. «Ҳеҷ чиз баҳона шуда наметавонад, ки зан оқибат танфурӯш шавад. Агар Гулрӯ духтари бофаҳм мебуд, ҳарчанд ҳамсарашро дӯст ҳам намедошт, бо вай муросо карда, якҷо мезист ва шояд ба ин ҳол наафтида, зиндагии поку осуда ба сар мебурд», - меандешад бибии Муҳаббат.
- Дар вақти ҷавонии мо, яъне солҳои 40-50-уми асри гузашта, ин хел гапҳо набуд, - идома медиҳад М. Абдунабиева. – Кам воқеъ мешуд, ки падар аз духтараш дил пурсаду ӯро ба ҷавони дӯстдоштааш диҳад. Он замон хушдоманкалон, ки сарвари оила маҳсуб меёфт, духтарро ба касе, ки раво медид, ба занӣ медод. Имрӯз қариб, ки шарму ҳаё аз байн рафтааст. Баъзе духтарон шарм накарда, ба рӯйи волидайн ситеза мекунанду мегӯянд, ки ин ё он ҷавонро хуш дорам…

Аммо Гуландом Бобоҷонова, зани миёнасол аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бо момои Муҳаббат мувофиқ нест. «Имрӯз замона тамоман дигар шудааст», - мегӯяд ӯ. Хоҳ духтар, хоҳ писар, бояд бо нафаре кӯшиши издивоҷ кунанд, ки дилашон моил асту ба саодатмандӣ аз ҳаёти муштарак бо номзади худ мутмаинанд. «Бечора Гулрӯ чӣ кор кунад, вақте ки ӯро ба ҷавони дигар маҷбуран медиҳанд? Магар падару модари Гулрӯ намедонистанд, ки вақте духтар бесарпаноҳу танҳо монад, ӯро чӣ таҳдид мекунад? Яъне, гуфтаниям, ки духтар номус дорад, агар онро аз даст диҳад, хушбахт шуданаш амри маҳол аст», - иддао дорад Г. Бобоҷонова.

Дар ҳамин ҳол, Марат Халилов, коршиноси созмони ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз рӯйи лоиҳаи ин созмон бо занони фоҳиша кор кардааст, гуфт, ки аксари танфурӯшон ҳадди ақал боре шавҳар кардаанд. Вай бо такя ба пажуҳишҳои ин созмон гуфт, ки аксари фоҳишаҳо пас аз талоқ гирифтан аз шавҳарон ва аз ҷониби волидону ақрабояшон пазируфта нашудан, ночор рӯ ба танфурӯшӣ меоранду худро бадном мекунанд.
- Ҳамчунин дар ин миён духтароне ҳам ҳастанд, ки бо маъшуқаҳои худ ишқу ошиқӣ варзида, нафси шаҳвонии худро дошта натавониста, дар ниҳоят номусашонро аз даст додаанд, - афзуд М. Халилов. - Дар аксар ҳолат ин боис гардидааст, ки онҳоро аз хонаҳояшон пеш мекунанд ва ин духтарон бесаробон монда, ба ин роҳ мераванд.

Ба иддаои коршинос, Гулрӯ ягона нафаре нест, ки бо ин сабабҳо танфурӯш шудааст, чунки ҳолатҳои ба ҳамин монанд хеле зиёд сар задаанд.
Умар, ҷавоне, ки худро донандаи аркони ислом муаррифӣ кард, мегӯяд, ки аз азал ҳатто паёмбарону бузургони ислом аз пойбанди шаҳват будану нафси дунё аз Худованд паноҳ талабида, дуо кардаанд. Чунки шаҳват эҳсоси гоҳе идоранашавандаест, ки инсонро ба ҳар роҳ бурда, беобрӯ карданаш мумкин аст. «Муносибати шаҳвонӣ бо мард ё зани номаҳрам аз бадтарини гуноҳон маҳсуб ёфта, ҷазояш дар қиёмат тоқатнопазир аст», - мегӯяд Умар бо истинод ба аҳкоми исломӣ.

… Шаҳзод, ошиқи шайдои Гулрӯ, аз Русия ба ӯ чанд дафъа занг зад, аммо Гулрӯ ҷуръати бардоштани гӯширо надорад. Ҳамакнун беш аз шаш моҳ аст, ки Шаҳзод низ ба ӯ занг намезанад. Шояд ӯ низ аз ин воқеаю ҳоли табоҳи имрӯзаи Гулрӯ хабардор шудааст. «Дигар бароям зиндагӣ маънӣ надорад ва ба ояндаи нек хушбин нестам», - мегӯяд бо ашки сӯзон Гулрӯ.
Мӯҳр
Лаьнат бар ин дунеи фони. Лаьнат ба чунин марде,ки фарзандашро ба хотири сарвату ба хотири ба худаш писанд будан ба фарзандаш медихад аз фарзандаш напурсида.

Ман агар ба ч,ои шахзод бошам бо вучуди бева шудану бероха шудани бустдухтарам ,ки сабаби хама бадбахтихо падари уст уро ба зани мегирифтам ба гапи мардум зарае гуш накарда.
Мардуми мо имруз дунепарасту пулдустдор шудаанд ва аз одаму одамгари бехабар мондаанд.
Ба духтар тавсия доданиям,ки агар ракамхои дустписарашро дошта бошад хатман ба у тамос гирифта гузаштаашро накл кунад ..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)