Бахшҳо

Дастури Раҳимзода алайҳи либоспӯшии ғайримиллӣ ва ҳисоботи тобеин

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пайравии занони тоҷик ба фарҳанги бегона дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, имрӯз, 28-уми март сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ба муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавриди корҳояшон барои ҷилавгирӣ аз либоспӯшии ғайримиллии занон ва тақлидашон ба фарҳанги бегона ҳисобот додаанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ин ҳамоиш Аламшозода Абдураҳмон Аламшо изҳор доштааст, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад".

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни ҷаласа Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфтааст, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.
Мӯҳр
самуд
мини юбкара маън кунед

Антидемократ
Худо зана шумора ки мини- юбка магар либоси мили аст???? ((( пас Чаро инро маън намекунанд

аму либоси милиро як бор бамо пешниход кунед мо бинем мини яка ё дигар намуд.

Чи хел либосхоро занони точик бояд пушанд,ягон пешниход азтарафи хукуматдорон хаст?

кулобчон
Хама бо хам харфи чаноби олиро итоат кунему либоси мили пушан занон ва духтаро.
Яъне: миниюпка ва барахнаги аз аврупоихо ва ГАРБИ аст. Сиёх пуши ва махкам кардани хаммаи бадан аз ислом ва аз арабхо ШАРКИ аст.
Пас либос;
на шарки на гарби
либос либоси милли
на шарки на гарби
либос либоси милли
на шарки на гарби
либос либоси милли

Салом милати бо фарханги точки фарханги МО точикон исломаст чаро бо дигар либосхоро не факат сатро капидед оелибосхои ки имруз духтарони точик мепушанд чинс либоси милист ое шортик майка мепушанд либоси миллист ..., коре накунед газаби худоро биеред бо ин корхои зиди дин

xar
Ба чои саалла каллае намемонад

банда
Инно лилохи ва инно илайхи рочиун

Tojik
Ai xdo btarsen i chi ruzas ki ba sari musulmono omadai be nomusi be adolati

E mulohoi dar bori kjodayen gap zanen chi javob megen pewi xdoda

Барои чи чумхурии дунявии хукукбунёд гуфта дод мезанен????
вакти демократи дуняви меген монен мардум ба тарзи худ либос пушан
Наход вазир ба либоспуши кордор боша?
оли ак сар мешава сала биёр гуфтанда калла овардан мегиран
вой бар холи мо....

Чи ин кадар ба либоси занон часпиданд. Мард бошед аввал худатон онро ичро кунед, яъне челаку шалвор пушед зеро костюму галстук бобову бобокалонатон надоштанд(урфу одати миллати мо нестанд инхо хам)

Фаррух
Ин як баҳонаи дуруғаст, лӣбосҳои Исломиро манъ мекунанд намедонам аз ин манъ кардан чи фикре доранд? албатта хосияти хуб надорад , мардум шурида истодааст. аҷибаст ,барои чи либосҳои ним урёнро манъ намекунанд? Оё ин либосҳои милли тоҷики аст?

benom
Khudo okibatsha ba khair biërad.Aknun zanhoi mumina ba juz khonashini digar iloj nadoran.!!!!!"

Беном
Чангро бар зидди хама гуна намуди либосхои БЕГОНА эълон намоед ба таври зер: 1.МИНИ- ЮБКА 2. ...

Занон мини-юбка пушида ба амалхои террористи даст намезананд. Бояд хотиррасон кунам, ки дар бисёр актхои террористи исбот шудааст, ки махз занони сатру хичоб пушида даст ба чунин амалхо задаанд ва хазорон инсонхои бегунох кушта гардидаанд. Баъзеашон руйбандро истифода бурда, танхо чашмонашон метобад, ранги "нинза". О, ин магар фарханги мусулмони аст!!! Аз ин дида бигузор мини-юбка пушанду ба рохашон рост гарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)