Бахшҳо

Кӯдакони тоҷик дар бозор: Аробакаш, мошиншӯй, фурӯшандаи халтачаҳои полиэтиленӣ...

Алишер ЗАРИФӢ

Нодориву камбизоатӣ, муҳоҷирати тӯлонии падар ва бар дӯши модари танҳо мондани бори гарони зиндагӣ аз омилҳои аслии ба кори бозор иваз кардани таҳсил аз сӯи кӯдакони тоҷик гуфта мешавад. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд тибқи қонунгузории кишвар истифодаи меҳнати кӯдакон, ки ба рушди онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст, вале вақтҳои ахир афзоиши босуръати меҳнати ноболиғон дар бозору кӯчаҳо ба назар мерасад.


Комрони 15 соларо вазъи пасти зиндагӣ маҷбур кардааст барои дарёфти пул ба бозор баромада кор кунад. Ӯ мегӯяд, чанд сол пеш падараш онҳоро тарк намуд ва маҷбур шуд, худаш аз пайи таъмини зиндагии хонавода шавад. Мегӯяд, гоҳе аробакашӣ мекунаду гоҳе “кондукторӣ” ( пулчини нақлиёти мусофиркаш): “Мактабро пурра тарк накардаам, лекин ин ҷо низ аробакашӣ накунам намешавад, ароба аз худам не, ҳар вақт соҳибаш омада гирифт, боз меравам кори дигар мекобам, масалан “кондукторӣ” мекунам”.

Бархе аз соҳибназарон ягона роҳи ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдаконро дар бозор ва нуқтаҳои дигар рушди соҳаи иқтисод ва иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд. Бобоҷони Шафеъ, коршиноси тоҷик мегӯяд, аксари ноболиғоне, ки аз омӯзиш дур шуда ба меҳнат дар бозорҳо машғуланд, аз хонаводаҳои ниёзманданд. Ба гуфтаи ӯ, бештари кӯдакон аз ночорӣ вориди бозори меҳнат гаштаанд: “Мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷирати бемуҳлати волидайн кӯдаконро аз хурдӣ барои дарёфти маблағ ба кӯча баровардааст. Барои баргардонидани онҳо аз кӯчаву бозор ба мактабу тадрис як барномаи муҳим дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ ва маорифи мамлакат бояд бошад. То замоне, ки кишвар дар фақр фурӯ рафтааст, онҳоро низ намешавад пурра сари мизи таҳсил баргардонд. Яъне, ин як мушкили иҷтимоист, ки бо гуфтан ҳал намешавад”.

Ин коршинос меафзояд, ноболиғон ҳангоми кор дар бозорҳо аксаран мавриди хушунат ҳам қарор мегиранд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ, маоши ками падару модар, паст шудани фарҳанги оиладориро аз омилҳое меҳисобад, ки боиси истифода аз меҳнати кӯдакон гардидааст. Хонум Бобоназарова мегӯяд, чанд сол пеш ташкилотҳои ғайрҳукуматӣ як таҳлили ҷиддие омода намуда, ба ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷ ирсол намуданд, ки дар он зикр шуда буд, дар Тоҷикистон сӯиистифода аз меҳнати кӯдакон ва наврасон хело зиёд вуҷуд дорад: “Ташкилотҳои байналхалқӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб карданд, ки ба ин зуҳуроти ғайриқонунӣ хотима дода шавад. Баъди ин талошҳо ҳукумат оиди манъ намудани меҳнати кӯдакон қарор қабул намуд. Ин то як дараҷа пеши роҳи сӯиистифодаи меҳнати наврасонро гирифт. Аммо вақтҳои охир ба назар мерасад, ки боз ин зуҳурот зиёд шудааст”.

Ойниҳол Бобоназарова илова намуд, ягона роҳи ҳалли ин мушкилот ин аст, ки ҳукумат ба бахши маориф ва маданият авлавият дода, ҷойҳои кориро бо маоши беҳтар таъмин намояд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунад, ки сабабҳои пайдоиши меҳнати кӯдакон дар кишвар як қатор омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ба монанди иқтисодиёти ноустувор, муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шуғли ғайрирасмӣ, камбизоатӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ мебошад. Раҷабалӣ Раҷабов, сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии ин вазорат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, теъдоди зиёди ноболиғон, ки дар муносибатҳои меҳнатии ба корҳои шароиташон номусоид ва зараровар ҷалб мегарданд, аз оилаҳое ба шумор мераванд, ки таҳти хавфи иҷтимоӣ қарор дорнад: “Яъне, оилаҳои калон, оилаҳои аъзои маъюб дошта, оилаҳои нопурра (маҳрум будан аз яке аз волидон), ки кӯдакони ноболиғ доранд, оилаҳои бекор, шахсони ноболиғе, ки бо сабаби фавти волидон ё сабаби дигар сарвари хонадон шудаанд, фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар парастории хешовандони дуру наздик қарор доранд”.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон қарор “Дар бораи рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати шахсони аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ё кашонидани онҳо”-ро қабул намуд. Ҳарчанд дар пайи қабули ин қарор бархе ниҳодҳои давлатӣ муваззаф гардиданд, ки барои пешгирии меҳнати кӯдакон кор баранд, вале ҳоло маълум нест, то куҷо идораҳои давлатӣ дар ҳалли ин масъала муваффақ гардидаанд. Дар қарори мазкур аз ҷумла меъёре пешбинӣ гардидааст, ки шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, корҳои шароиташон номусоид ва хатарнокро миёни кӯдакону наврасонро ба танзим медарорад.

Хадамоти давлатии назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли гузашта барои ошкор намудани истифода аз меҳнати кӯдакон дар 530 субъект санҷиш гузаронидааст, ки дар пайи ин санҷишҳо 435 ҳолати истифода аз меҳнати ноболиғон дар шароити номусоид ошкор шудааст. Тибқи иттилои ин Хадамот зимни санҷишҳо маълум гардидааст, 399 ноболиғ ғайриқонунӣ аз ҷониби корфармо ба кор қабул гардиданд, ки 248 нафари онҳоро писар ва боқимондаро духтарон ташкил медиҳанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми санҷиш 2076 ҳолати вайронкунии қонун барои ғайриконунӣ истифода намудани меҳнати кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ мегӯяд, санҷишҳо нишон доданд, ки миёни кордиҳанда ва корманд шартномаи мехнатӣ, иҷозати хаттии падару модари ноболиғ, муоинаи тиббӣ ва муқаррароти соати корӣ вуҷуд надорад.

Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон бо гузаронидани як таҳқиқот муайян кардааст, ки аксари кӯдакони тоҷик ба сифати аробакаш, боркаш, мошиншӯй, ёрдамчӣ дар бозор, фурӯшандаи халтачаҳои полиэтиленӣ, пулмайдакунанда барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд. Ҳарчанд аз анҷоми таҳқиқоти ин ташкилот чанд сол гузашт, вале ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон кӯдакон ба ҳамин гуна корҳо бештар машғуланд ва тибқи гуфтаи коршиносон ҳатто ин ҳолат афзоиш ёфтааст.

Афзоиши гаравидани кӯдакон ба кори бозор ва истисмори меҳнати онҳо дар ҳолест, ки Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик мегӯяд, чунин зуҳурот кӯдаконро ба мушкилоти равонӣ гирифтор кардааст. Ба қавли ҷаноби Кабиров, вақте аксари кӯдакон барвақт барои маблағ ёфтан ба меҳнат машғул мешаванд, онҳо аз омӯзиш дур шуда, баробари калон шуданашон аз гирифтани иттилои лозима маҳрум мешаванд: “Мо ҳаррӯза ба табобат сарукор дорем ва мебинем, ки касоне, ки барвақт, аз кӯдакӣ ба иҷрои ҳаргуна корҳо машғул шудаанд, барвақт ба мушкилотҳои равонӣ гирифтор мешаванд. Сабаб ин аст, ки онҳо калон шудан мегиранд ва барои проблеммаҳои калонро ҳал кардан дар синну соли калон иттилоот лозим аст ва онҳо аз кам иттилоотӣ асабӣ шуда, эҳсосашон бедор мешавад. Чун дар синни хурдӣ иттилои лозимро нагирифтаанд. Кӯдаконе, ки дар бозор ва дигар маконҳо кор мекунанд, метавонанд ба ҳамсолони худ низ зиён расонанд. Ҳамсоли онҳо вақте мебинанд, ки рафиқаш маблағ меёбад, ӯ низ роҳҳои осони ба даст овардани маблағро мекобад ва ин ҳам боз як сабабе мешавад, ки дар мактаб хонданашон суст мешавад”.

Маҳмудшоҳ Кабиров иброз медорад, ки истифодаи меҳнати кӯдакон дар баробари омилҳои манфӣ, паҳлуҳои мусбат низ дорад. Ӯ яке аз омилҳои мусбати меҳнати кӯдаконро чунин арзёбӣ мекунад, ки дар шуури фарзандон бояд тафаккури меҳнат кардан, тафаккури тиҷоратиро бедор сохта, оҳиста-оҳиста онҳоро тайёр кардан лозим: “Мо бидонем, ки вай қувваи корияшро, вақташро мефурӯшад. Яъне, аз хурдӣ тафаккури кӯдакон омода мешавад барои меҳнат кардан”.

Ин равоншинси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама барои ҷилавгирии меҳнати кӯдакон назорати калонсолон, бетараф набудани ҷомеа низ нақши муҳим мебозад.

Мавриди зикр аст, бо таваҷҷуҳ ба вазъи зиндагии кӯдакон ва истифода аз меҳнати онҳо ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020”-ро қабул кардааст. Барномаи мазкур то куҷо барои барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон самара медиҳад, вақт нишон хоҳад дод.
Мӯҳр
Насли наврасро хор кард дар ин кор аввалан маориф гунахгор аст. Дар мактаб ба гайр аз пулбари дигар таълиму тарбия нест: пул чамъ кунен муаллима зодруз дорад, пул чамъ кунед муаллима туй дорад, пул чамъ кунед муаллима дар беморхона хоб аст факат пул барии

коршинос
Озодагон! Шумо коршинос меген, ин коршиноси чи хаст, санъат ё ракси милли, номи тахасусаш мухим аст. Бра як коршиноси сохаи ичтимоъиро мусохиба кун, коршиноси сохаи омузиш, ё иктисод ё стротежики ояндаи кишварро мусохиба бигирен. Эхтироман.
ин кор кардани кудако бо конуни асоси хамсол аст яъне аз хамон солхои аввал истиклол кудако кор кардесан, ин зухуроти 5сол 10соли охира нест, хама медонад ва касе коре намукунаду дасгирие нест?
равоншинос хуб гуфтанд аммо кудаке ки дар хона гушна монад бояд чиро гуш кунад гуш кардан уро сер намекунад гушнаги уро мачбур мекунад ва у меравад то сер шавад ва эхтиёчоти худро бадас оварад.
кудаконе ки калонтар надоран кадомин калонтарро гуш кунанд. Калон рафтааст расия мухочирати пул у худаш бояд кор кунад.
Хамаи масулони кишвар инро медонанд чун хаминхо хасояхои масулонанд якчо дар як кучаву дар як нохияи шахру кишлркхо зиндаги мекунан. Тавакал ба Худо. Худоё худт факат рахм кун бар мо ва миллати мо.

хукумат барои бехбудии кудакони камбагал чи кор бурда истодааст? ое онхо наметавонанд ин проблемро хал кунанд. ин кудакон аз нодори ба ин кор даст мезананд.Бояд хаети ичтимоии мардумро хуб кард, то фарзандонашон дар ин синнусол тахсил кунанд онхо ояндаи точикистонанд.

мактаб пулаки бошад ин бечорахо чи кор кунанд, муаллимон хозир мисли милисаю духтурон аждахор шудаги, факат пул биерро медонанду халос. дар мактаб муаллимон аз ба чои он ки ба талабагон дониш дода онро талаб кунанд, баръакс дарсро "ки пул овард" гуфта огоз мекунанд.

Хеч гап не монед корро ёд гиранд ба наздики Россия меоянд. ха-ха-ха. Афсус агар волидайнаш бетараф бошад, пас айби хукумат дар чист. Наход хамаи гунох бар сари Хукумат бошад. Саропо худи волидон гунахгоранд ва аз хамин сабаб кадре, ки шуд ё дузд мешавад ё бероха.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)