Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ мубориза бо фасодро аз “худӣ”-ҳо оғоз кард

Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар тамоми сохторҳои зертобеаш аттестатсия эълон кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз якуми апрел дар тамоми сохторҳои Оҷонсии зидди фасод аттестатсия гузаронда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Манбаъ афзуд, роҳбарияти Агентӣ ният дорад, тариқи атестатсия сатҳи тахассусии масъулони мубориза бо фасодро баланд ва самаранокии фаъолияташонро бештар кунад.

Ин нахустин иқдоми Рустами Эмомалӣ арзёбӣ мешавад, ки ҳафтае қабл бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси Хадамоти гумрук барканор ва раиси Оҷонсии зидди фасод таъин гардид.

Ин таъинот дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори Оҷонсии зидди фасод дар ҷаласаи Шӯрои амният сурат гирифт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасодро, ки 8 сол пеш худаш таъсис дод, боз барҳам медиҳад. Ӯ аз коргарони ин ниҳод дар ҷаласаи Шӯрои амният шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванду санҷишҳоро тариқи “заказ” мегузаронанд.
Мӯҳр
мухочир
ба рустам як рох аст факат мухочиринро ба кор гир корат омадмекунад

Доно
Атестатсия хам "заказной" мешад fellow

Парвандахои чиноятии мохи март

Рачабали
Аз генерал Р Эмомали хохиш мекардем,ки шахсан худаш дар ин отестатсия иштирок мекард то,ки баъзан кормандони тасодуфию бесаводро тоза мекардан аз макомот!

Илтимос рафик генерал як бесаводоя тоза кунен!

Маслихатчи
Хуб мешавад, ки мухтарам Рустами Эмомали кормандонашро ки зимни тафтиш аз идорахои давлати хусуси е харкучое ки бошанд хак мегиранд. Хатто ин хакхо ставка е нархи муайян доранд. Бечора рохбарон ба дод омаданд. Агар хак нагиранд онхоро ба бало гифритор мекунанд.

агар Рустам дар хакикат аз худихо тоза карданро огоз бикунад, мо хурсанд.

Софдил
Чои холи шуд дар озмун иштирок мекунем. Факат вакти озмун эълон карда шавад.

аптека
Ба мухтарам Рустами Эмомали барори кор мукобили ришвагирхо таманно дорем ва мехохем як ришвагирхои Хадамоти фармасевтиро хам пеши рохашонро гиранд. кормандони ин идора умуман гузаронидаанд, хар руз аз мо сохибкорон дорухонахо ришва меситонанд . Хохиш мекардем,ки хамаи кормандони ин идора пурра иваз карда шаванд бо рохбари корхона.

Фозил
Илтимо Р Эмомли хохиш мекрдем,ки нисбати он миёнаровову калобонеки дар назди идорахои давлати истода аз мардум пул меситонан пеши рохашонро гирад! аз дасти ин ин калобо мардум ба дод омадаст!!!

Ман ба адолатпарастии додарам Рустам боварии калон дорам ва умедворам, ки ба боварии мардум ноил гардида системаи фасодиро решакан менамояд.

Ин хело икдоми хуб ва бо маврид аст.Ман низ аз раиси Чумхур эхтиромона хохиш менамоям,ки шахсан худ штокат варзанд.

Рост мегуй Рустабой дар чои 10 000 бегона 3 одами худиро махбас кунед фасод решакан мешавад баъд раисони нохияро бо таври отестатсия кабул кунед барои он ки хамашон бо рохи пора вориди вазифа шуда хуни мардумро менушанд барои суми пораи додагишона баровардан хмаи дуздонро дар гирдшон чам карда вазифахои давлатиро мефурушанд.Хохиш мандем хамин коро кунед агар дар давоми 3 сол хама тенч мешавад ГАРАНТИЯ КАТИ 100%.

Рустами Эмомали танхо дар холатхои зерин обру мегирад: 1. "наханг"-хо (вазирон, муовинони вазирон, раисони кумитахо, раёсатхо, бонкирхо ва г.)-ро дастгир ва аз вазифа барканор мекунад; 2. Аз дастгиркунии духтуру муаллими почаканда бо 5 суму -50 сум даст мекашад; 3.Кормандони макомотхои хифзи хукуке, ки мисли "шох" зиндаги мекунанд, мавриди тафтиш карор медихад; 4.Корхонахое, ки хуни халкро мемаканд (фуруши барк, ГАИ, андоз, кумитаи замин ва г.) рейдхои ногахони ташкил мекунад... Боки ба Рустам барори Рустамона орзу дорем.

Ба шумо иродаи сахти ватан дусти орзумадам ,аз шумо хохиш мадам ки рохи ин ришва хурони харом,ки номус надоран гиред.

Мардум танхо барои он аз таъиноти Рустами Эмомали хурсанд шуданд, ки хама ба як боваранд: Рустам серу пур аст ва мухточи ягон пора нест!! Барои хамин дигар вазифафуруши нахохад шуд. Зеро барои Рустами чавон танхо шарафу обру дар назди миллат ва бадхохони система аз хама чиз заруртар ва мухимтар аст!!!

Раис!! Кормандони коррупсия дар навохии кишвар (Вахдат, Рудаки, Душанбе, Ёвон, Регар ва дигар чойхо..) ба шантаж машгуланд. Бо 10-15 сум мекапанду, бо гирифтани 1000 ва 5000 доллар чавоб медиханд. Ин зарба ба обруи шумо аст мухтарам Рустами Эмомали!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)