Бахшҳо

Боздошти ду масъули воломақоми Агентии зидди нашъа бо $83 000 пора

Маъмурини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду мансабдори воломақоми Оҷонсии назорати маводи нашъаоварро бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт кардаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 19-уми март зимни як амалиёт полковник Беков Саймухтор Абдуллоевич, сардори шуъбаи тафтишотии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ва Маликов Эргаш, сардори шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон барои аз қисми 3-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир) бо қисми 1-и ҳамин модда бандубаст кардани кирдори шаҳрванд “Б” аз бародараш-“И” 42 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, баъдан боз 80 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардаанд: “Онҳо дастур додаанд, ки аз 80 ҳазор доллар 50 ҳазор доллараш рӯзи 19-уми октябр супорида шавад. Дар натиҷаи 19-уми март дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед 88” Маликов Эргаш баъди гирифтани 41 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт гардид”.

Манбаъ мегӯяд, зимни аз назаргузаронии утоқи кории Беков Саймухтор Абдуллоевич, аз дохили сейфаш зиёда аз 23 ҳазор доллари амрикои он пайдо ва мусодира гардид, ки қисме аз 42 ҳазор доллар пораи қаблан гирифтааш мебошад: “Дар маҷмуъ боздоштшудагон аз шаҳрванд “И” 83 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтаанд”.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан Беков ва Маликов дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо аз рӯи моддаи 319, яъне талаби пора идома дорад.
Мӯҳр
холи Рустам бисер ихелин одамоя ба оби тоза мебурорад

пул
Охираш мо нафамидем чан долар талаб кад ва чандто гирифт. Бо чанташ монд бад чаъмаш чанд шид?
касе фамид бга морам бфахмем.
мегум ира мекушта бошан ё лахзахои гуворо идомадорад.....
1. Мекушан. ?
2. Ай у 160$мегира озодш мекунанд?
3. Хеч кадом...лахзахо... дорад.
чавоби дурустро дохили ин нависен.

fd
Ин якумбор нест,ки аз тарафи кормандони Агентии маводи нащъаовар пора мегиранд. Дар ин чо ба хулоса мебарояд, ки Рохбари Агенти кормандонашро назорат намекунад

Аз кисми 3 ба кисми 1…гузаронидани моддаи 200 ин танхо ба тарики экспертиза гузаронида мешавад. Агентии мубориза бо фасод камтар саросема шуданд экспертхоро хам бояд ба оби тоза мебароварданд.

Бисёр хурсанди накунед.Холи инчо хато шудаги Якто дигараша капида буданд бо3800$ чанд раз баъд гуфтанд .ки 50$ гирфтай чавобаш додан ба фикрам вазифаи баландаш додан Имруз конун бароварданд.ки то карори суд набарояд расонаи нашавад

Оптимист
fd,
Мисли афғондухтар Фархунда мекушанд, месузонанд ва ба дарё мепартоянд.ХаХа... Ҳеҷ чиз намешавад! Ғам нахуред. Наҳангро бо шаст дошта мешавад?
Dilshod,

Хайрон
Дар панчакент раиси заминфурушеро боздошт карданду зимни тафтиши хонааш хуччатхои зийоди калбакиро ошкор карданд пракрори шахр дар тв симо баромад карда аз ин хабар дод. Аммо мучрим баъди чанд рузи боздошташ аз хучанд омада кайф карда гаштааст. Ман хайрони прокурору карупсияву конун шумо чи!

умия
Сано бар Рустам, ки Достони калламушонро ошкор менамояд. На устоду духтуреро бо 40 сомони, ки 100 маротиба камтар. Зинда боши Рустам.

човид
Ташакур Рустамчон

мухлиси Озодагон
Мухтарам кормандони Озодагон, то шамол набошад шохи дарахт намечунбад мегуянд, ки хак асту рост. Овозаи ин хабар пеш пахн шуда буд, шумо аввалин шуда тадкик кардаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)